Факултети таҳсилоти фосилавӣ ва ғоибона

Аз оғози соли таҳсили 2003-2004 дар сохтори донишгоҳ факултети таҳсилоти ғоибона таъсис дода шуда 218 нафар ба сафи донишҷӯёни курси якум қабул гардиданд. Дастпарвари Донишгохи давлатии Тоҷикистон н.и.т., профессор Юсупов Шаъбони Тағоевич, аз аввали барпо шудани факултети таҳсилоти ғоибона декании факултетро ба ӯҳда дошт.

Аз соли 2009 то соли 2013 н.и.ф. дотсент Шарифов Исомиддин Умарович дар вазифаи декани факултети таҳсилоти ғоибона ва баъди дипломӣ кору фаъолият намудааст.

Бо фармони ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон аз 26-уми майи соли 2015 таҳти №13 дар сохтори донишгоҳ, факултети таҳсилоти фосилавӣ ва ғоибона таъсис дода шуд, ки теъдоди донишҷӯён дар аввали таъсисёбии факултети мазкур 97-нафарро ташкил медод.

Аз 26 майи соли 2015 то 1 феврали соли 2019 роҳбарии факултетро номзади илмҳои физика-математика Зарифбеков Мародбек Ширинбекович ба ӯҳда дошт. Оғоз аз 1 феврали соли 2019 то 08.08.2024 н.и.и., и.в.,дотсент Насриддинов М.Ш. ба ҳайси декани факултет кору фаъолият кардааст.

Номзади илмҳои техникӣ, и.в.,дотсент Анушервони Шовалихон аз августи соли 2024 декани факултет таъин гардид. Дар сохтори факултет низоми таҳсилоти фосилавӣ фаъолият менамояд.

Садорати факултет тамоми шароити созгоро ба омӯзгорону донишҷӯён муҳаё сохтааст, ки онҳо баҳри тадбиқи дастовардҳои зеҳнии хеш пайваста фаъолияти самаранок мебаранд. Механизми ҳавасмангардонӣ ҳамеша мавриди истифода қарор дорад. Айни замон дар факултет зиёда аз 621 нафар донишҷӯён аз рӯи 12 ихтисос дар зинаи бакалавр таҳсил карда истодаанд.

 

 

  1. 1-25010410 – «Менеҷменти молиявӣ»
  2. 1-250103 – «Иқтисодиёти ҷаҳонӣ»
  3. 1-25010711 – «Иқтисод ва идора дар корхонаҳои саноатӣ»
  4. 1-26020202 – «Менеҷменти байналмилалӣ»
  5. 1-26020305 – «Маркетинги байналмилалӣ»
  6. 1-26020208 – «Менеҷменти инвеститсионӣ»
  7. 1-54 01 01 04 – «Метрология, стандарткунонӣ ва сертификатсия (саноати сабук) »
  8. 1-54 01 01 05 – «Метрология, стандарткунонӣ ва сертификатсия (саноати хўрока) »
  9. 1-50010108 – «Технология ва таљњизоти истењсоли нахњои табиӣ»
  10. 1-50010202 – «Тарҳрезии маҳсулоти дӯзандагӣ»
  11. 1-40010101- «Системаҳои компютерӣ ва интенет-технологияҳо»
  12. 1-40010202- “Технология ва низоми иттилоотӣ дар иқтисодиёт”