Мақсади асосии шуъба
Мақсади асосии шӯъба иштирок дар таҳия ва татбиқи стратегияи рушди Донишгоҳ, ҳамоњанг сохтани корњо оид ба таҳия ва татбиқи стратегияи рушди донишгоҳ, татбиқи стратегияи миллии рушд ва дигар стратегияҳои миллии соҳавӣ дар Донишгоҳ, факултет, кафедрањо ва дигар ҷузъу сохторҳо мебошад.
Вазифаҳои шуъба
-назорат ва мониторинги татбиқи стратегияи рушди Донишгоҳ дар факултетҳо, кафедраҳо ва дигар ҷузъу сохторҳои Донишгоҳ;
– иштирок дар раванди омода намудани маводҳо барои ширкати Донишгоҳ дар раддабандиҳои миллӣ ва байналмилалӣ;
– роҳбаладӣ, таъмини методӣ, машварат ва ҳамоҳангсозии корҳо бо дигар шуъба ва марказҳои идораи татбиқи стратегияҳо ва технологияҳои инноватсионӣ, факултетҳо, кафедраҳо, дигар ҷузъу сохторҳо ва кормандони донишгоҳ оид ба масъалаҳои омодасозӣ, санҷиш, мувофиқасозӣ ва мақбул донистани шартномаҳои самарабахш;
– таҳия, мониторинг ва такмилдиҳии нишондиҳандаҳои асосии самаранокии татбиқи стратегияи рушди Донишгоҳ ва стратегияи миллии рушд ва дигар стратегияҳои миллии соҳавӣ;
– ташкил ва пешбурди баҳисобгирии идоракунӣ ва аудити дохилӣ, корҳои танзим ва стандартизатсияи равандҳое, ки ба татбиқи стратегияи рушди Донишгоҳ ва стратегияҳои миллии рушд ва дигар стратегияҳои миллии соҳавӣ дар Донишгоҳ нигаронида шудаанд;
– машварат ва расонидани ёрии методӣ ба воҳидҳои сохторӣ ва донишҷӯён дар татбиқи ташаббусҳои донишҷӯён дар доираи стратегияи рушди Донишгоҳ;
– санљиши иљрои фармоишњо, дастуру супоришњои роњбарияти Донишгоҳ оид ба татбиқи стратегияҳо;
– танзими њуљљатнигорї, муносибгардонии ҳамаҷонибаи истифодаи захираҳои дохилӣ ва берунии донишгоҳ, инчунин, ташкили коргузорї, бањисобгирї ва тањияи њисобот (тайёр кардани њисоботи нимсола ва солона дар бораи фаъолияти шӯъба).
Самтҳои асосии фаъолияти шуъба
– омӯхтани стратегияҳо ва барномаҳои давлатӣ ва назорати амалишавии онҳо дар ҳамаи ҷузъу сохторҳои Донишгоҳ;
– иштирок дар таҳияи стратегияи рушди Донишгоҳ;
– иштирок дар ҳамоҳангсозии корҳо оид ба таҳия ва татбиқи стратегияи рушди Донишгоҳ, татбиқи стратегияҳои миллии рушд ва дигар стратегияҳои миллии соҳавӣ дар Донишгоҳ, факултет, кафедраҳо ва дигар ҷузъу сохторҳо;
– назорати татбиқи стратегияи рушди Донишгоҳ, стратегияҳои миллии рушд ва дигар стратегияҳои миллии соҳавиро дар факултетҳо, кафедраҳо ва дигар ҷузъу сохторҳои Донишгоҳ;
– иштирок дар раванди омода намудани маводҳо барои ширкати Донишгоҳ дар раддабандиҳои миллӣ ва байналмилалӣ;
– ҳамоҳангсозии корҳо оид ба амалисозии шартномаҳои самаранок бо дигар шуъба ва марказҳои идораи татбиқи стратегияҳо ва технологияҳои инноватсионӣ, факултетҳо, кафедраҳо, дигар ҷузъу сохторҳо ва кормандони Донишгоҳ;
– расонидани ёрии методӣ ва додани машварат ба воҳидҳои сохторӣ ва донишҷӯён дар татбиқи ташаббусҳои донишҷӯён дар доираи стратегияи рушди Донишгоҳ;
– гузаронидани санҷиш дар бораи иҷрои фармоишҳо, дастуру супоришҳои роҳбарияти Донишгоҳ оид ба татбиқи стратегияҳо;
– иштирок дар муносибгардонии ҳамаҷонибаи истифодаи захираҳои дохилӣ ва берунии донишгоҳ;
– вобаста ба дархости роҳбарият саривақт омода сохтани иттилооти зарурӣ оид ба масъалаҳои стратегияи рушди донишгоҳ, стратегияҳои миллии рушд ва дигар стратегияҳои миллии соҳавӣ;
– саривақт ва мунтазам манзур намудани маълумот барои сомонаи Донишгоҳ;
– тартиб додани ҳуҷҷатҳо дар доираи салоҳиятҳои шуъба;
– риоя намудани қоидаҳои муҳофизати меҳнат, техникаи бехатарӣ ва зиддисӯхторро риоя менамояд.