Факултети технология ва дизайн

Ҷалилов Фирӯз Раҷабалиевич

Декани факултет
firuzjalilov@tut.tj
+992 93 169 1234
More Detail

Факултети “Технология ва дизайн” собиқ факултети “Саноати сабук”, соли 1990 дар як вақт бо таъсис ёфтани донишгоҳ (он вақт Коллеҷи олии технологии Тоҷикистон) ташкил шудааст. Баъдан он дар ҳайати факултети “Муҳандисӣ-технологӣ” фаъолият мебурд. Бо фармони ректор №69 аз 5.09.2003 с. аз нав ба сохтори мустақили донишгоҳ табдил дода шуд. Аз 28 августи соли 2024 сарварии факултетро номзади илмҳои техникӣ, дотсент Ҷалилов Фирӯз РаҷабалиевичРР, аз 01. 09.2024 муовини декан оид ба таълим, ассистент Каримов Облоқул Сафармуродович, аз 01. 12.2021. муовини декан оид ба тарбия Абдуллоев Субҳон, аз 01. 10.2024 танзимгари факултет Муродзода Навбаҳор Умедҷон фаъолият менамоянд. Шумораи донишҷӯёни факултет имрӯз 344 нафарро ташкил медиҳад. Тибқи супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бо мутахассисони варзидаи соҳаи саноати сабук таъмин намудани корхонаҳои соҳавии мамлакат, садорати факултети “Технология ва дизайн” дар асоси иҷозатномаи нави Донишгоҳи технологии Тоҷикистон таҳти T-ИФ № 0005159 аз 30.04.2024 мутахассисонро аз руи ихтисосҳои зерин тайёр менамояд:

1-19 01 01 05 – «Дизайни костюм ва газвор»;

1-19 01 01 05 01– «Дизайни маҳсулоти дӯзандагӣ»;

1-19 01 01 02 02 – “Дизайни интерер”

1-48 01 02 09  – “Технологияи ороиш ва рангубори масолеҳи нассоҷӣ”

1-50 01 01 01 – «Ресидани нахҳои табиӣ»;

1-50 01 01 05 – “Технологияи трикотаж”

1-50 01 01 07 – «Лоиҳакашии ороиши матоъҳои нассоҷӣ»;

1-50010108 – «Технология ва таҷҳизоти истеҳсолоти нахҳои табиӣ”;

1-50010302 – “Технологияи маводи нассоҷӣ”

1-50 01 02 – «Тарҳрезӣ ва технологияи маснуоти дӯзандагӣ»;

