Шуъбаи Лоиҳаҳои грантӣ

Шафоева Шаҳноза

Мудири Шуъбаи лоиҳаҳои гранти ва ҳамкориҳои берунаи Донишгоҳи Технологии Тоҷикистон

Shahnoza-sh@mail.ru

intertut90@gmail.com

(+992) 37 234 59 27

 

 

Мақсади асосии фаъолияти Шуъба ташкили низом ва ҳамоҳангсозии иштироки Донишгоҳ дар барномаҳои ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи байналмилалӣ, инчунин дарёфти барномаҳои грантии хориҷӣ,  ки ба баланд бардоштани сифати барномаҳои таълимӣ, таҳкими иқтидори тадқиқотӣ, таълимӣ, фарҳангӣ ва ба ин васила баланд бардоштани нуфузи байналмилалии Донишгоҳ нигаронида шудааст, мебошад.

Самтҳои асосии фаъолияти шуъба:

  • татбиқи ҳамкориҳои мутақобила ва роҳандозии ҳамкориҳо бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва созмонҳои хориҷию байналмилалӣ ва дохили кишвар дар самти муносибатҳои байналмилалӣ;
  • таҳияи лоиҳаи тафоҳумнома, шартнома ва созишномаҳо оид ба ҳамкории Донишгоҳ бо донишгоҳу донишкадаҳо ва пажуишгоҳҳои илмӣ-тадқиқотии берунмарзӣ, инчунин бо созмонҳои байналмилалии муқими Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз кишвар;
  • омодасозӣ, дастгирӣ, ҳамоҳангсозӣ ва татбиқи лоиҳаҳои грантии байналмилалӣ бо иштироки Донишгоҳ, сохторҳои марбутаи он ва кормандони алоҳида;
  • омўзиш ва љамъбасти таљрибаи њамкории байналмиллалии муассисањои таълимии пешќадам;
  • дарёфти грантҳо ва стипендияҳои байналмилалӣ барои таҳсили донишҷӯён, коромӯзӣ ва такмили ихтисоси омӯзгорон;
  • дар ҳамкори бо сохторҳои марбутаи Донишгоҳ интихоб намудани номзадҳо барои иштирок дар грантҳои байналмилалӣ, барномаҳои стипендиявии шарикони Донишгоҳ ва дигар фондҳо;
  • ташкил намудани курсҳои омӯзиши забонҳои хориҷӣ, инчунин семинарҳо, тренингҳо ва конференсияҳо бо ҷалби мутахасисон аз хориҷи кишвар ва ташкилоту корхонаҳои байналмилалии дохилӣ;
  • ташкил намудани  махзани маълумот оид ба масъалаҳои ҳамкории байналмилалӣ, барномаҳо, лоиҳаҳо ва пешниҳоди онҳо ба воҳидҳои сохтории Донишгоҳ;
  • таҳия ва пешниҳоди лоиҳаҳои фармоишҳои ректор, қарорҳои ҷаласаҳои раёсат ва Шурои олимон дар самти фаъолияти байналмилалии Донишгоҳ;
  • назорат, баррасӣ ва хулосабарорӣ роҷеъ ба ҳуҷҷатҳои воридшаванда, ки ба фаъолияти Шуъба алоқамандӣ доранд;
  • иҷрои қарорҳои Шурои олимон, фармоишу дастурҳои ректор, проректор оид ба робитаҳои байналмилалии Донишгоҳ.