Докорантура (PhD)

ДОКТОРАНТУРА АЗ РӮЙИ ИХТИСОС (PhD)

Докторантура аз рӯйи ихтисос (PhD) ин шакли тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси илмӣ ва илмию педагогӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, таҳсилоти касбии баъд аз муассисаҳои олии таълимӣ ва муассисаҳои илмӣ бо додани дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисос барои шаҳрвандоне, ки дараҷаи академии магистр доранд, мебошанд.

Докторантура аз рӯйи ихтисос (PhD)-и Донишгоҳи технологии Тоҷикистон раванди тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси илмӣ ва илмию педагогиро мувофиқи Низомномаи докторантура аз рӯйи ихтисос, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 феврали соли 2017, № 93 тасдиқ гардидааст ва талаботи байналмилалӣ ва принсипҳои раванди Болонӣ таъмин менамояд.

Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон мувофиқи Иҷозатномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон АУ № 0002786 аз 07.05.2019 № 3506 таҳсил дар докторантура аз рӯйи ихтисос (PhD) аз рӯйи 8 ихтисос ба роҳ монда шудааст. Шакли таҳсил дар докторантура рӯзона мебошад ва муҳлати таҳсил 3 солро ташкил медиҳад.

Ихтисосҳои докторантура аз рӯи ихтисос (PhD):

– 6D072400 – Мошин ва таҷҳизоти технологӣ (аз рӯйи соҳаҳо);

– 6D072410 – Мошинҳо, агрегатҳо ва равандҳо (саноати хӯрокворӣ);

– 6D072411 – Мошинҳо, агрегатҳо ва равандҳо (саноати сабук);

– 6D072700 – Технологияи маҳсулоти хӯрока (аз рӯйи соҳаҳои татбиқ;

– 6D073300 – Технология ва лоиҳакашии маснуоти нассоҷӣ;

– 6D070500- Амсиласозии математикӣ ва компютерӣ;

– 6D050601- Назарияи иқтисод;

– 6D050701- Иқтисод ва идораи хоҷагии халқ (бо нишон додани ришта ва соҳаҳои фаъолият, аз ҷумла иқтисод, ташкил ва идораи корхонаҳо, соҳаҳо, комплексҳо; иқтисоди аҳолӣ ва демография; иқтисоди соҳибкорӣ).

Номгӯйи ҳуҷҷатҳое, ки барои дохилшавӣ ба докторантура аз рӯйи ихтисос (PhD) бояд пешниҳод гарданд:

– ариза ба номи ректор;

– нусхаи шиноснома;

– анкетаи дохилшаванда ба докторантура;

– нусхаи нотариалӣ тасдиқшудаи дипломҳои таҳсилоти олӣ ва баъдидипломӣ ва замимаҳои онҳо (дипломи бакалавр ва магистр);

– варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо;

– нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ, ки аз тарафи шуъбаи кадрҳо тасдиқ карда шудааст (ҳангоми доштани собиқаи корӣ);

– сертификати супоридани имтиҳонҳои иловагӣ аз забони хориҷӣ, дар сурати мавҷуд будан (TOEFL ва ғайра);

– мактубҳои тавсиявӣ (бо тасдиқи муҳри ташкилот);

– рӯйхати чопи мақолаҳои илмӣ ва корҳои таълимӣ-методӣ (дар ҳолати пешниҳод накардани реферат аз рӯйи ихтисос бо тақризи на камтар аз ду мутахассиси соҳа);

– маълумотномаи тиббии шакли 086-У;

– 6 расми андозаи 3х4;