Кафедраи тарбияи ҷисмони

20  сентябри  соли 1990  бо  қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз – соли 1990 таҳти рақами –  Донишгоҳи  теҳнологии  Тоҷикистон   таъсис  ёфт. Барои гузаронидани дарсҳои тарбияи  ҷисмонӣ  ва  омодасозии  варзишгарони болаёқат дар  донишгоҳ  соли 1992  шӯъбаи тарбияи ҷисмонӣ  ташкил карда шуд, ки   сарварии онро ассистент Ҳоҷаев К.К. ба ӯҳда дошт.  Солҳои 1993-1994 шуъбаи мазкурро устодон Бозоров Т.Н.,  баъдан Абрамов  И.А.  роҳбарӣ  мекарданд. Моҳи декабри соли 1998 Диловаршоев Султоншо Диловаршоевич устоди Мураббии  шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор омад ва бо ҳамроҳи муаллими  калон  Насридинов Қиёмуддин кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва варзишро дар  Донишгоҳи  теҳнологии  Тоҷикистон  ташкил намуда, устод Диловаршоев С. Насриддинов Қ.   барои баланд  бардоштани ҳолати дарсҳои тарбияи ҷисмонӣ  ва ба муваффақиятҳои  олӣ  соҳиб  шудани донишҷӯён  корро  аз  сари нав  оғоз  карданд. Кори ҳуби ин ду устод буд, ки  кафедраи  тарбияи ҷисмонӣ  дар  донишгоҳ  рушд  ёфт  ва оҳиста-оҳиста дар он пешравӣ  ҳис  мешуд.  Дар  ин  солҳо  ба  ғайр  аз  он  ки  дарсҳо  дар  сатҳи  баланд  мегузаштанд,  дастаҳои  якачини  донишгоҳ  аз  намудҳои  футбол, волейбол, баскетбол, тенниси рӯи миз,  варзиши  сабук  ташкил  ёфтанд, ки  дар  як муддати кӯтоҳ аз мавҷудияти  ҳудашон  дарак доданд. Дастаҳои мазкур тавонистанд дар як муддати кӯтоҳ на танҳо дар чорабиниҳои донишгоҳӣ, балкӣ дар ҳамаи чорабиниҳое, ки дар шаҳри Душанбе  мегузаштаанд фаъолона  иштирок  намуда,  чойҳои  сазоворо  ишғол  мекарданд.         Моҳи  сентябри  соли 2002 ба кафедраи  тарбияи  ҷисмонӣ  ва  варзиш  боз  як  устоди  ботаҷриба  Грошев Виктор Абрамович, собиқ  устоди  теҳникуми  тарбияи  ҷисмонӣ,  бо  собиқаи  кории  27-сола  ба вазифаи  саромӯзгор-тамрингар (тренер)  аз  рӯи варзиши сабук бо фаъолият шуруъ намуд, ки таҷрибаи кории ӯ боиси устуворшавии мавқеи кафедра гардид ва  дар донишгоҳ  варзишгарон  ба  омодагии  нағзи варзишӣ тайёр карда шуда, ғолибиятро дар чемпионатҳои шаҳрӣ  ва  ҷумҳуриявӣ ба даст оварданд.Соли 2003 дар кафедра  Ҳушвақтова А.С. ба  вазифаи мудири толори  варзишӣ  ва  устоди  кафедра  ба  фаъолият  шуруъ  намуд.Моҳи  декабри  соли  2006  устод  ва  тамрингар  аз  рӯи  намуди  волейбол  Ренье Валентина Борисовна  дар  кафедраи  тарбияи  ҷисмонӣ  ва  варзиш   ба  фаъолияти   педагогӣ  шуруъ   кард. Ренье  В.Б  иштирокчии  мусобиқаҳои  ҷумҳуриявӣ  ва  байналмилалӣ,  устоди  варзиши  ҶТ  аст.  Соли 2008  аз  моҳи  сентиябр  дар  кафедра  омӯзгор  ва  тренер  оид  ба  футбол  Диловаршоев  Р,С.  ба  кор  шуруъ  менамоянд.  Соли  2009  моҳи  сентиябр  устод  ва   тамрингар  оид  ба  валейбол  устоди  варзиши  ҶТ  иштирокчии   мусобиқаҳои  гуногуни  Ҷумҳуриявӣ  ва  байналҳалқи  Бозорбоев  Р.С.  ба  кор  қабул  карда  шуд.Диловаршоев Силтоншо Диловаршоевич  аз соли  1997  то соли 2012 ҳамчун мудири  кафедраи  тарбияи  xисмонӣ  ва  варзиш  дар Донишгоҳи  теҳнологии  Тоҷикистон  кор   ва фаъолият намудааст. Дар  солҳои  фаъолияташ   бо  сарварии  устод  Диловаршоев С.Д.  дар  донишгоҳ  зиёда  аз  40   нафар  устоди  варзиш  ва  зиёда аз 60   нафар  номзад  ба  устоди  варзиш  тайёр  намудааст. Дар  корҳои  ҷамъиятии  донишгоҳ  фаъолона  иштирок  мекард. Аз соли 2013 то мудири кафедраи тарбияи чисмонӣ Диловаршоев Рамшед Систоншоевич кор ва фаолият мекунад.