Давлатализода Сироҷиддин Давлаталӣ 1 ноябри соли 1991 дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст.
Солҳои 1997–2009 хонандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 17-и ноҳияи Ҳамадонӣ буд ва 2009–2015 таҳсилро дар факултаи математика ва информатикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ (аз рӯи ихтисоси математика) идома додааст.
Марҳилаҳои фаъолият ва пешрафти илмӣ:
- Солҳои 2015–2017 – ассистенти кафедраи математика ва методикаи таълими он дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб (ДДK) ба номи А. Рӯдакӣ.
- Солҳои 2017–2020 – аспиранти ДДК ба номи А. Рӯдакӣ.
- Солҳои 2020–2021 – мутахассиси Раёсати илм ва инноватсияи ДДК ба номи А. Рӯдакӣ.
- Соли 2021 – рисолаи номзадӣ дифоъ намуда, соҳиби дараҷаи илмии номзади илмҳои педагогӣ гардид.
- Солҳои 2021–2022 – мудири кафедраи математика ва методикаи таълими он.
- Солҳои 2022–2023 – сардори шуъбаи тайёркунӣ ва аз нав тайёр кардани кадрҳои илмию педагогии ДДК.
- Солҳои 2023–2025 – мудири кафедраи математика ва методикаи таълими ДДК. Соли 2025 сазовори унвони «Олими соли ДДК ба номи А. Рӯдакӣ» гаштааст.
- Солҳои 2025–2026 – Номзади илмҳои педагогӣ, дотсенти кафедраи геометрия ва математикаи олии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ.
- Аз 26 августи соли 2026 то ҳол – мудири кафедраи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон кору фаъолият дорад.
Ҷоизаву унвонҳо:
– «Сипоснома»-ҳои Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А. Рӯдакӣ ва раиси Ҳукумати вилояти Хатлон (дар солҳои гуногун)
– Нишони «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2026)
Эҷодиёт:
Муаллиф ва ҳаммуаллифи 2 китоби дарсӣ, 4 монография, 13 дастур ва воситаи таълимӣ, инчунин беш аз 60 мақолаи илмӣ.
Маълумоти шахсӣ:
– Узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (ҲХДТ).
-Оиладор, соҳиби 5 фарзанд.