
Аз 9 марти соли 2021 дар вазифаи муовини ректор оид ба инноватсия ва технологияҳои таълимӣ ва аз 8 августи соли 2024 дар вазифаи муовини ректор оид ба татбиқи стратегияҳо ва рушди технологияҳои инноватсионии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон кор мекунад.
Соли 2005 Донишгоҳи технологии Тоҷикистонро (шуъбаи рӯзона, бо дипломи аъло), ҳамзамон Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро (шуъбаи ғоибона), соли 2010 Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистонро (шуъбаи ғоибона) ва соли 2016 аспирантураи Донишгоҳи технологии Тоҷикистонро хатм кардааст.
Ихтисос: муҳандис-систематехник, ҳуқуқшинос, молия ва қарз.
Дараҷаи илмӣ ва унвони илмӣ: номзади илмҳои иқтисодӣ (2018), дотсент (2023).
Донистани забонҳои хориҷӣ: англисӣ, русӣ.
Узвият дар ҳизби сиёсӣ: узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (ҲХДТ).
Фаъолияти вакилӣ: солҳои 2020–2025 вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе (даъвати шашум) буд. Узви комиссияи доимӣ оид ба қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, мубориза бо коррупсия ва муқовимат ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар.
Мукофотҳои давлатӣ ва унвонҳои фахрӣ: Бо медали «Хизмати шоиста» (Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 05.08.2026, № 1199) сарфароз гардонида шудааст. Инчунин, бо ифтихорномаҳо ва сипосномаҳои вазорату идораҳои давлатӣ, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (ҲХДТ), ташкилотҳои бонкӣ ва ширкатҳои соҳаи технологияҳои иттилоотӣ қадрдонӣ гардидааст. Соли 2025 ба унвони «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва нишони сарисинагӣ бахшида ба 35-солагии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудааст. Соли 2024 ғолиби озмуни даври ноҳиявӣ дар номинатсияи «Беҳтарин вакил», бахшида ба 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ гардидааст.
Вазъи оилавӣ: оиладор, соҳиби чор фарзанд.
КОР ВА ФАЪОЛИЯТИ СОБИҚА
Солҳои 2005–2006 – менеҷери ҶДММ «Мужда-LTD».
Солҳои 2006–2007 – мутахассиси Идораи кормандони ҶСК «Агроинвестбонк».
Солҳои 2007–2009 – муҳандис-барномасози Шуъбаи якуми ҶСК «Агроинвестбонк».
Солҳои 2009–2010 – муҳандис-барномасози калони Шуъбаи якуми ҶСК «Агроинвестбонк».
Солҳои 2010–2012 – роҳбари Маркази сертификатсияи калидҳои электронӣ ва имзои электронии Шуъбаи якуми ҶСК «Агроинвестбонк».
Солҳои 2012–2018 – роҳбари Маркази сертификатсияи имзои электронии рақамии Хадамоти бехатарии ҶСК «Агроинвестбонк».
Солҳои 2018–2021 – сардори Мудирияти бехатарӣ – роҳбари Маркази сертификатсияи имзои электронии рақамии Мудирияти бехатарии ҶСК «Агроинвестбонк».
Солҳои 2021–2024 – муовини ректор оид ба инноватсия ва технологияҳои таълимии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон.
Аз соли 2024 то ҳол – муовини ректор оид ба татбиқи стратегияҳо ва рушди технологияҳои инноватсионии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон.
Ҳамзамон, аз соли 2007 то ҳол дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ба фаъолияти илмӣ-педагогӣ машғул буда, дар вазифаҳои ассистент, муаллими калон ва дотсенти кафедраи технологияҳои иттилоотӣ ва иқтисоди рақамӣ фаъолият мекунад.
ФАЪОЛИЯТИ ИЛМӢ-ПЕДАГОГӢ
Муаллифи 2 монография, 4 дастури таълимӣ-методӣ ва зиёда аз 100 мақолаву корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва оммавӣ мебошад, ки ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ дар нашрияҳои илмии дохилӣ ва хориҷӣ ба табъ расидаанд.
Докторанти кафедраи иқтисод ва идораи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон.
Монографияҳо:
ФАЪОЛИЯТИ КОРШИНОСӢ ВА МАШВАРАТӢ
КУРСҲОИ ТАКМИЛИ ИХТИСОС, СЕМИНАРҲО, ТРЕНИНГҲО ВА КОНФРОНСҲОИ ИЛМӢ
Соли 2007 – Маркази таълимии минтақавии бонкӣ (шаҳри Тошканд, Ҷумҳурии Ӯзбекистон), Намояндагӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Мавзӯъ: «Таҳлили тавозуни бонки тиҷоратӣ». Сертификат.
