Насриддинзода Мирзомудин Шамсудин

nasrid_m@mail.ru
(+99237)2344757
Рузҳои қабул: сешанбе, панҷшанбе

Насриддинзода Мирзомудин Шамсудин

Муовини аввал-муовини ректор оид ба таълим ва идораи сифати таҳсилот

Тарҷумаи ҳол

Насридинзода Мирзомудин Шамсудин 10-уми январи соли 1971 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дунё омадааст. Миллаташ тоҷик.

Соли 1988 ба факултети механикаю математикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) дохил шуда, соли 1993 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро аз рӯи ихтисоси математикаи амалӣ хатм намудааст. Баъд аз бомуваффақият хатм намудани Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дар вазифаҳои зерин адои вазифа намудааст:

Солҳои 1988-1993

Донишҷӯи Донишгоҳи давлатии (миллии) Тоҷикистон

Солҳои 1993-1994

Муҳосиби шуъбаи ҳисобӣ-амалиётии БСТ Агропромбанк «Шарқ» ноҳияи Ҳисор

Солҳои 1994-1996

Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои 1996-1997

Сармуҳосиби ҶДММ «Рангоранг»-и шаҳри  Роғун

Солҳои 1997-1999

Муҳандис-барномасози кафедраи информатика ва эконометрикаи Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат 

Солҳои 1999-2000

Муҳандис-барномасози Маркази таълимӣ-ҳисоббарории Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат 

Солҳои 2000-2006

Ёрдамчии ректор-директори Маркази компютерии Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат

Соли 2006

Мудири бахши илм ва робитаҳои берунаи Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат

Солҳои 2006-2007

Ҷонишини декани факултети соҳибкорӣ ва менеҷмент оид ба илм, устоди калони кафедраи математикаи иқтисодии Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат

Солҳои 2007-2009

Директори Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи назди Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Соли 2009

Декани факултети технологияи инноватсионии Донишкадаи технологияи инноватсионӣ ва коммуникатсионии Тоҷикистон

Солҳои 2009-2010

Сардори шуъбаи илм ва инноватсияи Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат

Соли 2010

Сардори маркази технологияи информатсионӣ-коммуникатсионии Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон

Солҳои 2010-2013

Мудири кафедраи системаҳои иттилоотии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон

Солҳои 2012-2014

Мудири кафедраи системаҳои компютерӣ ва Интернет-технологияҳои Донишгоҳи технологии Тоҷикистон

Солҳои 2014-2019

Декани факултети телекоммуникатсия ва таълимоти касбӣ»

Солҳои 2019-2024

Декани факултети таҳсилоти фосилавӣ-ғоибона

Соли 2024 то ҳол

Муовини якум, муовини ректор оид ба таълим ва идораи сифати таҳсилот

Дастовардҳои илмӣ

Рисолаи номзадиашро 22 апрели соли 2008-ум дар мавзуи «Моделҳо ва методҳои оптимизатсионии идоракунии захираҳои молию моддӣ» дар Шурои диссертатсионии Д 14.15.10 назди Донишгоҳи иқтисодии ба номи Т. Рисқулов Ҷумҳурии Қазоқистон ҳимоя намуда, соҳиби дипломи номзади илмҳои иқтисодӣ гардидааст. Барои фаъолияти пурсамар дар соҳаи илм ва таълифу чопи корҳои илмӣ-методӣ ва илмӣ – тадқиқотӣ соли 2025 соҳиби унвони илмии дотсент гаштааст.

Муаллифи як монографияи илмӣ,  1 васоити таълимӣ, 8 дастури таълимӣ-методӣ, зиёда аз 30 мақолаи илмӣ  ва як санади татбиқӣ мебошад.

Соли 2008 дар форуми байналмилалии UNESCO дар ш. Тошкенти Ҷумҳурии Узбекистон ширкат варзидааст. Инчунин, бо гурӯҳи корӣ барои коромӯзӣ ба Ҷумҳурии исломии Эрон сафари хидматӣ доштааст.

Соли 2010 ҳамчун аъзои гурӯҳи машваратчии миллӣ оид ба моделиронии лоиҳаи EuropeAid/125404/D/SER/TJ «Рушди ояндабинӣ ва моделиронии макроиқтисодӣ дар Тоҷикистон» ба Федератсияи Россия  бо мақсади омӯзиши таҷрибаи ФР дар соҳаи методологияи ояндабинӣ ва моделиронии макроиқтисодӣ, таҳлили тамоюли иқтисодӣ, таҳияи сенарияҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ, инчунин ҳамоҳангсозии сиёсати макроиқтисодӣ сафар кардааст.

Соли 2015 дар доираи Лоиҳаи Темпус “Дараҷаи касбии магистр дар соҳаи илмҳои компютерӣ ҳамчун салоҳияти дуюм дар Осиёи Марказӣ (PROMIS)” дар Донишгоҳи Пиерре Мендеси Фаронса аз бозомӯзии касбии таълими “Математика дар илмҳои компютерӣ” гузаштааст.

 Соли 2017 бошад, бо гурӯҳи корӣ дар барномаи ҳамкории Ҷопон бо ҷумҳриҳои Осиёи Марказӣ “Рушди пешрафтаи захираҳои саноатӣ дар Осиёи Марказӣ”, ки аз ҷониби JAICA ташкил карда шуда буд, ба Ҷопон сафар кардааст. Инчунин, дар конференсияҳои байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон ширкат варзидааст.

Мукофотҳои давлатӣ ва ифтихорномаҳо

Насридинзода Мирзомудин Шамсудин барои фаъолияти пурсамар саҳми арзанда дар дар таълиму тарбияи мутахассисони замони нав ва фароҳамоварии фазои эҷодкорона бо Ифтихорномаи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2014, Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илм  Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2020, аълочии Маориф ва илми ҶТ дар соли 2022 сарфароз гаштааст.

Оиладор ва соҳиби 4 фарзанд мебошад.