Масъалаҳои муҳокимашаванда:
– Таъсири рақамикунонӣ ва худкоркунонии равандҳои нассоҷӣ.
– Маводҳои нав ва истифодаи онҳо дар саноати сабук. Нақши кооператсияи байналхалқӣ дар тараққиёти истеҳсолоти бофандагӣ.
– Кадом технологияҳои инноватсионӣ дар истеҳсолоти нассоҷии муосир бештар талабот доранд?
– Чӣ тавр асбобҳои рақамӣ тарзи таҳия ва тарроҳии матоъро тағйир медиҳанд?
– Дар саноати нассоҷии фазои Авруосиё кадом равишҳои аз ҷиҳати экологӣ тоза истифода мешаванд ва онҳо ба рушди устувор чӣ гуна мусоидат мекунанд?
– Бофандагии зеҳнӣ бо ҳамгироии сенсор дар рушди саноат чӣ нақш мебозад ва онҳо чӣ гуна дурнамоҳоро мекушоянд?
– Технологияҳои зеҳни сунъӣ дар саноати нассоҷӣ, аз ҷумла худкоркунонии истеҳсолот, назорати сифат ва пешгӯии талабот кадом мушкилотро ҳал мекунанд?
Масъалаҳои муҳокимашаванда:
– Истифодаи дастгоҳҳои зеҳнӣ барои назорат ва идоракунии равандҳои истеҳсолӣ.
– Навовариҳо дар бастабандӣ ва интиқоли ғизо.
– Платформаҳои рақамӣ барои идоракунии занҷираи таъминот.
– Технологияҳои муосири коркард ва нигоҳдории ғизо.
– Истифодаи барномасозӣ барои баланд бардоштани самаранокии истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ.
– Амнияти ғизо ва назорати сифат бо истифода аз низомҳои рақамӣ.
– Истифодаи зеҳни сунъӣ барои баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва худкоркунонии равандҳо (масалан, навъбандии маҳсулот, назорати сифат).
– Қабули технологияҳо барои таҳияи маҳсулоти ғизоии функсионалӣ ва устувор.
Масъалаҳои муҳокимашаванда:
– Нақши лоиҳаҳо ва барномаҳои байналмилалии таълимӣ (масалан, Эразмус+, Horizon Europe) дар таҳкими робита байни донишгоҳҳо ва марказҳои тадқиқотӣ.
– Ҳамкории мутақобилаи муассисаҳои таълимии кишварҳои гуногун дар шароити рақамикунонии иқтисодиёт.
– Тадқиқоти муштарак ва табодули таҷриба дар мавриди истифодаи технология дар равандҳои таълимӣ.
– Худкоркунонии равандҳои тарҳрезӣ ва идоракунии истеҳсолот.
– Дугоникҳои рақамӣ ҳамчун воситаи оптимизатсияи низомҳои истеҳсолӣ.
– Чӣ тавр рақамисозӣ усулҳои омӯзиш ва таълимро тағйир медиҳад?
– Кадом воситаҳо ва платформаҳои рақамӣ барои муассисаҳои таълимӣ самараноктаранд?
– Таъсири технологияҳо (масалан, зеҳни сунъӣ, воқеияти виртуалӣ) ба раванди таълим.
– Перспективаҳои инкишофи барномаи саноати бофандагӣ ва хӯрокворӣ.
– Таҳияи лоиҳаҳои муштараки илмӣ ва таълимӣ дар соҳаи технологияҳои рақамӣ.
– Нақши конфронсу форумҳои байналмилалӣ дар пешбурди технологияҳои рақамӣ дар соҳаҳои таълим ва илм.
– Нақши рақамикунонӣ ва барномасозӣ дар навсозии саноати нассоҷӣ ва хӯрокворӣ чӣ гуна аст?
– Истифодаи додаҳои калон ва зеҳни сунъӣ дар равандҳои истеҳсолӣ чӣ бартариҳо дорад?
– Кадом барномаҳои таълимӣ оид ба технологияҳои рақамӣ барои таълими касбӣ лозиманд?
– Чӣ тавр донишгоҳҳо метавонанд ба марказҳои калидии омӯзиши иқтисодиёти рақамӣ ва барномасозӣ табдил ёбанд?
– Кадом шаклҳои конфронсҳои илмӣ, семинар ва форумҳо барои табодули таҷриба дар соҳаи технологияҳои рақамӣ самараноктаранд?
– Чӣ тавр платформаҳои рақамӣ ба ҳамкорӣ байни донишгоҳҳо ва соҳаи саноат мусоидат мекунанд?
– Тадқиқот дар соҳаи барномасозӣ ва рақамисозӣ барои саноат ва илм кадом дурнамоҳоро боз мекунад?
– Таҳияи қарорҳои нармафзор ба худкоркунонии равандҳои истеҳсолӣ дар соҳаҳои гуногуни саноат чӣ гуна кумак мерасонад?