Мирзозода Мирзоаҳмад Саид аз феврали соли 2026 дар мансаби муовини ректор оид ба корҳои маъмурию хоҷагии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон кор мекунад
Соли таваллуд 1 январи соли 1974 Ҷои таваллуд шаҳри Душанбе
Миллат: Тоҷик
Таҳсилот: Олӣ, соли 1997 Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро хатм кардааст
Ихтисос: таърихчӣ
Унвони илмӣ: номзади илмҳои педагогӣ
Кадом забонҳои хориҷиро медонад: русӣ, забони форсӣ, англисӣ
Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не: не
Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не:
Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Аълочии меҳнати Ҷумҳуриии Тоҷикистон
20.03.2009 аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
Вазъи оилавӣ: оиладор, соҳиби 4 фарзанд
Таҳияи стандарт, нақша ва барномаҳои таълимӣ дар соҳаи маориф ва меҳнат.
Таҳиягари Стратегияи рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2025, №117 тасдиқ гардидааст.
Кор ва фаъолияти собиқа
| Солҳои 1999-2002 | Омўзгор, муовини директори мактаби миёнаи №213 ноҳияи Рўдакӣ |
| Соли 2002-2007 | Сардори шуъба, баъдан муовини директори Марказ баъдан Директори Маркази ҷумҳуриявии корҳои тарбиявӣ ва беруназмактабии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон |
| Солҳои 2007-2012 | Сардори шуъбаи маркетинг ва моликияти Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон |
| Солҳои 2012-2023 | Директори генералии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Азия Транс Тур” |
| Солҳои 2024-2026 | Сардори шуъбаи ташкилӣ, баъдан сардори шуъбаи ҳунармандӣ, Муовини директори Маркази таҳияи стандартҳои салоҳияти касбии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон |
| Аз 02.2026 то ҳол | Муовини ректор оид ба корҳои маъмурию хоҷагии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон |