Аккредитасия

Рӯзҳои 2-3 октябри соли 2026 дар Донишгоҳи IT-и шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон ба мунисибати 15-солагии таъсиси Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг (НААР/IAAR) даҳумин Форуми байналмилалии Осиёи Марказӣ таҳти унвони «Такмили сифати таҳсилот дар замони рушди зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамӣ: уфуқҳои нави рушди маориф» баргузор гардид, ки дар рафти он намояндагони Донишгоҳи технологии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Шоёни зикри хос аст, ки дар доираи баргузории форум аз ҷониби директори Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг (НААР/IAAR) Алина Бакиджановна Ҷумагулова дар фазои тантанавӣ ба ректори донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ Раҳмонзода Зоир Файзалӣ ШАҲОДАТНОМАИ (Сертификати) АККРЕДИТАТСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИНСТИТУТСИОНАЛӢ тақдим гардид.

 



21 июн дар Душанбе Созишнома оид ба аккредитатсияи барномаи се барномаи таълимӣ ба имзо расид: 1-49 01 02 02 – Технологияи шир ва маҳсулоти ширӣ; 1-25 01 03 (01) — Иктисодиёти чадон; 1-25 01 04 (10) – Молия ва қарз байни Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинги Ҷумҳурии Қазоқистон ва Донишгоҳи технологии Тоҷикистон.

Дар имзои шартнома шахсони зерин иштирок намуданд: Жумагулова А.Б. Директори НААР, Яновская О.Я. Мушовири НААР, Амонзода И.Т. Ректори ДТТ, Тошматов М.Н. муовини якуми ректори ДТТ