Маҳфилҳои илмӣ-эҷодӣ ва маърифатии донишҷӯён

МАҲФИЛҲОИ ИЛМӢ-ЭҶОДӢ ВА МАЪРИФАТИИ ДОНИШҶӮЁН

Дар донишгоҳ бо мақсади рушди қобилияти зеҳнӣ, тадқиқотӣ, навовариву ихтироъкорӣ ва эҷодкории донишҷӯён, ки ҷузъи муҳимми низоми тайёр намудани мутахассисони баландихтисос мебошад, дар назди кафедраҳо 19 маҳфилҳои илмӣ-эҷодӣ ва маърифатии донишҷӯён фаъолият доранд: “Илм дар истеҳсолот”, “Ихтироъкорон”, “Барги сабз”, “Бофандаи ҷавон”, “Фарҳанги либоси миллӣ”, “Сиёсатшиноси ҷавон”, “Фалсафа – меҳр ба хирад”, “Математика барои муҳандисон”, “Иқтисоди рақамӣ ва интеллекти сунъӣ”, “Фарҳанги алгоритмӣ ва интеллекти сунъӣ”, “Менеҷери ҷавон”, “Иқтисодчиёни асри нав”, “Иқтисодчиёни ҷавон”, “Иқтисодчии байналмилалӣ”, “Менеҷер ва маркетологи ҷавон”, “Эҷодиёти техникӣ”, “Собеседник”, “Суханвар”, “POLYGLOT”, ки аз онҳо 9-тоашон ба самти илмҳои табиатшиносӣ, риёзию техникӣ дахл доранд: “Илм дар истеҳсолот”, “Ихтироъкорон”, “Барги сабз”, “Бофандаи ҷавон”, “Фарҳанги либоси миллӣ, “Математика барои муҳандисон”, “Иқтисоди рақамӣ ва интеллекти сунъӣ”, “Фарҳанги алгоритмӣ ва интеллекти сунъӣ”, “Эҷодиёти техникӣ”.

Мақсади асосии фаъолияти маҳфилҳо ҷалб намудани донишҷӯёни майл ба корҳои илмӣ-амалӣ, ихтироъкорию навоварӣ ва эҷодидошта маҳсуб мегардад. Ин ҳадаф дар раванди ҳамкорӣ ва аз худ намудани усулҳои фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ ва навовариву эҷодкорӣ дар мисоли тайёр намудани маърузаҳо, навиштани мақолаҳо, муаррифиномаҳо, таҳияи лоиҳаҳои инноватсионӣ, ихтироъкорӣ амалӣ карда мешавад.

Фаъолияти маҳфилҳо дар асоси нақшаи кории маҳфилҳо, ки аз ҷониби роҳбарони маҳфилҳо тартиб дода шуда, дар кафедра муҳокима ва тасдиқ гардидааст, ба роҳ монда шудааст.

Ҳуҷҷатгузорӣ тибқи талаботи ВМ ва И ҶТ тартиб дода шуда, дар кафедраҳо ба роҳ монда шудааст. Нақшаи кори маҳфилҳо барои соли таҳсили 2021-2022 омода ва тасдиқ шудааст. Баъд аз ҷамъомадҳои маҳфил суратҷаласаҳо тартиб дода шуда, ҳисобот бо аксҳо ба шуъбаи корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва омодасозии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ пешниҳод мегардад.