Соли 2008 – BSI Management System CIS (Институти Бритониёии стандартҳо).
Мавзӯъҳои омӯзиш:
Соли 2010 – Маркази таълимии минтақавии бонкӣ (шаҳри Тошканд, Ҷумҳурии Ӯзбекистон), Намояндагӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Мавзӯъ: «Амнияти иттилоотӣ». Сертификат.
Соли 2013 – ҶСК «ИнфоТеКС», шаҳри Москва, Федератсияи Россия.
Мавзӯъ: «Технологияҳои марказҳои тасдиқкунандаи ViPNet». Сертификат.
Соли 2014 – Маркази таълимии ҶСК «Агроинвестбонк», шаҳри Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Мавзӯъ: «Қоидаҳои ташкили кор бо пойгоҳҳои Бюрои иттилоотии қарзии Тоҷикистон». Сертификат.
Соли 2017 – ҶСК «ИнфоТеКС», шаҳри Москва, Федератсияи Россия.
Мавзӯъ: «Масъалаҳои мубрами амнияти иттилоотӣ». Сертификат.
Соли 2017 – Ширкати «КРИПТО-ПРО», Федератсияи Россия.
Мавзӯъ: «Татбиқи воситаҳои ҳифзи криптографии иттилоот дар муассисаҳои давлатӣ ва ташкилотҳои тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар доираи конфронси «Таҷрибаи Россия дар бунёди низомҳои иттилоотии функсионалии ҳифозатӣ». Сертификат.
Соли 2019 – Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Мавзӯъ: «Усулҳо ва технологияҳои пешқадами ҳифзи иттилоот». Сертификат.
Соли 2021 – Лоиҳаи байналмилалии EXTEND, ки аз ҷониби Барномаи Erasmus+ Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ шудааст.
Мавзӯъ: «EXTEND – Excellence in Engineering Education through Teacher Training and New Pedagogic Approaches in Russia and Tajikistan». Сертификат.
Соли 2022 – Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ.
Курси такмили ихтисос аз рӯйи ихтисоси «Педагогика». Диплом № 02/0607 аз 08.06.2022.
Соли 2024 – Сухангӯи Форуми байналмилалии «Digital Tajikistan», Китобхонаи миллии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. Сертификат.
Соли 2025 – Донишгоҳи илмҳои бунёдӣ барои корхонаҳои хурду миёна (FHM), шаҳри Билефелд, Ҷумҳурии Федеративии Олмон.
Семинар-тренинг дар мавзӯи «Иқтисоди даврӣ (CirculEc)». Сертификат.
Соли 2025 – Сухангӯи ҷаласаи коршиносони соҳаи технологияҳои иттилоотии Донишгоҳи Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ), шаҳри Астрахан, Федератсияи Россия. Сертификат.
Соли 2025 — Маърузачӣ дар Мактаби байналмилалии тобистона дар самти «Коркардҳои нав дар соҳаҳои саноати хӯрокворӣ, химия ва кишоварзӣ», Донишгоҳи давлатии техникии Бухоро (Ҷумҳурии Ӯзбекистон). Сертификат.
Соли 2026 – Омӯзиш дар доираи лоиҳаи «Ташаббуси Дастаи Аврупо оид ба пайвастшавии рақамӣ дар Осиёи Марказӣ: Қисмати киберамният»
Дар доираи омӯзиш дар мавзӯи «Ҳуқуқи байналмилалӣ дар фазои киберӣ: танзими фаъолияти байнидавлатӣ дар фазои киберӣ ва муқовимат ба киберҷиноятҳо».
Сертификат: Ҷумҳурии Эстония, Академияи идоракунии электронӣ (e-Governance Academy).
Соли 2026 – Сухангӯи Форуми олимони ҷавони Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ), шаҳри Минск, Ҷумҳурии Беларус. Сертификат.
Соли 2026 – Маркази рушди технологияҳои пешрафтаи компютерӣ (C-DAC), шаҳри Моҳалӣ, Ҷумҳурии Ҳиндустон.
Курси омӯзишӣ дар самти «Quantum-Safe Systems: Computing, Security & Communication» («Низомҳои ба компютерҳои квантӣ устувор: ҳисоббарорӣ, амният ва коммуникатсия»). Шаҳодатномаи № C-DAC (M)/26-27/ITEC-QSS/15710, Sr. No. 13931.
ХИЗМАТИ ҲАРБӢ
Афсари эҳтиётии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
ДОНИСТАНИ ЗАБОНҲО
Забонҳои русӣ, англисӣ ва форсӣ-дарӣ.