Рӯзи иттилоотӣ
Санаи 15.10.2020 дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, дар Маркази технологияҳои компютерӣ ва таълимӣ рузи иттилоотии барномаи “Erasmus +”- Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид. Дар ҳамоиши мазкур намояндагони сохторҳои донишгоҳ ширкат доштанд ва аз ҷониби ҳамоҳангсозони лоиҳаҳои амалкунандаи ин барнома ва намояндагони шуъбаи равобити хориҷии донишгоҳ маълумоти муфассал пешкаш карда шуд. Ҳозирин зимни баргузории чорабинии мазкур оид ба саволҳои мавриди таваҷҷуҳашон посухҳои мувофиқ гирифтанд. Ҳамчунини маводҳои иттилоотии ин барнома ба иштирокчиён дастрас буданд.
Дар чорабинии мазкур нисбати лоиҳаи зерини амалкунандаи донишгоҳ EXTEND –”Advantage in engineer teachings through education of teachers and direction of the new pedagogical methods in Russia and Tajikistan маълумоти муфассал пешниҳод карда шуд:
ЧОРАБИНИҲО ДАР ДОИРАИ АМАЛИГАРДОНИИ ЛОИҲА
ВОХӮРИИ АВВАЛИ ҲАМОҲАНГСОЗОНИ ЛОИҲА аз тайи рӯзҳои 20-22 декабри соли 2017 дар Донишгоҳи давлатии сохтмонии шаҳри Москва баргузор гардид.
Ширкаткунандагон: Аҳрор Ҷафаров – ҳамоҳангсози лоиҳа, Рустам Назаров – аъзои гуруҳи кории лоиҳа.
СЕМИНАРИ ЯКУМИ КОРИИ ЛОИҲА аз 25-уми феврал то 3-юми марти соли 2018 дар Донишгоҳи миллии тадқиқотии давлатии Мордовияи Федератсияи Руссия дар шаҳри Саранск баргузор гардид.
Ширкаткунандагон: Аҳрор Ҷафаров – ҳамоҳангсози лоиҳа, Тамара Хусанова– аъзои гуруҳи кории лоиҳа.
СЕМИНАРИ ДУЮМИ КОРИИ ЛОИҲА аз 3-юм то 9-уми июни соли 2018 дар Донишгоҳи политехникии Бухарести Руминия баргузор гардид.
Ширкаткунандагон: Аҳрор Ҷафаров – ҳамоҳангсози лоиҳа, Абдураҳмон Ҳабибов– аъзои гуруҳи кории лоиҳа.
СЕМИНАРИ СЕЮМИ КОРИИ ЛОИҲА аз 15-ум то 20-уми июни соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Академик Б. Ғафуров баргузор гардид.
Ширкаткунандагон: Аҳрор Ҷафаров – ҳамоҳангсози лоиҳа, Рустам Назаров– аъзои гуруҳи кории лоиҳа.
СЕМИНАРИ ЧОРУМИ КОРИИ ЛОИҲА аз 11-ум то 15-уми марти соли 2019 дар Донишгоҳи Технигии Ригаи Ҷумҳурии Латвия баргузор гардид.
Ширкаткунандагон: Аҳрор Ҷафаров – ҳамоҳангсози лоиҳа, Шорух Атоев– аъзои гуруҳи кории лоиҳа.
СЕМИНАРИ ПАНҶУМИ КОРИИ ЛОИҲА аз 13-ум то 18-уми майи соли 2019 дар Донишгоҳи Minho (Португалия) баргузор гардид.
Ширкаткунандагон: Аҳрор Ҷафаров – ҳамоҳангсози лоиҳа, Абдураҳмон Ҳабибов– аъзои гуруҳи кории лоиҳа, Шорух Атоев– аъзои гуруҳи кории лоиҳа.
КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЛОИҲАИ EXTEND – “Бартарӣ дар таълимоти муҳандисӣ тавассути омӯзиши муаллимон ва роҳандозии усулҳои нави педагогӣ дар Россия ва Тоҷикистон” дар мавзӯи “Беҳтар намудани таҳсилоти соҳаи мухандисӣ, тавассути татбиқи дастовардҳои нави педагогӣ, дар мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 24-25 июни соли 2019 дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи технологии Тоҷикистон баргузор гардид.
Ширкаткунандагон: Аҳрор Ҷафаров – ҳамоҳангсози лоиҳа, Тамара Хусанова– аъзои гуруҳи кории лоиҳа, Абдураҳмон Ҳабибов– аъзои гуруҳи кории лоиҳа, Шорух Атоев– аъзои гуруҳи кории лоиҳа.
СЕМИНАРИ ШАШУМИ КОРИИ ЛОИҲА аз 27-ум то 30-юми ноябри соли 2019 дар Донишгоҳи давлатии техникии Москва ба номи М.Э. Бауман баргузор гардид.
Ширкаткунандагон: Аҳрор Ҷафаров – ҳамоҳангсози лоиҳа, Абдураҳмон Ҳабибов– аъзои гуруҳи кории лоиҳа.