Факултети телекомуникатсия ва таълимоти касбӣ

Факултети телекоммуникатсия ва таълимоти касбӣ – яке аз факултетҳои тозатаъсиси Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар давоми мавҷудияти худ мутахассисони соҳаи телекоммуникатсия, менеҷменти энергетикӣ, таълимоти касбӣ ва кормандони техникии ширкатҳои мобилиро барои таъминоти эҳтиёҷоти кишварамон тайёр карда истодааст.
Факултети телекоммуникатсия ва таълимоти касбӣ тибқи қарори Шўрои олимони Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ( суратмаҷлиси №1 аз 13.09.2011) ҳамчун факултети муштараки тоҷикӣ–россиягӣ “Технологияҳои соҳавӣ ва идораи инноватсияҳо” таъсис дода шуда, аз 1-уми сентябри соли 2012 ба фаъолият шурўъ намуд, ки роҳбарии факултетро доктори илмҳои техникӣ, и.в. профессор Юсупов Шаъбонӣ Тағоевич ба уҳда дошт.
Аз санаи 01.11.2013 то моҳи январи соли 2014 вобаста ба тағйиротҳои кадрӣ дар сохтори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва ҷузъҳои таркибии он Директори филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Кўлоб доктори илмҳои техникӣ, профессор Иброгимов Холназар Исломович бо тариқи гузариш роҳбари нави факултет таъин гардид. Баъд аз ба вазифаи дигар гузаштани профессор Иброҳимов Х. И. аз моҳи январи соли 2014 вазифаи декании факултет ба зиммаи н.и.т., дотсент Самиев Қутбиддин Абдулҳаевич аз моҳи сентябри соли 2014 вазифаи декании факултет ба зиммаи номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Насриддинов Мирзомудин Шамсудинович вогузор гардид.
Мувофиқи қарори Шўрои олимони донишгоҳ (Суратҷаласаи №3 аз 24 октябри соли соли 2016) дар пояи факултети муштараки тоҷикӣ–россиягӣ «Технологияҳои телекоммуникатсионӣ, дизайни компютерӣ ва таълимоти касбӣ» факултети телекоммуникатсия ва таълимоти касбӣ таъсис дода шуда, ин қарор бо фармоиши ректори донишгоҳ №87/У аз 31 октябри соли 2016 тасдиқ карда шуд.
Аз 2 феврали соли 2019 ба вазифаи декани факултет номзади илмҳои физика-математика, дотсент Зарифбеков Мародбек Ширинбекович таъйин гардид.
Аз 2 феврали соли 2020 то инҷониб вазифаи декани факултетро номзади илмҳои физика-математика, дотсент Озодбекова Н.Б. ба уҳда дорад.