1-54 01 0104 – «Метрология, стандартизатсия ва сертификатсия (саноати сабук)».
Сохтори факултет аз се кафедра иборат аст:
– Технологияи маснуоти нассоҷӣ – мудири кафедра н.и.таър., и.в., дот. Ҳакимова Замира Ғайратовна.
Кафедраи технологияи маснуоти нассоҷӣ барои гузаронидани машғулиятҳои фанҳои тахассусӣ, таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ ва роҳбарии корҳои курсию лоиҳаҳои дипломӣ барои ихтисосҳои 1-48 01 02 09  – “Технологияи ороиш ва рангубори масолеҳи нассоҷӣ”,  1-50 01 01 01 – «Ресидани нахҳои табиӣ», 1-50010108 –“Технологияи коркарди нахҳои нассоҷӣ”, 1-50010302 – “Технологияи маводи нассоҷӣ”, 1-50 01 01 05 – “Технологияи трикотаж” ва 1-54010104 – метрология, стандартизатсия ва сертификатсия (саноати сабук) масъул аст. Мудири кафедра номзади имҳои таърих, хатмкардаи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Ҳакимова З.Ғ. мебошад. Дар кафедраи мазкур доктори илмҳои техникӣ профессор Ишматов Аскаралӣ Бозорович, доктори илмҳои техникӣ профессор Иброгимов Холназар Исломович, доктори илмҳои техникӣ, и.в. профессор Яминзода Заррина Акрам ва омӯзгорони собиқадор ва мутахассисони ҷавон дарс меомӯзанд. Саноати нассоҷии ватанӣ, ки қаблан соҳаи пешбари хоҷагии халқи мамлакат буду имрӯз дар рушд аст, ба миқдори зиёди муҳандисон-технологҳои дараҷаи касбиашон баланд ниёз дорад. ФТваД, ки бо тайёр намудани бакалаврҳо (кадрҳои муҳандисӣ) барои соҳа машғул аст, дар ҳалли ин масъалаи таъхирнопазир саҳм мегузорад.
Бакалаврҳои (муҳандисони) саноати нассоҷӣ бояд дар самтҳои тарҳрезии ресмонҳо ва матоъҳои таъиноташон гуногун, истеҳсоли онҳо дар шароити саноати муосир, тарҳрезӣ намудани фабрикаҳои нассоҷии бунёдшаванда, такмил додани истеҳсолоти мавҷуда ва ташкили истеҳсолоту меҳнат соҳибмалака бошанд. Машғулиятҳо дар озмоишгоҳи технология ва масолеҳшиносии нассоҷӣ, ки бо асбобҳои санҷишию дастгоҳҳои истеҳсолӣ таҷҳизонида шудаанд, мегузаранд. Таҷрибаомӯзии истеҳсолии донишҷӯён ва қисман машғулиятҳои амалию озмоишӣ аз фанҳои тахассусӣ дар ҶММИИ «Нассоҷи тоҷик», ки дар пойтахт калонтарин корхонаи нассоҷӣ ба ҳисоб меравад ва корхонаи Ваҳдат- текстайл гузаронида мешаванд.
Кафедраҳои факултет дар самти таҷрибаомӯзии донишҷӯён бо корхонаҳои саноатии ҶТ, аз ҷумла бо ҶММ “Истиқлол” ш. Ҳисор, ҶММ “Хима-Текстил”, ҶММ “Рамзи Аминҷон”, ҶММ ИТС НФР “Катон”-и н. Ёвон, ҶММ “Ҳосилот” н. Рӯдакӣ, ҶММ “Дунёи Нав” коргоҳи истеҳсолӣ-и ш. Душанбе корхонаҳои дӯзандагии “Гулистон”, Ёқут, Суман, шартномаҳои тарафайнро ба имзо расонидааст.
– Кафедраи “Дизайни либос ва санъати мӯд” – мудири кафедра н.и.таъ., и.в.,дотс. Соҳибназарзода М.Д. Солҳои зиёде роҳбарии кафедраро рассоми халқии Тоҷикистон, профессор Зуҳур Нурҷонов ба ӯҳда дошт.
Дизайни либос ва санъати мӯд аз соли 1991 фаъолият дошта, масъули ташкили раванди таълим барои ихтисосҳои 1-50 01 02 – «Тарҳрезӣ ва технологияи маснуоти дӯзандагӣ»,      1-50 01 01 07 – «Лоиҳакашии ороиши матоъҳои нассоҷӣ», 1-19 01 01 05 – «Дизайни костюм ва газвор», 1-19 01 01 02 02 – “Дизайни интерер”, 1-19 01 01 05 01– «Дизайни маҳсулоти дӯзандагӣ»  ва 1-19 01 01 05 мебошад. Дар ҳайати кафедра номзади илми санъатшиносӣ, профессор, Ходими шоистаи санъати Тоҷикистон марҳум Муродов Рауф Муродович, солҳои зиёд фаъолият намуданд, номзади илми меъморӣ, дотсент Ғанизода Ҷамшеди Сиҷоат ва н. илмҳои санъатшиносӣ Умарова Г.А., дар якҷоягӣ бо дигар омӯзгорони собиқадор ва мутахассисони ҷавон дар тайёр кардани дизайнерон ва тарроҳон барои хоҷагии халқи мамлакат саҳми арзанда гузоштаанд. Айни ҳол бошад дар кафедраи “Дизайни либос ва санъати мӯд” номзади илмҳои таърих, и.в. дотсент – Содиқова С.А., номзади илмҳои таърих, и.в. дотсент – Сафарова З.Н, номзади илмҳои техникӣ, и.в. дотсент – Олимбойзода П.А. ва ғ. кору фаъолият менамоянд.
