Факултети менеҷмент ва маркетинги байналмилалӣ 1 феврали соли 2019 бо фармоиши Ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон таҳти №5/ҲУ, дар заминаи ду факултети иқтисодӣ: факултети иқтисоди ҷаҳон ва маркетинг ва факултети менеҷменти байналмилалӣ ва инвеститсионӣ таъсис дода шудааст.
Таърихи факултет аз соли 1995 бо ташкили Коллеҷи байналхалқии амрикоӣ оғоз мегардад.
30 августи соли 2007 бо мақсади тайёр кардани мутахассисон аз рӯи ихтисосҳои 060600.01 «Иқтисодиёти ҷаҳон бо назардошти маркетинг ва менеҷменти байналмилалӣ» ва 060600.00 «Иқтисодиёти ҷаҳон», факултети байналхалқӣ таъсис ёфта буд, ки роҳбарии ин факултети навтаъсис ба зиммаи номзади илмҳои физикаю математика, дотсент Юсупов Мирзо Чулиевич вогузор гардид. Аз 21 январи соли 2009 тайёр кардани мутахассисон аз рӯи ихтисосҳои 060600.01 «Иқтисодиёти ҷаҳон бо назардошти маркетинг ва менеҷменти байналмилалӣ» ва 060600.00 «Иқтисодиёти ҷаҳон» аз 21 январи сол 2009 дар доираи факултети идоракунии маъмурӣ ва иқтисодиёти инноватсионӣ ба роҳ монда шуд, ки сарварии онро доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Усмонова Тӯҳфа Ҷумаевна ба зимма доштанд.
Факултети идоракунии маъмурӣ ва иқтисоди инноватсионӣ 1 сентябри соли 2011 ба факултети иқтисоди ҷаҳон ва маркетинг табдили ном карда, роҳбарии он аз 3 январи соли 2013 ба зиммаи номзади илмҳои физикаю математика, дотсент Негматова Гавҳар Деҳқоновна вогузор гардид.
1 сентябри соли 2014 ба сифати декани факутети иқтисоди ҷаҳон ва маркетинг номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Сатторов Абдурасул Абдуғаффорович таъин гардиданд, ки он кас ба ин сифат то 1 феврали соли 2019 дар ин вазифа фаъолият намуд. Аз 1 феврали соли 2019 факултети иқтисодиёти ҷаҳон ва маркетинг ба факултети менеҷмент ва маркетинги байналмилалӣ табдил дода шуда, аз 1 феврали соли 2019 то 1 апрели соли 2021 н.и.и., дотсент Имомназаров М.А. ба ҳайси декан онро сарварӣ намудааст. Аз 23 апрели соли 2021 то 1 сентябри соли 2024 сарварии факултет ба зиммаи н.и.и., и.в. дотсент Раҳимзода М.И. вогузор карда шуд. Сарварии факултетро аз 1 сентябри солии 2024 н.и.и.,дотсент Сатторзода Абдурасул Абдуғаффор ба уҳда дорад.
Имрӯз факултети менеҷмент ва маркетинги байналмилалӣ ҳамчун сохтори таркибии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон фаъолият намуда, дар омода кардани мутахассисони соҳибтаҷриба аз рӯи ихтисосҳои 1-26020305-Маркетинги байналхалқӣ, 1-25010301 – Идораи фаъолияти иқтисодиёти берунӣ, 1-25010304-Идоракунии сармоягузории хориҷӣ, 1-26020202-Менеҷменти байналмилалӣ, 1-26020208-Менеҷменти инвеститсионӣ саҳми худро мегузорад.
Дар сохтори факултет таҳти сарварии н.и.и., и.в. дотсент Бойназарова Моҳира Маҳмараҷабовна кафедраи менеҷменти инвеститсионӣ ва маркетинг, таҳти сарварии н.и.и., дотсент Акилҷонов Фурқат Шарипович кафедраи иқтисодиёти байналмилалӣ, таҳти сарварии н.и.ф. дотсент Носиров Сабур Музаффарович кафедраи забонҳои хориҷӣ ва таҳти сарварии муалимаи калон Акбарова Мунира Ғоибназаровна кафедраи забони тоҷикӣ фаъолият менамоянд, ки раванди мунтазами ҷараёни таълимро таъмин мекунанд.
Кафедраи менеҷменти инвеститсионӣ ва маркетинг ҳамчун кафедраи пешбар мутасаддии тайёр кардани мутахассисон аз рӯи ихтисоси 1-26 02 03 05-Маркетинги байналмилалӣ, 1-26020202-Менеҷменти байналмилалӣ, 1-26020208-Менеҷменти инвеститсионӣ ва кафедраи иқтисодиёти байналхалқӣ ҳамчун кафедраи пешбар мутасаддии тайёр кардани мутахассисон аз рӯи ихтисоси 1-25 010301-Идораи фаъолияти иқтисодиёти берунмарзӣ ва 1-25010304-Идоракунии сармоягузории хориҷӣ ба ҳисоб мераванд.
Дар ихтисоси 1-25010301 таҳсилот бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст.