Кафедраи иқтисодиёт ва идора

Кафедраи иқтисодиёт ва идора 16  сентябри  соли   1992  дар  асоси   фармони  ректори  Донишгоҳи технологии Тоҷикистон кафедраи «Иқтисод  ва  идора» таъсис  дода  шуд.

Соли  1996 дар  асоси он  кафедраҳои «Иқтисодиёти  корхона ва  фаъолияти  соҳибкорӣ», «Ҳуқуқ  ва  иқтисодиёт»  ташкил  карда шуд. Соли  1998  он ба  кафедраи «Иқтисодиёти  ҷаҳон  ва  бозори  молиявӣ» табдил дода шуд. Аз  соли  2009 кафедра бо номи «Иқтисодиёти инноватсионӣ ва идоракунӣ» амал менамояд. Ва дар соли 2012 кафедраи «Иқтисодиёти инноватсионӣ ва идоракунӣ» ба кафедраи «Иқтисодиёт ва идора» табдил ёфт.

Вазифаи мудири кафедраро аз моҳи сентябри соли 1992-994 номзади илми иқтисод, дотсент Муҳатбердиев Ҳ., аз моҳи сентябри соли 1994-996 номзади илми иқтисод, дотсент Бобоҷонов Р.М., аз моҳи сентябри соли 1996-2000 номзади илми иқтисод, дотсент Тошматов М.Н., аз моҳи сентябри соли 2000-2007 номзади илми иқтисод, дотсент Дарингов Қ.П., аз моҳи сентябри соли 2007-2009  номзадӣ илмҳои иқтисодӣ, и.в. профессор Шобеков М., аз сентябри соли 2009 то январи 2011 и.в. дотсент Наҷмиддинов Б.З. ин вазифаро ба ӯҳда доштанд. Аз сентябри соли 2011 то январи 2013 н.и.и., и.в.дотсент Қиёмидинов Ҳ. мудири кафедра таъин шудаанд, аз март то сентябри соли 2014 н.и.и. Оқилҷонов Ф.Ш., аз сентябри соли 2014 то марти 2015  н.и.и., и.в.дотсент Қиёмидинов Ҳ., аз март то сентябри соли 2015 н.и.и., и.в. дотс Бегмуродов С.Ш., аз сентябри соли 2015 то 2021  н.и.и.,  дотсент Дадоҷонова Н.М. аз сентябри соли 2021 то имруз ин вазифаро н.и.и., и.в. дотсент  Шарипов Ш.Р бар ӯҳда дорад.

Кафедраи  иқтисодиёт ва идора аз рўи чунин ихтисосҳо мутахассисонро тайёр менамояд:

Бакалавр:

– 1 – 25010711 – «Иқтисодиёт ва идора дар корхонаҳои саноатӣ»;

– 1 – 25010707 – Идораи лоиҳаҳо.

–  1-25010805 – Баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит дар саноат

  • 1-2501072201 Иқтисодиёт ва идораи заҳираҳои обӣ

Магистратура:

– 1 – 25010711 – «Иқтисодиёт ва идора дар корхонаҳои саноатӣ»;

– 1 – 25010707 – Идораи лоиҳаҳо.

ва  PhD аз рӯи ихтисоси:

– 6D050701 – Иқтисод ва идораи хоҷагии халқ (бо нишондодани ришта ва соҳаҳои фаъолият, аз ҷумла иқтисод, ташкил ва идораи корхонаҳо, соҳаҳо, комплексҳо; иқтисоди аҳолӣ ва демография; иқтисоди соҳибкорӣ).

Дар айни замон кафедра мутахассисонро аз рӯи ихтисосҳои зерин тайёр менамояд:

 1-250711  «Иқтисодиёт ва идора дар корхонаҳои саноатӣ» (мӯҳлати таҳсил 4 сол, шӯъбаи рӯзона)

  • Мутахассиси соҳаи мазкур ин роҳбарикунандаи раванди иқтисодӣ, истеҳсолот ва рушди иҷтимоии ҳамаи соҳаҳои мушаххаси соҳавӣ бо назардошти шаклҳои ташкили ҳуқуқӣ, техника, технология, ташкили истеҳсолот, истифодаи самараноки он дар вазифаи ишѓолшуда, ки маълумоти олии иқтисодиро талаб мекунад.
  • Корхонаҳои дорои шаклҳои гуногуни ташкилотӣ-ҳуқуқии соҳаҳои хоҷагии халқ, шуъбаҳои сохтории истеҳсолӣ ва функсионалии онҳо
  • Иктисодиёт ва идора дар корхона – яке аз ихтисосҳои бисёрҷабҳаи иқтисодӣ буда имконият медиҳад барои соҳиб гардидан оид ба усулҳои самараноки пешбурди бизнес ва ташкили истеҳсолот, ба даст овардани натиҷаҳои беҳтарин бо харҷи камтарин ва инчунин таъмини рақобатпазирии стратегии корхона мебошад.