Хатмкардагони ихтисоси 1-50 01 02 – Тарҳрезӣ ва технологияи маснуоти дӯзандагӣ соҳиби дараҷаи касбии бакалаври истеҳсолоти дӯзандагӣ мегарданд ва хатмкунандагони ихтисоси 1-19 01 01 05 – Дизайни сару либос ва газвор ба дараҷаи касбии бакалаври соҳаи дизайн соҳиб мегарданд. Тадриси фанҳои тахассусӣ барои донишҷӯёни ихтисосҳои номбурда дар синфхонаҳои махсусгардонидашуда – студияҳои таърихи санъат, қаламқашӣ, рангкашӣ, дизайн, инчунин озмоишгоҳҳои муосири таълимӣ-истеҳсолии дӯзандагӣ сурат мегирад. Дар давоми таҳсил онҳо қоидаю усулҳои таҳияи тамсилаҳои (моделҳои) нави асосашон таърихӣ, анъанавӣ ва муосир, шаклбурӣ (пора) намудани масолеҳ барои либоси шакл ва андозааш гуногун, дар шароитҳои хонаю ателйе (ба таври супоришӣ) ва саноатӣ (бисёрададӣ) дӯхтани онҳоро меомӯзанд.
Дастовардҳои факултет
Факултети мазкур тули чанд солаи фаъолияташ ба дастовардҳои намоёне сазовор шудааст, аз чумла дар ҷодаи таълим, тарбия, илм ва инноватсия. Пас аз ҳар як нимсолаи таҳсил дар сатҳи факултет намоиши корҳои семестрӣ баргузор карда шуда, аз рӯи натиҷаи он ба малакаи касбии донишҷӯён баҳои воқеӣ гузошта мешавад. Ҳар ду-се моҳ дар толори асосии донишгоҳ намоиши сару либос аз ҷониби донишҷӯёни ихтисосҳои марбут ба кафедраи “Дизайни либос ва санъати мӯд” баргузор мегардад. Бахусус ҷараёни ҳимояи лоиҳаҳои дипломӣ ва корҳои ниҳоии хатмкунандагон басо дилангез сурат мегирад. Донишҷӯёни алоҳида бо сарварии ҳайати омӯзгорони факултет ҳанӯз дар рафти таҳсил ба таври фардӣ берун аз донишгоҳ намоишҳои эҷодӣ доир менамоянд ва ба ин васила донишҷӯ малакаи соҳибгаштаи худро тарғиб мекунанд. Теъдоди зиёди хатмкардагони факултети мазкур имрӯзҳо ба ҳайси дизайнер ва моделер, муҳандис-технолог, метролог дар сатҳи ҷумҳурӣ ва берун аз он шӯҳрат пайдо кардаанд. Фаъолияти инноватсионии омӯзгорони факултет нисбати таҳияи муаррифномаҳо аз фанҳои таълимӣ, татбиқ ва истифодабарии технологияҳои иттилоотӣ ва инноватсионӣ дар ҷараёни таълим, аниматсияи ҷараёни технологии таҷҳизотҳои коркарди маҳсулот шакли электронии курси лексияҳои фанҳо, силлабус аз ҳар як фанни таълимӣ, слайдҳо барои мавзӯъҳои лексионӣ, дастуру супоришҳои таҳияшуда барои иҷрои корҳои мустақилонаи семестрӣ мавҷуд аст ва ғайр аз он тамоми маводҳои мавҷуда дар компютери факултет ҷамъоварӣ карда шуда, барои дастраси донишҷӯён гардонидан монеае эҷод намекунад.
Барои гузаронидани машғулиятҳои лексионӣ синфхонаҳои махсусгардонидашуда бо тахтаи интерактивӣ, проектор, ТВ ва DVD таъминанд. Барои гузаронидани машғулиятҳои амалӣ бошад, садорати факултет дар якҷоягӣ бо райёсати донишгоҳ дар истеҳсолотҳои ватанию-хориҷие, ки дар кишвари маҳбубумамон фаъолият доранд, шартномаи тарафайн баста донишҷӯён дар як маврид таҳти роҳбарии омӯзгорони мутасаддишуда машғулиятҳоро мегузаронанд. Ҳамчунин барои баргузор намудани машғулиятҳои фанҳои «Қаламкашӣ» ва «Рангакашӣ» аудиторияҳои алоҳидаи 3/201 ва 3/204 махсус гардонидашуда шудаанд.