Кафедраи «Энергетика ва шабакаҳои телекоммуникатсионӣ» ҳамчун ҷузъи таркибии факултети Телекоммуникатсия ва таълимоти касбии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон буда, дар асоси талаботи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», «Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Низомномаи кафедраи муассисаи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон №8/4 аз 13 апрели соли 2006 тасдиқ шудааст, амал мекунад.
Дар асоси қарори Шӯрои олимони Донишгоҳ аз санаи 25.04.2022 суратҷаласаи №9 кафедра ҳамчун кафедраи мустақили «Энергетика ва шабакаҳои телекоммуникатсионӣ» таъсис ёфт. Мудири кафедра н.и.т., Ҳасанов Ҷасур Рустамҷонович таъин шуд.
Вазифаи стратегии кафедра
-ба талаботҳои стандартҳои давлатии таълимӣ ҷавобгӯ тайёр намудани мутахассисони соҳибкасби зинаи бакалавр аз рӯи ихтисос барои фаъолият дар сохторҳои гуногуни вазоратҳо, корҳонаҳо ва муассисахои давлатию ғайридавлатӣ, пеш аз ҳама дар Вазорати саноат ва технологияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар сохторҳои қудратӣ, молиявӣ, бонкҳо, ширкатҳои хусусӣ, ширкатҳои мобилӣ, муассисаҳои таълимӣ, идораҳои худфаъолияти давлатӣ ва маҳаллӣ, ташкилотҳои илмӣ – тадқиқотӣ, ки дар онҳо истифодаи технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ пешбини гаштааст, вобаста ба равия ва ихтисосҳои:
дараҷаи бакалавр:
1-45.01.03 – «Шабакаҳои телекоммуникатсионӣ»;
1-43.01.06.01 – «Технологияи энергияи самарабахш дар энергетика».