ITC

Давраи омӯзишӣ оид ба тарроҳии либос тавассути барномаи комютерии “GRAFIS” дар Душанбе

Даҳ намояндаи муассисаҳои таълимӣ ва корхонаҳои дӯзандагии Тоҷикистон дар давраи омӯзишӣ оид ба тарроҳии муосири либос бо истифода аз барномаи компютерии “GRAFIS 12” иштирок мекунанд.

Ин тренинг барои тренерон (ToT) дар чаҳорчӯбаи Барномаи ҷаҳонии нассоҷӣ ва дӯзандагӣ (GTEX)-и Маркази тиҷорати байналмилалӣ (МТБ) баргузор шуда, аз ҷониби Ҳукумати Швейтсария маблағгузорӣ мегардад. Ин давраи омӯзишӣ аз 2-юм то 20-уми марти соли 2020 дар Маркази омӯзишӣ – таълимӣ оид ба дӯзандагӣ дар назди Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар ҳамкории наздик бо ин донишгоҳ амалӣ шуда, онро коршиносони варзидаи ширкати иттилоотӣ-технологии “Кадрус”-и шаҳри Маскав мегузаронанд. Барномаи компютерии “GRAFIS 12” дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи GTEX махсус барои Маркази омӯзишӣ-таълимӣ харидорӣ шудааст.

Ин давраи омӯзишӣ ҳам назария ва ҳам амалияи тарроҳии либосро тавассути барномаи “GRAFIS” фаро мегирад. “GRAFIS” барномаи нодири компютериест, ки фаъолияти эҷодкорӣ ва интеллектуалиро ба ҳам тавъам намуда, ҷараёни эҷоди тарроҳии либосро суръат мебахшад. Ин барнома ҳангоми омода сохтани намунаҳои либос вақтро сарфа ва кори тарроҳро осон намуда, сифати тарҳу қолабҳоро беҳтар мекунад ва шумораи намуди маҳсулотро афзоиш медиҳад.

Иштирокчиёни давраи омӯзишӣ дониши таҷрабиваӣ ва эҷодии тарроҳи нимдоман ва шими занонаро тавассути компютер тақвият дода, баъдан ин донишҳоро ба шогирдону ҳамкорон ва кормандонашон интиқол хоҳанд дод.

Ин дувумин давраи омӯзишии кӯтоҳмуддест, ки дар Маркази омӯзишӣ- таълимӣ оид ба дӯзандагӣ, ки соли 2019 аз ҷониби ДТТ бо дастгирии МТБ таъсис ёфтааст, баргузор мегардад. Маркази мазкур дар ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкории беҳтару қавитар миёни соҳа ва муассисаҳои таълимӣ нақши муҳимро хоҳад бозид ва барои таъмин намудани соҳа бо нерӯи кории таҳсилдида мусоидат хоҳад кард.

Маркази тиҷорати байналмилалӣ бо мусоидати Ҳукумати Швейтсария ҳадаф дорад, то сатҳи рақобатпазирии соҳаи нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистонро боло барад. Барои иҷрои ин ҳадаф ба корхонаҳои хурду миёна ва ниҳодҳои марбути пуштибони тиҷорат ёрии вижаи соҳавӣ расонида мешавад.