Марказ дар амалӣ намудани лоиҳаи HEICA «Ташаббуси таҳсилоти олӣ дар соҳаи информатика дар Осёи Марказӣ»-и барномаи TEMPUS (аз ҷониби Комиссияи Аврупо маблағгузорӣ карда мешавад) фаъолона ширкат намуда, аз ҳисоби лоиҳа озмоишгоҳи тахассусии «муҳандисии компютерӣ ва барномавӣ» бо теъдоди 20- адад компютерҳо, 1-адад сервер, 2 адад принтерҳо, 1 адад проектор, 30 –адад программаторҳо, таҷҳизоти гуногуни шабакавӣ ва теъдоди 78- адад китобҳои тахассусӣ дар марказ побарҷо намуд.
Лоиҳаи дигаре, ки дар айни замон марказ дар амалӣ намудани он фаъолона иштирок варзида истодааст, лоиҳаи eINTERASIA «Интиқоли натиҷаи тадқиқотҳои давлатҳои Аврупо дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ – коммуникатсионӣ барои мутобиқгардонӣ ва истифодабарӣ дар Осиёи Марказӣ»-и барномаи Sp7 (аз ҷониби Комиссияи Аврупо маблағгузорӣ карда мешавад) мебошад. Дар доираи амалӣ намудани он дар назар дошта шудааст, ки аз ҳисоби маблағгузориҳои ин лоиҳа дар донишгоҳ “SHOUROM” – намоишхонаи дастовардҳои илмию амалӣ ва зеҳнии донишҷуёну омӯзгорон дар самти ТИК, муҷаҳҳазбо технологоияҳои муосири иттилоотии таблиғӣ ташкил карда шуда, дастовардҳо ба маррази намоиш гузошта мешаванд.Маҳфили эҷодии баномасозони ҷавон “Softlab” ва Маҳфили мехатроника ва робототехникаҶиҳати ба ҷараёни пешрафти илму техника ворид намудани ҷавонони донишҷӯ ва аз дастовардҳои навтарини илм ва технологияи иттилоотӣ бархурдор гардонидани онҳо дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон тадбирҳои зиёде андешида шуд. Аз ҷумла дар самти ҷалб намудани донишҷӯён ба корҳои илмию тадқиқотӣ, эҷодиёти техникӣ, лоиҳаҳои инноватсионӣ, навовариҳо ва ихтироотҳо корҳои назаррасе ба сомон расонида шуд. Маҳз дар ҳамин самт Маркази сайқали маҳорати касбии донишҷӯён ва дастгирии иқдоми донишҷӯён, Озмуни беҳтарин лоиҳаҳои инноватисонии донишҷӯён, маҳфилҳои фаннию тахассусӣ дар назди ҳар як кафедра вобаста аз самти фаъолият таъсис дода шуданд.Дар ҳамин радиф, бо мақсади ҷалб намудани донишҷӯён ба фазои техника ва технологияи муосир, марказ ва маҳфилҳои махсуси зерин дар назди Маркази технологияҳои компютерӣ ва таълимӣ таъсис дода шуданд:Маҳфили мехатроника ва робототехника – фароҳам овардани шароити мусоид дар пешрафти тафаккур ва эҷодиёти техникии донишҷӯён, тарғиб намудани техника ва технолгияҳои муосири ҷаҳонӣ дар байни донишҷӯён, ташкил намудани шароити созгор барои эҷодиёти техникии донишҷӯён, ҷорӣ намудани машғулиятҳо амалӣ оид ба техника ва технологгияҳои муосир барои донишҷӯёни ҳавасманд ва болаёқат, гузаронидани нишастҳои иттилоотӣ оид ба бархурдор намудани донишҷӯён ба навигариҳои илму техникаи ҷаҳонӣ, ташкил намудани мубоҳисаҳои тахассуси оид ба бархурд ва омезиши технологияҳои гуногун.Маҳфили эҷодии баномасозони ҷавон “Softlab” – ҷалб намудани донишҷӯёни болаёқат ба таҳрезӣ ва амалӣ намудани барномаҳои гуногуни компютерии соҳавӣ, ташкили фазои эҷодӣ барои барномасозони ҷавон ва хоҳишмандон, ташкил намудани курсҳои омӯзишӣ оиди интегронидани имкониятҳои барномавии компютер бо истеҳсолот ва техника, тарғиби барномаҳои муосири компютерӣ дар байни ҷавонон ва донишҷӯён.Маҳфили эҷодии графикачиёни компютерӣ “WEB & Grafics” – ҷалб намудани донишҷӯёни болаёқат ба таҳрезии компютерии лоиҳаҳои техникӣ, сохтмонӣ, бадеӣ, ландшафтӣ, фазоӣ ва дигар амсилаҳо бо истифода аз барномаҳои муосири графикии компютерӣ. Бандубастсозии компютерии аскҳо, наворҳо ва тарҳрезии объектҳои аниматсионӣ. Тарҳрезӣ ва ороиши бадеии нишонаҳо, логотипҳо ва дигар маводҳои ба ороиши графики вобастагидошта, тарҳрези ва сохтани сайтхои иттилоотӣ, ташкили фазои эҷодӣ барои донишҷӯёни ба графикаи компютерӣ таваҷҷуҳдошта, ташкил намудани курсҳои омӯзишӣ оиди интегронидани имкониятҳои графикии барномаҳои компютерӣ бо истеҳсолот ва техника, тарғиби барномаҳои муосири графикии компютерӣ дар байни ҷавонон ва донишҷӯён.Телевизиони маҳаллии дохилидонишгоҳӣ (ТВТУТ) – Ҳамчун маркази ягонаи иттилоотӣ барои ҳамарӯзи бо итттилооти навини илмию техникӣ ва маданию фароғатӣ таъмин намудани донишҷӯёну устодони донишгоҳ чи дар раванди дарс ва чи фориғ аз он хизмат мекунад. Дар доираи барномаҳои он ташкил ва гузаронидани барномаҳои махсус оид ба дастовардҳои навини ҷаҳонии илму техника ва технологияҳои иттилоотдар назар дошта шудааст.