Шуъбаи таҳрир, тарҷума ва нашри Донишгоҳи технологии Тоҷикистон воҳиди сохтории Раёсати Донишгоҳ буда, банақшагирӣ ва тавсияи маҷалла, монография, рисолаҳои илмӣ, китобҳои дарсӣ, баргардон, таҳия ва тарҷумаи осор, барномаҳои таълимӣ, васоити таълимӣ, дастурҳои таълимӣ – методӣ, брошюра, фишурдаву маҷмуаи мақолаҳои илмии устодону аспирантон ва кормандони Донишгоҳро танзим ва таъмин менамояд.
Ин воҳиди сохторӣ дар амалӣ гардидани фаъолияти таҳрирӣ ва интишори маводи нашршавандаи Донишгоҳ ва дигар муассисаҳои илмӣ – таълимӣ ҳавасманд буда, барои саривақт ва бо сифати баланд чоп ва дастрас намудани онҳо мусоидат менамояд.
Шуъба фаъолияти маҷалаҳои ”Паёми Донишгоҳи технологии Тоҷикистон“, ”Паёми Донишгоҳи технологии Тоҷикистон (бахши илмҳои гуманитарӣ ва педагогикаи касбӣ“ ва ҳафтаномаи “Фановар“ – ро зери назорат қарор дода, барои таҳия ва нашр гардидани онҳо шароити мусоиди эҷодӣ фароҳам меоварад.
Шуъба тибқи қонунҳо ва санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти ноширӣ ва полиграфӣ”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Иттилоот”, фармоишу қарорҳои мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи таҳсилоти олии касбӣ ва илмӣ, Оинномаи намунавии Донишгоҳ, қарорҳои Шурои олимони Донишгоҳ ва фармоишу дастурҳои ректори Донишгоҳ фаъолият бурда, ҳамчун зерсохтори Раёсати илм ва татбиқоти Донишгоҳ аз ҷиҳати маъмурӣ ба муовини ректор оид ба илм ва татбиқот тобеъ мебошад.
Вазифаи асосиаш банақшагирӣ ва амалисозии фаъолият дар самти таҳрир, тарҷума ва нашри Донишгоҳ буда, стандартҳои давлатӣ ва меъёрҳои нашри асарҳои илмӣ, мувофиқат кардан, ё накардани китобҳои ба нашр пешниҳодшударо муайян ва мутобиқат доштан ё надоштани асарҳои илмиро ба талаботи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ муқаррар мекунад.
Шуъбаи таҳрир, тарҷума ва нашр дар ҳайати 3 нафар коргари доимӣ – мудири шуъба, мутахассис – таҳлилгари корҳои илмӣ – таҳқиқотӣ ва таъбу нашр, мутахассиси тарҷумон (таҳриргари нашрияҳои илмӣ) ва ду нафар корманди беруна ба ҳайси мутахассиси тарҷумон (таҳриргари нашрияҳои илмӣ) фаъолият мекунад.