Факултети муҳандисӣ-технологӣ

Сентябри соли 1990 дар сохтори Коллеҷи олии технологии Тоҷикистон (ҳозира Донишгоҳи технологии Тоҷикистон) кафедраи Кимиё таъсис ёфт, ки он барои тайёр намудани мутахассисони соҳаи саноати хўрокворӣ равона карда шуда буд. Вазифаи мудири кафедра ба дӯши н.и.т дотсент Муродова Ф.А вогузошта шуд. Соли 1991 бо мақсади ташкил додани кафедраи тахассуси тағйироти сохторӣ гузаронида шуд, ки дар он кафедраи Кимиё ба ду кафедра: «Кимиё» н.и.к., дотсент Муродова Ф.А. ва «Технологияи саноати хўрокворӣ» мудири кафедра н.и.б., дотсент Бобоҷонова Х.И. тақсим карда шуд.
Бо қарори Шўрои олимони Донишгоҳи технологии Тоҷикистон аз 05.12. 1996с. ва фармони ректор таҳти № 250/ОХ аз 25.12.1996с. – Департаменти илм ва технологияи маводи хўрока(сардори Департамент н.и.б., дотсент Бобоҷонова Х.И. таъин шуд) таъсис ёфт, ки ба он кафедраҳои навтаъсиси «Кимиё ва биокимиё» (мудири кафедра н.и.б., дотсент Бобоҷонова Х.И. таъин шуд) ва «Технологияи саноати хурокворӣ» (мудири кафедра н.и.к., дотсент Юсупов Ш.Т. таъин шуд) шомил гаштанд.

Бо мақсади мутобиқ гардонидани ҷузъу сохтори донишгоҳ ба талаботи бозори меҳнат факултети муҳандисӣ-технологӣ бо қарори Шурои олимони Донишгоҳи технологии Тоҷикистон аз 05. 09. 2003с. таъсис ёфт ва декани факултет, дотсент Ҳакимов Ғ.Қ. таъин шуд. Худи ҳамун сол дар сохтори факултет кафедраи МДИХ ташкил карда шуд, ки и.в. мудири кафедра худи Ҳакимов Ғ. Қ. таъин шуд. Аз 2004 то 2006 мудири кафедраро н.и.к., дотсент Юсупов Ш.Т. ба ӯҳда дошт. Номзади илмҳои техникӣ, и.в. дотсент Қурбонов Ф.Б. аз ноябри соли 2009 ҳамчун иҷрокунандаи вазифаи декан ва аз 01.01.2010 декани факултет таъин гардид. Аз соли 2019 роҳбарии факултетро н.и.т., дотсент Ҳакимов Ғ.Қ., то санаи 01.09.2024 ба уҳда дошт. Аз 01.01.2024 н.и.т., дотсент Мирзозода Г.Х. бо фармоши ректори Донишгоҳ тайин карда шуд. 

Маврид ба зикр аст, ки ФМТ сиёсати бисёрҷамъбаи рушдиасос ва шафофро оид ба ташакул ва дастгири донишҷӯёни лаёқатманду ихтироъкору навовар дар чаҳорчӯбаи қонуни ҶТ “Оид ба дарёфт ва дастгирии истеъдотҳо” “Барномаи рушди иноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи 2011-2020”, самтҳои стратегии рушди кишвар ба монанди: таъмини бехатарии хӯрокворӣ ва саноатикунонии кишвар, 20-солаи омӯзиши рушди фанҳои техникӣ, инчунин дар доираи самтҳои афзалиятноки илм, техника ва технология амалӣ мекунаду карда истодааст.
Зикр ба маврид аст, ки дар ФМТ қисмати зиёди ҳайати омӯзгоронро дорои дараҷа ва унвони илмидошта ташкил медиҳанд, алалхусус, масъалаи таъмини кафедра бо омўзгорони ҷавони болаёқат дар мадди аввал аст. Амалишавии принсипҳои ба донишҷӯ нигаронидашуда ба вазифаҳою фаъолияти омӯзгорон тағйирот ворид кард. Дар чунин шароит омӯзгорони факултет ҳамчун педагог-роҳбар, мушовир ва тарҷумони матнҳои таълимӣ фаъолияти хешро пеш бурда метавонанд.

