Шуъбаи рушди касбият ва мониторинги хатмкунандагон

АШУРОВА Нодирабегим Эркиновна

Мудири шуъбаи рушди касбият ва мониторинги хатмкунандагони
nodirabegim0485@gmail.com
(+99237)2347990
More Detail

МАЪЛМОТИ УМУМӢ

Шуъбаи рушди касбият ва мониторинги хатмкунандагон

Шуъбаи рушди касбият ва мониторинги хатмкунандагон (минбаъд Шуъба) воҳиди сохтории донишгоҳ ба ҳисоб меравад. Шуъбаи рушди касбият ва мониторинги хатмкунандагон фаъолияти худро дар асоси Оинномаи ДТТ, амру дастур ва супоришҳои ректори донишгоҳ ба роҳ мемонад. Консепсияи ташаккули Шуъбаи рушди касбият ва мониторинги хатмкунандагон инҳо мебошанд:

– Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тайёр намудани мутахассисон бо назардошти талаботи бозори меҳнат” (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2012,№8, мод.832);

– Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Стратегияи давлатии рушди бозори меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020” (аз  2 июни соли 2011 № 277);

– Дастури Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон № 05 / 1-976 аз 26.02.2016  “Дар бораи таъсис додани Шуъбаи рушди касбият ва монитоинги хатмкунандагони рушди касбият”;

Вазифаҳои асосии Шуъбаи рушди касбият ва мониторинги хатмкунандагон

  • дастгирии ҳамаҷонибаи донишҷуён ва хатмкунандагон дар соҳаи рушди таълимии онҳо;
  • пешниҳоди хизматрасониҳои гуногун барои банақшагирӣ ва рушди касбият;
  • мусоидат дар ба даст овардани ҳадафҳои касбии донишҷуён ва хатмкунандагон ташаккули навгонии малакаи донишҷуён ва хатмкунандагон бо мақсади баланд бардоштани рақобатпазирии онҳо дар бозори меҳнат;
  • гузаронидани ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ бо мақсади бо чои кор таъминкунии донишҷуён ва хатмкунандагон дар бозори меҳнат;
  • пешниҳоди маълумот оид ба пешбинии рушди шуѓлият дар бозори меҳнат;
  • усулҳои таълимии касбӣ бо роҳи рушди корӣ, гузаронидани мониторинг дар бозори меҳнат оиди талаботҳои касбӣ аз руи ихтисос ва тахассусҳои гуногун;
  • пешниҳод намудани маҷмуи хизматрасониҳо оиди гирифтани малакаҳои зарурӣбарои рушди касбият;
  • ташкили манбаи маълумот дар бораи хатмкунандагон ва корфармоён вобаста ба имкониятҳои рушди касбият;
  • ташкили хизматрасониҳои таълимӣ ба монанди семинарҳо;
  • тренингҳо ва курсҳои омӯзишӣбо мақсади пайдо кардани мавқеи арзанда, рушди касбият ва такмили ихтисос;
  • ташкил ва нигоҳдоштани алоқаи доимии ҳамкорӣ бо корфармоён дар омода намудани мутахасиссон барои бозори меҳнат;
  • ҷамъоварӣ, коркард ва паҳн кардани маълумот оид ба идомаи таҳсил, кор, коромузӣва таҷрибаомузӣ дар асоси барномаҳои иҷтимоӣ ва лоиҳаҳои гуногун;
  • мусоидат дар мутобиқсозии хатмкунандагон ба талаботи тахассусии корфармоён;
  • пайваста ба роҳмондани ҳамкорӣ бо соҳибкорон, муассисаҳои давлатӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва гайридавлатӣ бо мақсади ба кор таъмин намудани донишҷуён ва хатмкунандагон;
  • мусоидат дар банақшагирӣ ва татбиқи хатмкунандагон дар рушди касбият;
  • гузаронидани чорабиниҳо ба монанди ярмаркаҳо, рӯзҳои имкониятҳои рушди касбият, муаррифии ширкатҳо ва ихтисосҳо;
  • ташаккули касбияти донишҷӯён ва магистрон оиди ҷавобгу будан ба талаботи касбии бозори меҳнат;
  • таъмини хизматрасонҳо ва кӯмак дар пайдо кардани ҷойи кор барои донишҷӯён ва хатмкунандагон;
  • сохтани манбаи иттилоотӣоиди таъмини фаъолияти самарабахши Шуъбаи рушди касбият ва монитоинги хатмкунандагон;
  • таъмини имкониятҳо барои рушди касбият, аз ҷумла коромузӣ, таҷрибаомузӣ, корҳои ҷамъиятӣва фаъолияти ихтиёрии (волонтерии) донишҷуён ва хатмкунандагон.