Барномаҳои амалишуда

Системаҳои электронии ахборотӣ ва идоракунии ДТТ

www.tut.tj – саҳифаи иттилоотии донишгоҳ дар шабакаи Интернет буда, дар он иттилооти статиткӣ оида ба номгӯи сохторҳои донишгоҳ, фаъолияти муқарраргардидаи онҳо, ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқии танзимкунанда, ҳайати кормандон ва дастовардҳо гирд оварда шудаанд. Ба сифати  иттилооти динамикӣ бошад руйдоҳои навини илмӣ, таълимӣ, фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва эълонҳои ҷорӣ ҷой дода шудаанд.

www.lms.tut.tj – (Learning Management System) Системаи мазкур системаи локалӣ ба ҳисоб рафта, он танҳо дар ҳудуди шабакаи дохилидонишгоҳӣ истифода бурда мешавад. Системаи номбурда барои идоракунии раванди таълим пешбинӣ гардида, дар он вобаста ба талабот ва меъёрҳои танзимкунандаи раванди таълим модулҳои алоҳида барои коркард ва натиҷагирӣ тарҳрезӣ гардидаанд. Аз ҷумла, модулҳои кормандон, шуъбаҳо, фанҳои таълимӣ, сохтани саволномаҳои тестӣ, идоракунии тестҳо, идоракунии контингент, сессияи имтиҳонӣ, триместерҳо, журнали деканат, журнали омӯзгор, рейтингҳои фаннӣ, дарсҳои маҳорат ва шуъбаи таълим  барои пурра зери назорат гирифтан ва идора кардани раванди таълим ва бойгонӣ намудани маълумот дар воситаҳои электронӣ, фаъол мебошанд.

www.Is.tut.tj  – Системаи мазкур системаи локалӣ ба ҳисоб рафта, он танҳо дар ҳудуди шабакаи дохилидонишгоҳӣ истифода бурда мешавад. Ин система ба хотири таъмини бехатарӣ ва дастрасии ваколатдор ба кабинетҳои инфиродии донишҷӯён пешбинӣ гардида, тариқи он донишҷуён баъди аз ҷониби маъмурони имтиҳонӣ дар асоси ҷадвали имтиҳонот фаъол намудани санҷишҳо ба система ворид гардида вобаста ба муҳлати муайяни вақт имтиҳон месупоранд. Система имконияти дар як маврид қабул ва натиҷагирӣ намудани санҷишҳоро дорад ва метаваонад натиҷаҳои ниҳоии санҷишҳоро дар баробари ба охир расидани вақти таъингардида пешкаш намояд.

www.unidoc.tut.tj (77.95.0.61) Системаи мазкур системаи локалӣ ба ҳисоб рафта, он танҳо дар ҳудуди шабакаи дохилидонишгоҳӣ истифода бурда мешавад. Системаи мазкур барои таъмини мукотибаи корреспондентӣ байни сохторҳо, назорати аз болои рафти иҷрои дастуру супориҳои вазоратхонаҳо ва сохторҳои дигари давлатӣ, мукотибаи корреспондентӣ бо дигар ташкилотҳо ва шарикон, динамикаи иҷроиш ва натиҷагирӣ намудани аз рафти иҷроиши мактубҳо ва супоришҳо пешбинӣ шудааст. Ҳамчунин, дар система модули “супоришҳои даврӣ” пешбинӣ шудааст, ки дар вобастагӣ аз тобеияти сохторӣ роҳбарони сохторҳо имконият доранд, ки ба сохторҳои зертобеашон супоришҳои даврии кориашонро бо нишон додани муҳлати иҷрояшон таъин намуда, назорат намоянд. Системаи худкор метавонад бо хиҳиши истифодабаранда оид ба супориҳои муҳлаташон гузашташуда ва дар иҷроишбуда ҳисобот пешниҳод намояд.

www.acadmobility.tut.tj (77.95.0.57) Ин web-портал дар шабакаи Интернет фаъол буда, ҳамчун портали интерактивӣ барои рушди сайёрияти академӣ ба донишҷӯёни донишгоҳ ва донишҷӯёни дигар муассисаҳои таълимии дохилу хориҷи кишвар ҷиҳати истифода бурдани имкониятҳои байниякдигарии мубодилаи академии пешбинишуда сохта шудааст. Портали мазкур барои сайёрияти академии воридшаванда (incoming mobility) ва ҳам барои сайёрияти академии буруншаванда (outgoing mobility) модулҳои алоҳида дошта, вобаста ба талаботи ҷойгиркардашуда маълумоти лозимиро коркард ва натиҷагирӣ менамояд.  Ҳамчунин, ситема вобаста ба муҳлати нишондодашуда метавонад ҳисоботи мушаххасро барои корбарони система пешниҳод намояд.

www.fosilavi.tut.tj  Ин web-портал барои идоракунӣ ва назорати раванди таълим дар системаи таҳсилоти ғоибона ва фосилавӣ пешбинӣ гардида, ба таври интерактивӣ кор мекунад. Дар он модулҳои кабинети инфиродӣ, суҳбатхона (чат), ҷадвали дарсӣ, календари таълимӣ, китобхонаи электронӣ, санҷишҳои тестӣ, журнали баҳогузорӣ, журнали давомот, видеокурсҳо, курсҳои таълимӣ бо маводҳои методӣ,  фаъол мебошанд. Система дар заминаи системаи маъмули MOODLE, ки аслан барои системаҳои таҳсилотӣ пешбинӣ шудааст,  тарҳрезӣ гардидааст.

www.netacad.tut.tj  (77.95.0.58) – Курсҳои бархатии (онлайнии) Академияи шабакавии Cisco-и назди Донишгоҳи технологии Тоҷикистон.

www.service.tut.tj (77.95.0.62) – системаи мазкур ситемаи электронии локалии интерактивӣ ба ҳисоб рафта, аз се модели асосӣ иборат мебошад:

-модули “дархост”- ин модул барои сохторҳои хизматрасонандаи муассиаҳои таълимӣ пешбинӣ шуда ба истифодабарон имконият медиҳад, ки  ба марказҳо ва шуъбаҳо дархост навишта аз хизматрасонихои онҳо истифода баранд. Модули мазкур имконияти назорат аз рафти иҷроиши дархостҳо ва хизматрасониҳоро дошта, метавонад дар як вақт боз бо истифодабаранда дар тамос шуда, оид ба натиҷа ва сатҳу сифати хизматрасониҳо маълумот гирд оварад. Ин модул ҳоло дар “МТКваТ” фаол истифода бурда мешавад;

-модули “вазифаҳои даврӣ”-ин модул ба роҳбарон ва сардорони марказу шуъбаҳо имконият медиҳад, ки ба зердастонашон супориш дода иҷроиши онро дар вақти реалӣ назорат кунанд;

-модули “давомоти корӣ” – ин модул барои назорати давомоти кории кормандон пешбинӣ гардида, вақти ба кор ҳозиршавии кормандон ва вобаста ба он таҳия намудани табели баҳисобгирии вақти кории ҳармоҳаро пешниҳод намояд.