Дар ФМТ самтгарии омӯзгорон ба вазифаҳои стратегии самаранок-усулҳои муосири таълим: ташкилӣ-фаъолияти муштараки донишҷӯён ва омӯзгорон; комуникативию ҳавасмандкунӣ- фарогирии шаклҳои гуногуни таълимӣ; ислоҳию эҳсосотӣ-тадқиқи шартҳои ҳамкорӣ ва шарикӣ; назорату баҳодиҳӣ – ташкили назорати мутақобила, худидоракунӣ ва худбаҳодиҳӣ равона карда шудаанд.
Садорати ФМТ дар самти фаъолияти илмию тадқиқотӣ тавассути ҳифз ва афзун кардани дастовардҳои илмӣ, омода кардани мутахассисони дараҷаи олӣ тавассути аспирантураю докторантура аз рӯи ихтисосҳо (PhD) ва тадбиқи дастовардҳои зеҳнии олимони факултет дар раванди таълим ва истеҳсолот сурат мегирад.
Масъалаи меҳвариро дар ин самт ҷалби донишҷӯёни аълохон ва болаёқати майли ихтирокорию навоваридошта ташкил медиҳад, ки онҳо таввасути семинару маҳфилҳои илмӣ ва муаррифӣ дар озмунҳою олимпиадаҳои фаннии донишгоҳиву ҷумҳуриявӣ амалӣ карда мешавад. Зикр кардан ба маврид аст, ки дар “Озмуни ихтирокорони ҷавони ДТТ”, ки ҳамасола дар донишгоҳ ду маротиба гузаронида мешавад, донишҷӯёну омӯзгорони ҷавони факултет иштирок карда, сазовори ҷойҳои 1,2,3 ва фахрӣ мешаванд.

Инчунин, натиҷаи КИТ ҳайати омӯзгорон ва донишҷӯён дар семинару конференсияҳои илмию амалии донишгоҳиву ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ мавриди барасӣ қарор мегиранд. Бо мақсади муарифии КИТ омӯзгорон, натиҷаи КИТ дар маҷаллаҳои байналмилалии иқтибосии дорои “импакт – фактор” ( Скопус, Шпрингер, Томсон ва ғ.) нашр карда мешаванд.
Нишондодҳои фаъолияти ихтирокориву омӯзгорону донишҷӯёни хурсандибахш арзёбӣ мешаванд. Тайи фаъолияти иллмию тадқиқотӣ ва ихтирокории хеш ҳайати омӯзгорон тавонистанд ба якчанд мувафақиятҳои назарас ноил гарданд. Ба монанди сазовори ҷоизаи давлатӣ дар соҳаи илмию техника ба номи А.Сино шудани д.и.т., проф. Азизов Б.С, сазовори медали тиллоӣ Ташкилоти умумиҷаҳонии ихтирокорон соли 2007, дониста шудани н.и.т, дотсент Хушматов А.Т ва ҷоизаи АИ ҶТ дар соҳаи илму техника ба номи С. Умаров (соли 2011); Соҳиби медали ихтирокории Тоҷикистон шудани омӯзгорон н.и.т, дотсент Ҳакимов Ғ.Қ., н.и.к проф. Икромӣ М.Б., н.и.и. Ҳабибов А.

Хурсандибахш аст, ки омӯзгорон, олимони ҷавони факултет дар ҷодаи КИТ ба дастовардҳои назарас ноил шуда, сазовори ҷоизаи давлатӣ байни олимони ҷавони ҷумҳурӣ дар соҳаи техника ва технология ба номи И. Сомонӣ дониста шудаанд: Шарифова М.Б. н.и.к., дотсент мудири кафедраи кимиё, Раҳимова Ф – н.и.б., директори институти ғизоии назди ВСТН ҶТ, Мирзозода Г.Х – н.и.т., мудири кафедраи мошин ва дастгоҳои истеҳсоли маводи хӯрока.
Инчунин, олимони ҷавони ФМТ Ниятбекзода Ф.Л. н.и.и Ҳабибов А.Ҳ., н.и.т Мирзозода Г.Х., н.и.т Назаров Ш.А., саромӯзгорон н.и.к., Тураева Г.Х., сазовори “Ифтихорнома”-и ММПИ ВРИС ҶТ дониста шудаанд.

