rektorat-favri-tut@mail.ru
(+99237)2347988
Рузҳои қабул: шанбе 9:00 – 12:00

Раҳмонзода Зоир Файзалӣ

Ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон
д.и.и., и.в. профессор

Тарҷумаи ҳол

РАҲМОНЗОДА Зоир Файзалӣ – аз 15 апрели соли 2024 ба ҳайси ректори Муассисаи давлатии таълимии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон кор мекунад

Соли таваллуд – 8 январи соли 1981

Ҷои таваллуд – Ҷумҳурии Тоҷикистон

Миллат – тоҷик

Таҳсилот – олӣ, соли 2003 шуъбаи рӯзонаи Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат (ҳоло Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон)-ро хатм намудааст

Ихтисос – иқтисодчӣ-информатик

Ҳизбият – узви ҲХДТ

Уҳдадории ҳарбӣ – капитани эҳтиётӣ

Дараҷа ва унвонҳои илмӣ – номзади илмҳои иқтисодӣ (соли 2011), дотсент (соли2019), доктори илмҳои иқтисодӣ (аз рӯи ду ихтисос: 08.00.00 – Илмҳои иқтисодӣ (08.00.09 – Методҳои математикӣ ва афзорӣ (инструменталӣ) дар иқтисодиёт), 08.00.05 – Иқтисодиёти соҳаҳои хизматрасонӣ (08.00.05.02 – Хизматрасонӣ дар соҳаҳои илм, маориф ва иҷтимоиёт), соли 2024

Забондонӣ – русӣ, англисӣ

Намояндагӣ дар маҷлисҳои вакилони халқ – вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе (2015-2020), вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум (2020 – 2025)

Фаъолияти қонунгузорӣ – узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин:

а) Пешниҳоди қонунҳои мукаммал 7 адад:

  1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи парандапарварӣ»;
  2. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи захираҳои генетикӣ»;
  3. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагии ёрирасони шахсӣ»;
  4. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ»;
  5. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи занбӯриасалпарварӣ»;
  6. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи пиряхҳо»;
  7. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бехатар бо организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирдодашуда».

б). Пешниҳоди тағйиру иловаҳо ба қонунҳои амалкунанда 5 адад:

  1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагии ёрирасони шахсӣ»;
  2. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи олами ҳайвонот»;
  3. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда»;
  4. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҶТ «Дар бораи шикор ва хоҷагии шикор»;
  5. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҶТ «Дар бораи муҳофизат ва истифодаи олами наботот».

в) Фаъолияти намояндагӣ – дар Гӯруҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ассамблеяи (Парламенти) Ирландияи Шимолӣ (узв), Стортинги (Парламенти) Шоҳигарии Норвегия (узв), Шӯрои қонунгузории Давлати Фаластин (роҳбари гурӯҳ), Маҷлиси миллии халқии Алҷазоир (узв), Палатаи намояндагони Штатҳои Муттаҳидаи Америка (узв), Палатаи намояндагони Маҷлиси миллии Чумҳурии Беларус (узв), ҳайати Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (АБП ИДМ) оид ба фарҳанг, иттилоот, туризм ва варзиш (узв), намояндаи ҷавонон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамзамон узви ҳайати Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (АБП ИДМ) оид ба ҷавонон, ҳайати Гурӯҳи миллии Иттиҳоди Парламентии давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Исломӣ (узв).

Сафарҳои расмӣ, иштирок дар форуму конфренсияҳои байналмилалӣ – соли 2005 курси такмили ихтисосро бо забони англисӣ дар Ҷумҳурии Ҳиндустон (45 рӯз), дар ассоси шартномаи ду кишвар оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф гузаштааст.

Соли 2009 бо гурӯҳи кории Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат дар конфронси илмӣ-амалӣ дар мавзуи «Моликияти зеҳнӣ» дар шаҳри Занҷони Ҷумҳурии Исломии Эрон иштирок намуда, сазовори дипломи дараҷаи 1 гаштааст.

Соли 2012 ҳамчун узв зимни курси такмили ихтисоси Лоиҳаи Темпус-Ҳайка, ки бо забони англисӣ дар Ҷумҳурии Узбекистон (18 рӯз) доир шуд, ширкат варзид.

16-20 июни соли 2025 дар семинар барои роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти касбӣ-техникӣ оид ба технологияҳои нав, рақамикунонӣ ва зеҳни сунъии тавлидӣ» дар доираи барномаи омодасозии кадрҳои Барномаи ҳамкории Сингапур ширкат варзида, соҳиби Сертификат гардид. Инчунин бо сафарҳои расмӣ дар симпозиум ва конференсияҳои байналмилалӣ дар Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Туркия, Белорус, Қазоқистон, Арманистон, Озарбойҷон, Давлатҳои Араб, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Италия ва Кореяи Ҷанубӣ ширкат варзидааст.

Мукофотҳои давлатию соҳавӣ – медали ҷашнии «30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (соли 2021), Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соҳаи илм ва техника (2013), «Аълочии маориф ва илм»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон (2014), «Аълочии фарҳанг»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон (2018), медали ҷашнии «10-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2018), Нишони сарисинагӣ баҳри густариши ҳамкориҳои байнипарлумонӣ бахшида ба 30-солагии АБД ИДМ аз номи В. И. Матвиенко (2022), Ифтихорномаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Таҷикистон (2022), медали ҷашнии «30-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2023), Диплом ва Нишони сарисинагии «Беҳтарин корманди илмӣ дар соли 2023» дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (2023),  медали ҷашнии «30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон» (№14 аз 10 декабри соли 2024), медали «Барои шуҷоат ва ҷавонмардӣ»-и Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (№09 аз 19 майи соли 2025), медали “Аълочии иттифоқи касабаи кормандони саноати Тоҷикистон “Тоҷиксаноат” (2025), медали «Корманди фахрии Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон» (16 октябри соли 2026)

Вазъи оилавӣ – оиладор, соҳиби 4 фарзанд

Нишонӣ – н. Фирдавсӣ, ҷамоати Чимтеппа, маҳаллаи Гулбутта 1, хонаи 480

ФАЪОЛИЯТИ МЕҲНАТӢ:

Солҳои 2003-2004 – ассистент–коромӯзи кафедраи риёзиёти олӣ ва информатикаи Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат;

Солҳои 2004-2005 – ассистенти кафедраи риёзиёти олӣ ва информатикаи Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат;

Солҳои 2006-2007 – муҳандис – барномасози компютерҳои Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат;

Солҳои 2006-2011 – муаллими калони кафедраи тарҳрезӣ ва технологияҳои иттилоотии Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат;

Солҳои 2008-2011 – директори Маркази иттилоотӣ – иртиботии Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат;

Солҳои 2011-2012 – декани факултети соҳибкорӣ ва бизнеси Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат;

Солҳои 2012-2013 – мудир ва дотсенти кафедраи низоми иттилоотӣ дар иқтисодиёти Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат;

Солҳои 2013-2017 – директори Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат, дотсенти кафедраи низоми иттилоотӣ дар иқтисодиёти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон;

Солҳои 2017-2024 – раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, дотсенти кафедраи технология ва системаҳои информатсионӣ дар иқтисодиёти Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон;

Солҳои 2020-2025 – вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум;