Бо мақсади амалӣ намудани Стратегияи миллии рушди соҳаи маориф байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд/Бонки ҷаҳонӣ Созишнома оид ба маблағгузорӣ (гранти №D082-TJ) ва (кредити №5702-TJ) аз 7 августи соли 2015 ҷиҳати маблағгузории Лоиҳаи «Рушди таҳсилоти олӣ» ба имзо расонида шуд.
Дар ин замина, ҷиҳати беҳтар намудани сифати таълим ва мутобиқати он ба бозори меҳнат дар асоси натиҷаҳои озмун барои гирифтани грант байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии моолия ва иқтисоди Тоҷикистон Созишномаи грантӣ аз 25.09.2019, №13/2-2 ҷиҳати маблағгузории лоиҳаи барномаи грантии озмунӣ (Таҳсилоти духтарон ва рақобатпазирии онҳо дар бозори меҳнат)
Мақсад ва вазифаҳои лоиҳа:
Мақсади лоиҳа: беҳтар намудани раванди ҷалб ва қабули духтарон ба ДТТ, фароҳам овардани шароити муносиб барои мутобиқсозӣ ва зиндагӣ дар хобгоҳ, беҳтар намудани сифати таълими духтарон ва шуғли ояндаи (минбаъдаи) онҳо дар бозори меҳнат мебошад.
Вазифаи лоиҳа:
Қисматҳои лоиҳа/самтҳои асосии фаъолият:
Қисматҳои асосӣ /зерқисмҳои лоиҳа: Таҳияи механизмҳои ҷалби духтарон (довталабони таҳсил дар ДТТ); (2) Фароҳам овардани шароити хуби истиқомати духтарон дар хобгоҳ: (3) Рушду такомули сатҳи касбии духтарон ва таъмини минбаъдаи онҳо бо ҷойи кор дар бозори меҳнат.
Қисмат (Компонент)-и 1. Таҳияи механизмҳои ҷалби духтарон дар ДТТ. Мақсадаи қисмати мазкури лоиҳа таъсис додани муҳити ҳавасмандгардонӣ (мотиватсионӣ)-и донишҷӯдухтарон дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ, алалхусус ба ихтисосҳои техникию технологии ДТТ бо роҳҳои гузаронидани таҳлилҳо ва баҳогузории ҳолатикунонӣ, ки алоқамандии дохилшавӣ ва тҳсил, коркард ва татбиқи механизмҳои ҷалби духтарон ба ДТТ бо дарназардошти фаъолияти тарғиботию иттилоотӣ дар сатҳи минтақавию ҷумҳуриявӣ.
Қисмат (Компонент)-и 2.Фароҳам овардани шароити хуби истиқомати духтарон дар хобгоҳ. Мақсади қисмати мазкур – шароити мусоид фароҳам овардани зист ва ташаккули маҳоратҳои иловагӣ барои беҳгардонии имкониятҳои бокортаъминшавӣ. Қисмати мазкур чунин амалӣ мешавад: 1) таъсис ва таҷҳизи ошхонаи хуроки омма, ҳуҷраи иҷтимоӣ (ҷойҳои дарзмолкунӣ, ҷомашӯи ва ғ.); 2) Таъсиси Маркази иттилоотию таълимии “Технолог”. Таъмини марказ бо ҷиҳозҳо ва воситаҳо бо мақсади ёрии амалӣ ба донишҷӯдухтарон барои беҳгардонии зист дар хобгоҳ ва ташаккули зеҳнию касбии онҳо. Таъмири ҳуҷраҳои зикршуда аз ҷониби донишгоҳ ба сомон расонида мешавад.
Қисмат (Компонент)-и 3. Рушду такомули сатҳи касбии духтарон ва таъмини минбаъдаи онҳо бо ҷойи кор дар бозори меҳнат. Мақсади қисмати мазкур-ташкил ва гузаронидани маҷмуи семинар машваратҳои таълимию амалии касбии духтарон, бо мақсади рақобатпазиргардонӣ ва васеъгардонии имкониятҳои ба кор таъминкунии онҳо дар бозори меҳнат мебошад. Қисмати мазкур амали карда мешавад: 1) ташкили курсҳои таълимию-амалии рушду тақвиятбахшии маҳорати касбӣ; 2)омузиши вобаста ба масъалаҳои гендерӣ; 3) бозомӯзии касбӣ оид ба бокортаъминшавӣ, гузаронидани вохӯриҳои сатҳи гуногун, фаъолияти машваратӣ, мубоҳиса оид ба мавзуъҳои иҷтимоӣ ва механизмҳои кор бо корфармоён.