Шарифзода Исомиддин Умар

sharifzod_75@mail.ru
(+99237)2345973
Рузҳои қабул: сешанбе, панҷшанбе

Шарифзода Исомиддин Умар

Муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ ва идеологӣ

Тарҷумаи ҳол

Соли таваллуд: 11.11.1975 .                   

Миллат:  тоҷик                                       

 Маълумот:  Олӣ

Соли  1999  факултети «Шарқшиносӣ»-и Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро хатм намудааст.

Ихтисос: шарқшинос, муаллим.

Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои фалсафа, унвони илмӣ: и.в. дотсент.

Кадом забонҳои хориҷиро медонад: русӣ, форсӣ,арабӣ,англисӣ бо луғат.

Вакили халк хаст ё не: нест. 

Ба мукофотхои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не:    не

Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2012

Собиқаи корӣ:

-Донишҷӯи факултаи филологияи тоҷики ДДОТ ба номи Қ.Ҷураев.

1994-1999 – Донишҷӯи факултаи шарқшиносии ДДМТ бахши арабӣ .

2000-2004 –  Аспиранти ғоибонаи Институти Фалсафа ва ҳуқуқи АУҶТ.

1999-2002 –  Асистенти кафедраи Хат ва матни форсӣ – точикӣ ДДМТ.

2002-2007 –  Муаллими калони кафедраи Забони давлатӣ ва фанхои гуманитарии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон.

2007 – 2009- Муовини декани факултаи тайёрии то мактаби олӣ ва таҳсилоти ғоибона.

2011 – 2017 мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва рушди шахсияти ДТТ.

2017-2024  мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ ДТТ.

2024 то ҳол Муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ ва идеологӣ

                 Шарифзода Исомуддин Умар  11.11.1975 дар деҳаи Дарғи нохияи Айни дар оилаи хизматчӣ (муаллим) таваллуд ёфтааст. Соли 1981 ба синфи 1-уми мактаби миёнаи №5 ба номи М.А.Бедили н.Айни рафта, онро соли 1992 хатм намудааст.

             Баъди хатми мактаби миёна соли 1992 ба шӯъбаи рӯзонаи факултаи филологияи тоҷики ДДОТ дохил шуда, онро то соли 3-юм таҳсил намудам ва сипас соли 1994 ба шӯъбаи рӯзонаи факултаи шарқшиносии ДДМТ, бахши арабӣ дохил шуда, онро соли 1999 аз рӯи ихтисоси филолог, муаллими забон ва адабиёти араб (тоҷик) бомувафаққият хатм намуд.

             Аз соли 1999 то соли 2002 бахайси асистенти кафедраи Хат ва матни форси-тоҷикӣ дар ДДМТ кор кардам. Соли 2000-ум ба шӯъбаи ғоибонаи аспирантураи институти фалсафа ва хуқуқи АУ ҶТ дохил шуда, онро соли 2004 хатм намудам. Рисолаи номзадиро аз рӯи ихтисоси 09 00 13- фалсафаи антропологӣ ва фалсафаи фарҳанг дар мавзӯи «Фалсафаи антропологии Азизиддини Насафӣ» дар соли 2011 дифо намуд.

             Тайи солҳои 2002  то 2012 ба сифати муаллими калони кафедраи забони давлатӣ ва фанҳои гуманитарӣ ва аз соли 2024 то ҳол ба ҳайси вазифаи дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва рушди шахсияти  Донишгоҳи технологии Тоҷикистон фаъолият намуда истодааст.

             Солҳои 2007- 2009 дар вазифаи муовини декани факултети тайёрии то мактаби олӣ ва таҳсилоти ғоибона ва дар солҳои 2009- 2013 ба ҳайси иҷрокунанди декани факултаи мазкур  фаъолият намуд.

             Солҳои 2011-2017 дар вазифаи мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва рушди шахсияти Донишгоҳи технологии Тоҷикистон фаъолият намуда, аз соли 2017- мудири кафедраи фанҳои гуманитарии ҳамин донишгоҳро бар уҳда дошт.

Аз соли 2024 то ҳол дар вазифаи муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ ва идеологии ДТТ-ро ба ӯҳда дорад.