Садорати ФМТ тамоми шароити созгоро ба омӯзгорону донишҷӯён муҳаё сохтааст, ки онҳо баҳри тадбиқи дастовардҳои зеҳнии хеш пайваста фаъолияти самаранок мебаранд. Механизми ҳавасмангардонӣ ҳамеша мавриди истифода қарор дорад.

Зикр кардан ба маврид аст, ки ҳайати омӯзгорони факултет пайваства масъалаи такмили ихтисос ва сайқали маҳорати касбӣ диқати ҷиддӣ медиҳанд. Тайи даҳсолаи охир онҳо таввасути барномаи GIZ “Ҳамкориҳои Тоҷикистон – Олмон” Лоиҳаи “Таълимоти касбӣ дар Осиёи Миёна” дар муассисаҳою таҳсилоти олӣ ва марказҳои илмии Олмон, Қазоқистон ва Қирғизистон аз курсҳои кӯтоҳмудати соҳавӣ гузашта сазовори “Сертификат”-ҳо дониста шудаанд.
Ҳамзамон, омӯзгорон н.и.т., дотсент Ҳакимов Ғ.Қ., Абдуллоева М.А. ва саромӯзгор Ниятбекзода ФЛ. дар силсилакурсҳои тренингӣ вобаста ба тадбиқи стандартҳои байналмилалии ISO 22000 “ХАССП”, ки намоянда мумайизи ширкати байналмилалии “Бритиш Эксперт” бо ҳамоҳангии Асотсиатсиаи корхонаҳои хурд ва миёнаи Тоҷикистон бархурдор намудаанд, ширкат карда соҳиби “Сертификат”-ҳо шуданд. н.и.т Абдуллоева М.А дар ш. Бишкеки Ҷ.Қирғизистон баъди имтиҳонсупорӣ дорои “Сертификати аудиторӣ” дар самти бехатарии хӯрокворӣ дониста шуд. Инчунин, сазовори сетификати “Clobal GAP”- дар соҳаи таъмини бехатарии озуқаворӣ гардидаанд. н.и.т., дотсент Ҳакимов Ғ.Қ. – дар силсила семинари аз ҷониби Муассисаи давлатии “Маркази милли акредетатсияи Тоҷикистон” бо иштироки мумайизон (экспертон)-и байналмилалӣ аз РТВ-и Олмон ташкил карда, иштирок карда сазовори “Сертификат”-и татбиқи силсила стандардҳои ISO 17025 ва ISO 15189” дониста шуд.  Мирзозода Г.Х.  дорои – як медали ихтироъкори байналмиллалӣ дар озмўни «Лепин»-и  ш.Парижи Љумњурии  Фаронса (2014) ва медали биринљӣ ба номи «Архимед» дар ш.Москав (2014), дипломи ҷойи III  дар даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Илм фуруғи маърифат» аз рӯи наминатсияи ихтироъкорӣ ва навоварӣ байни ходимони илм(2021) гаштааст.

Ҷонишини декан Мехринигори Б оид ба илм ва инноватсия дар Форуми Байналлмиллалии занҳои ихтироъкори ш. Сеули, Ҷумҳурии Корея сазовори ҷойи сеюм гардиданд.

Гузаштан аз силсила семинар – тренингҳои сатҳи ҷумҳурявию байналмилалӣ дар фаъолияти омӯзгорон ба диверсификатсияи раванди гузаронидани таълим ва татбиқи усулҳои муосири таълим водор сохт тамоми синфхонаю озмоишгоҳҳо бо воситаҳои техникию ҷиҳози замонавӣ таҷҳизонида, ки ба сатҳи сифати таълим саҳми муассир расонд.
Қобили қайд аст, ки омӯзгорони ФМТ дар барномаи байналмиллалии таълимии Итиҳоди Аврупо TAMPUC Еразиус ва Еразмус иштирок карда, карда муассисаҳои бонуфузи халқҳои Аврупо аз бозомӯзии касбӣ гузаштанд.
Бо мақсади ташкили оқилонаи раванди таълиму тарбия ва таъсисёбии ихтисосҳои нав, рушди мақсадноки пояи озмоишгоҳии факултет ба сохтори он кафедраҳои мазкур шомил шуданд:

