Форуми байналмилалӣ таҳти унвони «Саҳми Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар татбиқи саноатикунонии босуръати кишвар»

ВАЗОРАТИ САНОАТ ВА ТЕХНОЛОГИЯҲОИ НАВИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

ДОНИШГОҲИ ТЕХНОЛОГИИ ТОҶИКИСТОН

МАКТУБИ ИТТИЛООТӢ

Ҳамкасбони азиз,

Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо камоли эҳтиром Шуморо барои иштирок дар Форуми байналмилалӣ таҳти унвони «Саҳми Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар татбиқи саноатикунонии босуръати кишвар», ки ба муносибати 35-солагии таъсисёбии Донишгоҳ баргузор мегардад, даъват менамояд.

Санаи баргузорӣ: 1-уми ноябри соли 2025

Ҷойи баргузорӣ: Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи Н. Қарабоев, 63/3.

Самтҳои асосии кори Форум:

БАХШИ 1. Рақамисозии саноати нассоҷӣ ва саноати сабук

Навовариҳо дар соҳаи нассоҷӣ, истифодаи низомҳои CAD/CAM ва рақамӣ барои баланд бардоштани самаранокӣ, инчунин рушди тарҳрезӣ ва истеҳсоли маҳсулоти саноати сабук.

БАХШИ 2. Технологияҳои инноватсионӣ дар саноати хӯрокворӣ

Татбиқи равандҳои муосири истеҳсолӣ, баланд бардоштани сифати маҳсулот, роҳандозии стандартҳои байналмилалӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ.

БАХШИ 3. Таҳсилоти олии касбӣ, иқтисодиёт ва ҳамкориҳои байналмилалӣ

Нақши муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар рушди иқтисоди миллӣ, омодасозии мутахассисони рақобатпазир, тавсеаи робитаҳои байналмилалӣ ва татбиқи таҷрибаҳои нав.

БАХШИ 4. Технологияҳои иттилоотӣ ва табодули рақамӣ

Татбиқи технологияҳои рақамӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ ва идоракунӣ, рушди технологияҳои иттилоотию иртиботӣ, ҳамгироии илм ва саноат дар фазои рақамӣ.

Тарзи иштирок

Форум тариқи ҳузурӣ (offline) ва фосилавӣ (online) баргузор мешавад.

Забонҳои корӣ: тоҷикӣ, русӣ, англисӣ.

Талабот ба мақолаҳо

  • Ҳаҷм: 3-5 саҳифа
  • Қолаби файл: ҳуҷҷати Microsoft Word (.docx, .doc)
  • Номи ҳуруфот: Times New Roman
  • Андозаи ҳуруфот: 12
  • Фосилаи байнисатрӣ: 1,15
  • Ҳошияҳои саҳифа: 2 см аз ҳама тарафҳо (чап, рост, боло, поён)
  • Мақола бояд мавзуъ, маълумот дар бораи муаллиф (номи пурра, дараҷа ва унвони илмӣ, вазифа, ташкилот), шарҳи мухтасар (150-200 калима), калидвожаҳо (5‑7 калима), мундариҷаи асосӣ ва рӯйхати адабиётро дар бар гиранд.
  • Истинодҳо ба сарчашмаҳои истифодашуда бояд мувофиқи талаботи ГОСТ Р 7.0.5-2008 оварда шаванд.

 Дар асоси натиҷаҳои кори Форум маҷаллаи илмӣ нашр мешавад, ки он ба пойгоҳи Шохиси россияги иқтибосоварии илмӣ (рус. РИНЦ; eLibrary.RU) дохил карда мешавад.

Муаллифон барои мувофиқати маълумоти дар мақолаҳояшон пешниҳодшуда масъуланд. Кумитаи тадорукот барои мундариҷаи маводи пешниҳодшуда ҷавобгӯ нест.

Муҳлати пешниҳоди маводҳо

Маводҳо то 15-уми октябри соли 2025 ба суроғаи почтаи электронии vestnik-tut@mail.ru (бо мавзуи «Форуми бахшида ба 35-солагии ДТТ») қабул карда мешаванд.

Иштирок дар Форум ройгон аст.

Маълумот барои тамос:

Донишгоҳи технологии Тоҷикистон

Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи Н. Қарабоева, 63/3

Почтаи электронӣ (e-Mail): vestnik-tut@mail.ru

Телефон: (+992 37) 234-79-89, 234-79-88

WhatsApp / Telegram +992-90-028-10-85

Бо эҳтиром,

Кумитаи тадорукоти Форум