Таваллуд:
22 сентябри 1983, Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Таҳсилот, олӣ:
2000 – 2005 – Донишгоҳи технологии Тоҷикистон – муҳандис-системотехник (бо дипломи аъло).
2000 – 2005 – Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон – ҳуқуқшинос (ғоибона).
2007 – 2010 – Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон – молия ва қарз (ғоибона).
2013 – 2016 – Донишгоҳи технологии Тоҷикистон – аспирантура.
Номзади илмҳои иқтисодӣ. Ихтисос: 08.00.05 – Иқтисодиёт ва идоракунии хоҷагии халқ (иқтисодиёти минтақа). (Санаи дифоъ: 05.07.2018с., Фармон аз 19.12.2018с., №346/нк-6).
Самти илмӣ-таҳқиқотӣ: Ташаккул ва рушди нерӯи сармоягузории минтақа (дар маводҳои вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон).
Шӯрои муттаҳидаи диссертатсионии Д 999.020.02 дар базаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Муассисаи таълимии байнидавлатии “Донишгоҳи Русия-Тоҷикистон (Славянӣ)”, КОА Россия.
Дотсент аз рӯи ихтисоси “Иттилоот, техникаи ҳисоббарор ва идоракунӣ”
Ҳизбият: Аъзои фаъоли Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ)
Фаъолияти ҷамъиятӣ – сиёсӣ: Вакили Маҷлиси вакилони халқи н. Исмоили Сомонии ш.Душанбе, даъвати VI (Солҳои 2020-2025)
Фаъолияти мушовирӣ: – Коршиноси байналмилалӣ оид ба аккредитатсияи институтсионалӣ ва махсуси барномаҳои таълимӣ.
– Мушовири соҳавӣ оид ба низоми имзои электронии рақамӣ дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Мукофотҳо: Бо Ифтихорномаҳои ҲХДТ, ҶСК «Агроинвестбонк», Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ, ҷоизаи 30-солагии таъсисёбии ХҲДТ дар номинатсияи “Беҳтарин вакил”, Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғ. сарфароз гардидааст.
Фаъолияти корӣ:
2005 – 2006 | Менеҷери ҶДММ «Мужда-LTD»; |
2006 – 2007 | Мутахассиси Идораи кор бо кормандони ҶСК «Агроинвестбонк»; |
2007 – 2009 | Муҳандис-барномасози Шуъбаи якуми ҶСК «Агроинвестбонк»; |
2009 – 2010 | Муҳандис-барномасози калони Шуъбаи якуми ҶСК «Агроинвестбонк»; |
2010 – 2012 | Роҳбари Маркази сертификатсияи имзои электронии рақамии Шуъбаи якуми ҶСК «Агроинвестбонк»; |
2012 – 2018 | Роҳбари Маркази сертификатсияи имзои электронии рақамии Хадамоти бехатарии ҶСК «Агроинвестбонк»; |
2018 – 2021 | Директори Депатамент – роҳбари Маркази сертификатсияи имзои электронии рақамии Депатаменти бехатарии ҶСК «Агроинвестбонк». |
2021 – 2024 | Муовини ректор оид ба инноватсия ва технологияҳои таълимии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон. |
Аз 2024 – то ҳол | – муовини ректор оид ба татбиқи стратегияҳо ва рушди технологияҳои инноватсионии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон. |
Фаъолияти илмӣ-педагогӣ:
Аз октябри 2007 то ҳол – | Ассистент, муаллими калон, дотсенти кафедраи система ва технологияҳои иттилоотии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон. |
Муаллифи 2 монография, 3 дастури таълимӣ-методӣ ва зиёда аз 70 корҳои илмӣ бо забонҳои русӣ, тоҷикӣ ва англисӣ, ки дар нашрияҳои дохил ва хориҷи кишвар чоп шуданд.
Айни ҳол докторанти кафедраи иқтисодиёт ва идораи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон.
Монографияҳо:
Сертификатҳои тахассусӣ:
|
||||||||||||||||||||
2021 | EXTEND, Co-funded by the Erasmus+ Programme of the European Union EXTEND – Excellence in Engineering Education through Teacher Training and New Pedagogic Approaches in Russia and Tajikistan. |
|||||||||||||||||||
2022 | Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ. (Курси такмили ихтисос). Ихтисоси “Педагогика”, диплом №02/0607 аз 08.06.2022. | |||||||||||||||||||
2025 | Шунавандаи курси кӯтоҳмуддат оид ба “Иқтисоди даврӣ (CirculEc)”, шаҳри Билефелди Ҷумҳурии Федеративии Олмон. |
Хизмати ҳарбӣ:
Афсари эҳтиётии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Забондонӣ:
Русӣ, англисӣ ва форсӣ-дарӣ.
Вазъи оилавӣ:
Оиладор, соҳиби чор фарзанд.