Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон курсҳои таълимӣ -сертификатсионӣ дар ҷаласаи Шӯрои Олимони ДТТ таҳти №3 аз 22-юми октябри соли 2013 тасдиқ карда шуда ва ба фаъолияти кори шурӯъ намудааст. Дар марказ Низомнома оиди курсҳои (хизматрасониҳои) муздноки таълимӣ дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон (минбаъд – ДТТ) мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунгузории амалкунанда ва Оинномаи ДТТ таҳия карда шудааст. То ин вакт дар марказ зиёда аз 465 нафар донишҷӯён ва шахсони беруна дар ин курсҳо омӯзиш намудан ва соҳиби сертификатҳои ДТТ гардидаанд. Баҳисобгирии бухғалтери 241 нафар,технологияи иттилооти ва барномасози -19н, асосҳои кор бо воситаҳои техники-11,таҳрези духти либос-39н,з-хитой-23н, муҳосиботи хурди комуникационии -106н, з-англисӣ-17н,барномасозӣ С#-8н, фаъолияти бонкӣ-21н, CISCO-12н. Ҳамаги дар курсҳои (хизматрасониҳои) муздноки таълимӣ аз соли 2014то 2016 -105235сомони маблағ супориданд. Ҳоло дар марказ зиёда аз 32 нафар донишҷӯи хонада истодаанд,11н –дар курси СISCO ва 21н-дар курси Баҳисобгирии бухгалтерӣ. Мақсади асосии ин марказ ҷалб кардани донишҷуён дар роҳи пешрафти илму техникаи муосир мебошад.Ба донишҷӯён дар марказ истифодаи озоди компютер ва интернет барои равон кардан ва сохтани презентацияҳо байни ҳамдигар иҷозат дода шудааст. Низомномаи мазкур тартиб, намуди хизматрасонӣ ва гузаронидани курсҳои (хизматрасониҳои) муздноки таълимиро дар ДТТ ба дигар шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ муайян менамояд.