Бо мақсади таъмини тарбияи ҷисмонӣ ва тарбияи варзишгарони болаёқат дар донишгоҳ солҳои 1993-1994 бо роҳбарии ассистент Хоҷаев Қ.Қ., ва омӯзгор Бозорова Т.Н., баъдан Абрамов И.А., машғулиятҳо аз фанни тарбияи ҷисмонӣ гузаронида мешуд.
Моҳи декабри соли 1998 Диловаршоев Султоншо Диловаршоевич устоди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид ва дар ҳамроҳии омўзгори калон Қиёмиддин Насриддинов кафедраи тарбияи љисмонї ва варзиши Донишгоњи технологии Тољикистонро ташкил намуд. Насриддинова М.Р. дар машғулиятхои тарбияи ҷисмониро боз ҳам такмил дода, ба натиҷаҳои баланди хониш ноил гардиданд.
Кори хуби ин ду муаллим дар он буд, ки дар донишгоҳ кафедраи тарбияи ҷисмонй тадриҷан инкишоф ёфт. Ба ғайр аз дарсҳо дар сатҳи баланд гузаштан дар ин солҳо командаҳои донишкадаҳои олй оид ба футбол, волейбол, баскетбол, тенниси руи миз ва варзиши сабук ташкил карда шуданд, ки дар як муддати кутоҳ мавҷудияти худро исбот карданд. Ин дастаҳо тавонистанд дар як муддати кутоҳ дар ҳама чорабиниҳое, ки дар шаҳри Душанбе баргузор мегардид, фаъолона ширкат варзанд. Моҳи сентябри соли 2002 боз як омӯзгори ботаҷрибаи кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш Виктор Абрамович Грошевич 27-сола, собиқаи кори омӯзгори тарбияи ҷисмонӣ дошта, фаъолияти меҳнатии худро ҳамчун мураббии варзиши сабук оғоз кард. Соли 2003 Хушвактова А.С. мудири кабинет ва муаллими тарбияи чисмонй ва спорт ба кор шуруъ намуд.
Моҳи декабри соли 2006 омӯзгор ва мураббии волейбол Рене Валентина Борисовна фаъолияти омӯзгории худро дар кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш оғоз намуд.
Диловаршоев Султоншо Диловаршоевич аз соли 1997 то соли 2012 дар вазифаи мудири кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Донишгоҳи технологии Тоҷикистон кор кардааст. Дар корҳои чамъиятии донишгоҳ фаъолона иштирок мекард. Аз соли 2013 то соли 2021 мудири кафедраи тарбияи ҷисмонӣ Диловаршоев Рамшед Султоншоевич кор кардааст. Аз соли 2021 то соли 2023 мудири кафедраи тарбияи ҷисмонӣ Шарипов Ҷамшед Ҳабибович кор кардааст. Аз сентябри соли 2023 то инҷониб вазифаи мудири кафедраи тарбияи ҷисмониро Нуралиев Зокирҷон Шомуродович ба зима дорад.
Кафедраи тарбияи ҷисмонӣ мувофиқи “Низомнома” амал менамояд, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Низомномаи намунавии кафедраи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон », ки бо қарори ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 августи соли 2022 №12/4 тасдиқ гардидааст амал менамояд.
Дар кафедра айни ҳол 4 омӯзгор, муаллими калон Нуралиев Зокирчон Шомуродович, муаллими калон Орифов Бахтиёр Муҳаммадиевич, муаллими калон Диловаршоев Рамшед Султоншоевич, ассистент Шарипов Фируз Файзалиевич ва мудири кабинет Ибодуллоева Нодира Бахтиёровна кор ва фаъолият менамоянд. Дар кафедра барои тайёр ва сафарбар намудани варзишгарон ба мусобиқаҳои шаҳрӣ, чумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, сексияҳои варзишӣ фаъолият менамоянд, ки мавқеи кафедраро мустаҳкам намуда обрую нуфузи донишгоҳро баланд мебардорад.