Аз рӯи кадом вазифа хатмкунандагони ихтисоси  «Иқтисодиёт ва идора дар корхона» метавонад  кор кунанд?

  • Иқтисодчӣ ;
  • Иқтисодчӣ оиди таъмини моддӣ- техникӣ;
  • Иқтисодчӣ оиди фуруш;
  • Иқтисодчӣ оиди корҳои шартномавӣ ва даъво;
  • Иқтисодчӣ оиди меҳнат;
  • Иқтисодчӣ оиди банақшагирӣ;
  • Иқтисодчии маркази бақайдгирӣ;
  • Мутахасис оиди сармоягузорӣ.

Хатмкунандагони ихтисоси «Иқтисодиёт ва идора дар корхона» дар куҷо кор карда метавонад?

  • Дар корхонаҳои хурд, миёна ва бузургӣ Тоҷикистон ва берун аз он.

Реклама, маркетинг.

Бакалавр

  • Ассистенти маркетолог
  • Ассистенти менеҷер оид ба рекламаи махсулоти корхона
  • Менеҷер кор бо мизоҷон дар корхона
  • Менеҷер оиди маркетинг (бозоршиносӣ)
  • Менеҷер оиди реклама (тарғибот)
  • Product manager

Магистр

  • Менечер оиди рушди корхона
  • Директор оид ба маркетинг (бозоршиносӣ)
  • Директор оид ба таргибот
  • Рохбари лоихахо дар корхонахо
  • Директор оид ба рушди корхона
  • Талаботи корфармоянда: Доро будан бо истифодаи асбобҳои маркетингӣ (банакшагирии бизнес, тадқиқот, ҷобаҷогузорӣ, гузоштани молу маҳсулот барои фуруш, нархгузорӣ ва г.)Донистани хусусиятҳои пешкаши маҳсулот, тиҷорат, асосҳои маркетинг, менеҷмент, молия, иқтисодиёти берунмарзӣ.

Топ-менеҷмент.

Бакалавр

  • Ассистенти рохбар дар корхона
  • Директори истехсолӣ

Магистр

  • Директор оид ба рушди корхона
  • Директор оид ба хайати кормандон
  • Директор оид ба фуруш
  • Директори тичорати дар корхона
  • Менечери лоиха дар корхонахо Ичрокунандаи директор
  • Талаботҳои корфармоянда: Донистани асосҳои назарияҳо ва равияҳои идоракунии муосир, донистани идоракунии ҳайати кормандон; донистани сохтори ташкилотии корхона дар умум; таҳлил ва баҳодиҳии лоиҳаҳои сармоягузорӣ, технологияи моделсозии бизнес-ҷараёнҳо; дорои дараҷаи МВА

Истеҳсолот

Бакалавр

  • Ҷонишини директор оиди рушди бизнес
  • Ҷонишини сардори шуъба

Магистр

  • Менеҷер оиди низоми менеҷменти  сифат
  • Талаботҳои корфармо: донистани асосҳои менеҷмент, донистани идораи стратегӣ; донистани 1С «Корхона»; донистани ҳуҷатнигорӣ; донистани равандҳои бизнес.

Харид. Логистика. Гумрук. Анбор

Бакалавр

  • Ёвари шуъба оиди харид дар корхона
  • Ёвари менеҷер дар шуъбаи харид дар корхона
  • Ҷонишини роҳбар оиди харид дар корхона
  • Ёвари сардори шуъбаи логистикаи анбор ва нақлётӣ дар корхона

Магистр

  • Менеҷер оиди харид дар корхона
  • Логист
  • Талаботҳои корфармо: донистани компютер; донистани барномаи 1С(савдо ва анбор); донистани барномаҳои анборӣ; донистани ҳуҷҷатнинории гумрукӣ ва логистика, донистани қонунгузории гумрукӣ; донистани забони англисӣ дар сатҳи касбӣ.
  • Донистани забони англисиро дар сатҳи касбӣ аз 100 корфармо 95-тояш талаб менамояд.
  • Ҳамаи роҳбарон дар мувафақияти бизнеси худ манфиат доранд, кори иқтисодчӣ-менеҷер бошад ба инкишоф ва дастоварди фоидаи беҳтарин дар корхона равона аст.

 1-25010707  «Идораи лоиҳаҳо» (мӯҳлати таҳсил 4 сол, шӯъбаи рӯзона)

Модели вертуалии ба кор таъминкунии хатмкунандагони ихтисоси  Идораи лоиҳаҳо

  • Иқтисодчӣ-Менеҷер (идоракунанда) Мутахассиси касбӣ буда, дар фаъолияти идоракунии соҳаи муаяни  самти соҳибкорӣ кор мебарад.    Фаъолияти касбӣ маънои онро дорад, ки  мутахассис мавқеи доимиро дар ширкат дошта, ваколати қабули қарорҳои идоракунӣ  дар ин ё он  соҳаи муаянро дорад.

