Шуъбаи  кор бо занону духтарон

Занон дар тарғиби арзишҳои муқаддам оиладорӣ ва баланд бардоштани фарҳанги хонаводагӣ ҳисси муносиб гузошта ба ин восита мақоми зан-модарро, ки пешбарандаи ҳаёти ҷамъият ва асоси бахту нишот мебошад, боз ҳам баланд мебардоранд.

Дар таъсис ва ба роҳ мондани кори шӯъба ин нафарон фаъолияти пурсамар анҷом додаанд. Аз соли 2015 то 2019 дар вазифаи мудири бахши занонро номазади илмҳои иқтисодӣ дотсент Хубони Сорбон  кор ва фаъолият намудааст. Аз соли 2019 то 2021 дар вазифаи мудири бахши занон ва духтарони донишгоҳ Раҷабова Сановбар роҳбари намуд. Аз соли 2021-2023 Комилова Нилуфар дар ин вазифа кор ва фаъолият намуд. Аз соли 2023 то 2024 ин вазифаи пурмасъулиятро Шоҳзода Назира роҳбари намудааст.  Аз моҳи апрели соли 2024 то октябри соли 2024 Кабирова Оиша дар ин вазифа кор ва фаъолият намуд. Аз моҳи октябр то декабри соли 2024 Муқимзода Наргис, аз моҳи декабри соли 2024то марти 2025 Қурбонзода Дилноза дар вазифаи мудири кор бо занон ва духтарони донишгоҳ фаъолият намуд.

Шӯъбаи  кор бо занон ва духтарони Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, ки роҳбарии онро Баҳронова Хушнуда Абдумуминовна ба уҳда дорад, ки фаъолияти хешро тибқи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии мавҷуда дар ин самт ба роҳ мондааст. Дар назди шӯъба Шӯрои занон ва духтарони донишгоҳ таъсис дода шудааст, ки вазифаҳои он ба занону духтарон шинос намудани қонунҳое, ки ба онҳо тағироту иловаҳо ворид карда мешаванд, инчунин баланд бардоштани ҳуқуқ ва ҳимояи онҳо дар асоси баробарии гендерӣ ва паҳн намудани иттилоот оид ба вазъи занон, тарғиби ҳаёти солим, камолоти маънавӣ, масъулияти баланди ҷавонон ҳангоми бунёди оила, татбиқи Стратегияи фаъолгардонии занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-20230, тарғиби фарҳанги миллӣ мебошад.

Шӯъбаи кор бо занон ва духтарони донишгоҳ, ки то моҳи августи соли 2024 ҳамчун бахши кор бо занон ва духтарони донишгоҳ фаъолият дошт, ки дар баробари дар сохтори донишгоҳ тағирот ба амал омаданд бахши кор бо занон ва духтарони донишгоҳ ҳамчун шӯбаи кор бо занон ва духтарони донишгоҳ номгузорӣ гашата фаъолияти худро ба роҳ монда истодааст. Шӯъбаи кор бо занон ва духтарони донишгоҳ яке аз звенаҳои пурмасъултарини фаъолияти донишгоҳ ба ҳисоб меравад, ки занҳои фаъол, донишманд, соҳибмаърифату, соҳибкасб  кор ва фаъолият намудаанд.