Икромӣ Хуршед Икром

x_teshaev@yahoo.com
(+992) 915 98 00 45
Рузҳои қабул: сешанбе, панҷшанбе

Икромӣ Хуршед Икром

Муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ

Тарҷумаи ҳол

Таваллуд:
11-уми феврали соли 1969, Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таҳсилот:
1985-1992 – Донишгоҳи политехникии шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон, муҳандис-технолог (бо дипломи аъло)

1994-2003 – аспирант ва унвонҷӯи Институти кимиёи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

2004 – номзади илмҳои техникӣ аз рӯйи ихтисоси 02.00.04 – кимиёи физикӣ

2025 – доктори илмҳои техникӣ аз рӯйи ихтисоси 05.18.12 – Равандҳо ва дастгоҳҳои истеҳсоли хӯрокворӣ

Мукофотҳо: Бо Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофотҳои давлатии медали “Хизмати шоиста” (Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11.07.2016, №723) ва медали ҷашнии “30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23.07.2021, №213) мукофотонида шудааст.

Бо мукофотҳои зерини соҳавӣ сарфароз шудааст: Ифтихорномаи Вазорати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон (05.09.2006); Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (01.11.2010).

Фаъолияти корӣ:

2024 то ҳоло

Муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон

2022-2024

Дотсенти кафедраи технологияи истеҳсоли маводи хӯрока, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон

2014-2022

Директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

2009-2014

Муовини ректор оид ба инноватсия ва технологияҳои таълимӣ, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон

2003-2009

Директори Филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб

2002-2003

Муовини декани факултети муҳандисӣ-иқтисодӣ, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон

2002 (02-09)

Саромӯзгори кафедраи “Технология ва таҷҳизоти истеҳсоли маҳсулоти хӯрока”, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон

1995-2002

Саромӯзгори кафедраи “Механикаи муҳандисӣ”, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон

1993-1995

Сарнозири шуъбаи таълиму тарбия, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон

1993 (02-12)

Омӯзгор-таҷрибаомӯзи кафедраи “Фанҳои муҳандисӣ”, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон

1992-1993

Лаборанти калони кафедраи “Кимиё ва технологияи саноати хӯрокворӣ”, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон

Таҷриба: Ҳамоҳагсози зиёда аз 15 лоиҳаҳои барномаҳои Темпус, Эразмус Мундус, Эразмус+ -и Комиссияи Аврупо ва Ташкилоти ҳамкориҳои Олмон дар Тоҷикистон (GIZ)

Хизмати ҳарбӣ:
1987-1989 – Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ,  аскари эҳтиётии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Забондонӣ:
Русӣ ва англисӣ
Вазъи оилавӣ:
Оиладор, соҳиби се фарзанд