Кафедраи забонҳои хориҷӣ

Кафедраи забонҳои хориҷӣ яке аз воҳидҳои сохтории Донишгоҳи технологии Тоҷикистон буда, дар он асосан омӯзгороне фаъолият менамоянд, ки дар соҳаи забонҳои хориҷӣ ва методикаи таълим дорои тахассуси баланд мебошанд. Омӯзгорони кафедра ба муҳассилини ҳамаи ихтисосу тахассусҳои зинаҳои бакалавриат, магистратура ва докторантураи Ph.D аз фанни забони хориҷӣ (англисӣ ва олмонӣ) дарс мегӯянд.

Ҳоло дар кафедра 1 и.в. дотсент (номзади илмҳои филология) ва 6 муаллими калон фаъолият менамоянд. Омӯзгорони кафедра мунтазам аз курсҳои такмили ихтисос ва давраҳои бозомӯзии касбии байналмилалӣ мегузаранд, дар семинарҳои методиву мизҳои мудаввар ва конференсияҳои илмӣ-амалӣ иштирок менамоянд.

Сатҳи баланди таълими забонҳои хориҷӣ ба донишҷӯёни донишгоҳ имкон медиҳад, ки дар конференсияҳои илмӣ-амалии байналмилалӣ ва олимпиадаҳои сатҳи шаҳриву ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, мунтазам соҳиби ҷоизаҳо гарданд, дар озмунҳо баҳри дарёфти грант барои гузаштани  давраи таҷрибаомӯзӣ дар хориҷи кишвар ғолибият ба даст оваранд ва дар супурдани имтиҳоноти байналмилалӣ муваффақ гарданд.

Фанҳои таълимии кафедра:

забони хориҷӣ (англисӣ, олмонӣ) (барои донишҷӯёни зинаи бакалавриат);

забони англисии тахассусӣ (барои магистрантҳо);

забони англисии тахассусӣ (барои докторантони PhD).