  1. Кафедраи мошин ва дастгоҳҳои истеҳсоли хӯрока
    2. Кафедраи технологияи истеҳсоли маводи хӯрока
    3. Кафедраи Кимиё

Зикр ба маврид аст, ки тахассусҳои зерини ихтисосҳои факултет аз аккредитатсияи байналмиллалӣ комиссияи экспертии берунии Агентии мустақил оид ба аккредитатсия ва рейтинги HAAP/IAAR гузаштаанд:

1-49010202 “Технологияи шир ва маҳсулоти ширӣ”

1-49 01 01 02 – «Технологияи нонпазӣ, макарон, истеҳсоли қаннодӣ ва консентратҳои хӯрокворӣ»

1-49 01 01 03 – «Технологияи консерва»

Кафедра аз рӯи самтҳо ва ихтисосҳои зерин мутахассис тайёр мекунад:
1-360901- «Мошинҳо ва дастгоҳҳо барои истеҳсоли хӯрокворӣ»;
1-36 09 01 01 — «Тачхизоти корхонахои хурокворӣ»;
1-36 09 01 04 – «Таҷҳизоти корхонаҳои истеҳсоли нонпазӣ, макарон ва маҳсулоти консентратӣ»;
1-36 09 01 05 — «Тачхизот барои саноати вино»;
1-36 09 01 06 — «Тачхизот барои саноати гушту шир»;
1-54010105 – «Метрология, стандартизатсия ва сертификатсия».
Кафедра дорои 4 лаборатория барои дарсҳои назариявӣ, лабораторӣ ва амалӣ мебошад. Машгулиятхо ба забонхои точикӣ ва русӣ мегузаранд.
Донишҷӯёни кафедра имкон доранд, ки дар асоси шартномаҳои дуҷониба бо корхонаҳои саноати хӯроквории ҷумҳурӣ, ки бо техника ва технологияи муосир муҷаҳҳаз шудаанд, таҷрибаомӯзӣ гузаронанд.
Кори факултети муҳандисӣ-технологӣ аз он иборат аст, ки мутахассисони соҳаи бозори меҳнатро барои:
1-360901- «Мошинҳо ва дастгоҳҳо барои истеҳсоли хӯрокворӣ»;
1-36 09 01 01 — «Тачхизоти корхонахои хурокворӣ»;
1-36 09 01 04 – «Таҷҳизоти корхонаҳои истеҳсоли нонпазӣ, макарон ва маҳсулоти консентратӣ»;
1-36 09 01 05 — «Тачхизот барои саноати вино»;
1-36 09 01 06 — «Тачхизот барои саноати гушту шир»;
1-54010105 – «Метрология, стандартизатсия ва сертификатсия».
1-490101 – Технологияи нигоҳдорӣ ва коркарди маводи растанӣ;
1-49010102 – Технологияи истеҳсоли маҳсулоти нонпазӣ, макарон ва қаннодӣ ва маҳсулоти хӯроквории махсус хушк;
1-49010103- Технологияи консервбарорӣ;
1-49010104 – Технологияи истеҳсоли ферментатсия ва виносозӣ;
1-49010106 – Технологияи равғанҳои растанӣ;
1-49010108 – технологияи ғизои кӯдакон ва функсионалӣ;
1-490102 – Технологияи нигоҳдорӣ ва коркарди ашёи хоми ҳайвонот;
1-49010201 – Технологияи гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ;
1-49010202 – Технологияи шир ва маҳсулоти ширӣ
1-910101 – Истехсоли махсулот ва ташкили хуроки умумӣ.
1-54-01-01-05 – Метрология, стандартизатсия ва сертификатсия (саноати хӯрокворӣ);
M360901 – Мошинҳо ва дастгоҳҳо барои истеҳсоли хӯрокворӣ;
M49010202 – Технологияи шир ва маҳсулоти ширӣ;
M54010105 – Метрология, стандартизатсия ва сертификатсия (саноати хӯрокворӣ).