Кафедраи забони тоҷикӣ

Кафедраи забони тоҷикӣ  аз моҳи сентябри соли 1990 дар сохтори  Донишгоҳи технологии Тоҷикистон таъсис ёфтааст, ки сарварии онро номзади илмҳои филологӣ, дотсент  Қосимов Олимҷон Ҳабибович ба уҳда дошт.  Солҳои 1997-2001 мудири кафедраи мазкурро  доктори илмҳои филологӣ, профессор Восиев Қурбон Восиевич ба зимма дошта,   сентябри соли 2001 мавсуф ба вазифаи Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.   Соли 2001 дар заминаи  мазкур  кафедраи забони тоҷикӣ  ва фанҳои гуманитариро таъсис дода шуд, ки сарварии онро то соли 2008 номзади илмҳои филологӣ, дотсент Одинаев Нурмуҳаммад Сафарович  иҷро намуд. Аз соли 2008 то соли 2014 фанни забони тоҷикӣ  дар сохтори кафедраи   “Фалсафа ва таълимти касбӣ”  шомил буда,  сарвари он  номзади илми фалсафа, дотсент  Ниёзӣ Ёрмуҳаммади  Бобо  ба зимма дошт. Соли 2014 ба кафедра фанни забоншиносии иттилоотӣ ворид шуда, кафедра унвонии забони тоҷикӣ ва забоншиносии иттилоотӣ соҳиб шуда, сарварии онро ба дотсент Одинаев Нурмуҳаммад Сафарович вогузор шуд.  Аз соли 2017 ито имрӯз  дар кафедра танҳо фанни забони тоҷикӣ таълим дода мешавад.