Истилоҳи “Иқтисодчӣ-Менеҷер”-ро метавон дар робита  бо як гуруҳи васеъи кормандони корҳона истифода бурд.

  • Роҳбарони гуруҳ;
  • Роҳбарони озмоишгоҳҳо, идораҳо, шуъбаҳои вазифавии  корхонаҳо;
  • Роҳбарони қитъаҳои истеҳсолот;
  • Маъмурони сатҳҳои гуногун ва шарикони хориҷӣ;
  • Дар маҷмуъ роҳбарони корхонаҳо ва ширкатҳо.

Намудҳои асосии фаъолияти касбии иқтисодчӣ-менеҷер:

  • Ташкили-идоракунӣ;
  • Истеҳсоли-иқтисодӣ;
  • Нақшагирӣ-маъмурӣ;
  • Иҷтимоӣ-иқтисодӣ;
  • Лоиҳавӣ-иқтисодӣ;
  • Маркетингӣ;
  • Иқтисоди беруна;
  • Соҳибкорӣ
  • Иқтисодчӣ-менеҷер- мутахассисест, ки на танҳо таҳлили фаъолияти корхонаҳо ва таҳияи нақшаи тиҷоратиро метавонад, балки идоракунандаи хуб шуда метавонад.

Иқтисодчӣ-менеҷер дар соҳаи иқтисодиёт ва идора кор карда метавонанд. Фаъолияти мутахассис  дар умум барои таъмини вазифавии  корхона ва оқилона идоракунии иқтисодиёти истеҳсолот равона гардидааст.

Реклама,   маркетинг

Бакалавр

  • Ассистенти маркетолог
  • Ассистенти менеҷер оид ба реклама
  • Менеҷер кор бо мизоҷон
  • Менеҷер оиди маркетинг (бозоршиносӣ)
  • Менеҷер оиди реклама (тарғибот)
  • Product manager

Магистр

  • Менеҷер оиди ба рушд
  • Директор оид ба маркетинг (бозоршиносӣ)
  • Директор оиди ба рушд
  • Талаботҳои корфармоянда:  Донистани асосҳои назарияҳо ва равияҳои идоракунии муосир, донистани идоракунии ҳайати кормандон; донистани сохтори ташкилотии корхона дар умум; таҳлил ва баҳодиҳии лоиҳаҳои сармоягузорӣ, технологияи моделсозии бизнес-ҷараёнҳо; дорои дараҷаи МВА Истехсолот

Бакалавр

  • Муовини директор оид ба рушди савдо
  • Муовини сардори шуъба

Магистр

  • Менеҷери сохтори менеҷменти сифат
  • Талаботҳои корфармо дониши муккамали асосхои менечмент; донистани идоракунии стратегӣ; донистани барномаи 1С  «Корхона»; донистани хуҷҷатнигорӣ; донистани равандҳои сохибкорӣ

Суғурта

Бакалавр

  • Ёвари сардори лоиҳаҳо
  • Менеҷери пешбари шуъба
  • Ассистенти менеҷер оид ба суғуртакунонӣ

Магистр

  • Менеҷери лоиҳа
  • Талаботҳои корфармо донистани асосҳои моделсозии  ҷарёни тиҷорат; донистани қоида ва стандарткунонии хуҷҷатнигорӣ; истифодаи боэътимоди компютери фардӣ дорои дараҷаи магистр будан ба назар гирифта мешавад;                            

Харидори . Логистика. Гумрук.  Анбор

Бакалавр

  • Ёвари менеҷер дар шуъбаи харид
  • Муовини роҳбар оид ба харидорӣ
  • Ёвари мудири шуъбаи анбор ва нақлиети логистикӣ

Магистр

  • Менеҷер оид ба харидори
  • Логист
  • Талаботҳои корфармошахси боэътимоди кампютери фаврӣ ; донистани барномаи 1С(савдо ва анбор); донистани донишҳои барномавии анбор; донистани хуҷҷатнигории гумрукӣ ва логистикӣ, қонунгузориҳои логистикӣ; донистани забони ангилисӣ на кам аз сатҳи миёна;
  • Донистани забони англисиро дар сатҳи касбӣ аз 100 корфармо 95-тояш талаб менамояд.
  • Тамоми рохбарони манфиатдор дар муваффақияти бизнеси худ, ва кори иктисодчӣ-менеҷер танҳо ба рушд ва расидан ба ҳаддӣ лоиҳа  нигаронида шудааст.