Маркази омӯзишӣ, сертификатсионӣ ва рушди инноватсия

НАЗАРЗОДА Рустам Саидмурод

Сардори маркази омӯзишӣ, сертификатсионӣ ва рушди инноватсия
rustam_n@hotmail.com
#
More Detail

МАРКАЗИ ОМӮЗИШӢ, СЕРТИФИКАТСИОНӢ ВА РУШДИ ИННОВАТСИЯ

Маркази омӯзишӣ, сертификатсионӣ ва рушди инноватсия воҳиди сохтории Донишгоҳи технологии Тоҷикистон буда, фаъолияти худро тибқи қонунгузории ҷорӣ ба роҳ мемонад. Марказ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаи амалӣ дар самтҳои гуногуни илм, техника ва соҳибкорӣ курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддатро барои доираи васеи шунавандагон ташкил менамояд. Омӯзиш дар сатҳҳои навомӯз, миёна ва пешрафта ба таври ҳузурӣ ва онлайн баргузор гардида, самтҳои он соҳаҳои технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, робототехника, забонҳои хориҷӣ, баҳисобгирии бухгалтерӣ, иқтисод ва бизнес, хӯроки умумӣ, тарҳрезии либос, ҳунарҳои мардумӣ ва менеҷменти сифатро дар бар мегирад.

Марказ бо истифода аз усулҳои муосири таълимӣ ба шунавандагон имконият медиҳад, ки дар муҳити амалӣ малакаҳои заруриро аз худ намоянд ва барои фаъолияти касбӣ омода шаванд. Пас аз хатми муваффақонаи курсҳо, иштирокчиён шаҳодатномаи намунаи давлатӣ мегиранд, ки қобили эътироф дар бозори меҳнат мебошад. Дарсҳо бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ баргузор шуда, барои ҳар гурӯҳ 12–15 шунаванда пешбинӣ мегардад. Бо чунин шакли фаъолият, Марказ ба рушди инноватсионӣ, баланд бардоштани сатҳи саводнокии касбӣ ва ташаккули нерӯи кории рақобатпазир дар кишвар саҳм мегузорад.

Маркази омӯзишӣ, сертификатсионӣ ва рушди инноватсия ҳамчун воҳиди сохтории Донишгоҳи технологии Тоҷикистон буда, дар фаъолияти худ зертобеи Идораи татбиқи стратегияҳо ва технологияҳои инноватсионӣ ба ҳисоб меравад.

Маркази омӯзишӣ, сертификатсионӣ ва рушди инноватсия курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддатро аз рӯйи самт ва равияҳои мухталифи зерин (тибқи иҷозатнома) барои доираи васеъи шунавандагон дар сатҳҳои  гуногун (навомӯз, миёна ва пешрафта) тариқи ҳузурӣ (иштироки бевосита, оффлайн) ва дар реҷаи бархат (фосилавӣ, онлайн) ташкил ва баргузор мекунад:

– технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ: истифодаи бастаи барномаҳои идоравии Ms Office (Word, Excel, Power Point); кор бо хизратрасониҳои интернетӣ (низомҳои ҷустуҷӯӣ, почтаи электронӣ, порталҳои омӯзишӣ ва ғайра); барномасозӣ дар забонҳои Python, C++, C#, Java ва забонҳои дигар; технологияи шабакавии Cisco; графика ва дизайни компютерӣ; таҳияи сомона ва замимаҳои интернетӣ; таъмир, ташхис ва хизматрасонии техникаи компютерӣ ва маишӣ, таҷҳизоти электронӣ ва шабакаҳои компютерӣ;
– робототехника ва мехатроника;
– забонҳои хориҷӣ (русӣ, англисӣ, немисӣ, хитоӣ, кореягӣ);
– баҳисобгирии бухгалтерӣ (1С:Муҳосибот, 1С:Корхона);
– омори иқтисодӣ, бизнес-нақша, бизнес-таҳлил ва бизнеси меҳмонхона;
– хӯроки умумӣ (кейтеринг), тайёр кардани хӯришҳо ва маҳсулоти қаннодӣ;
– тарҳрезӣ ва духти либос, ҳунарҳои мардумӣ ва соҳибкорӣ, намоиши муд ва шоу;
– менеҷменти сифат дар соҳаи саноати сабук, стандартизатсия ва сертификатсияи маҳсулоти саноати сабук;
– субтестҳои имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (дар доираи маводҳои таълимии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон),

Курсҳои омӯзишии ба ҷабҳаҳои гуногуни технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ алоқаманд аз рӯйи сатҳҳои ибтидоӣ (навомӯз), миёна (ҳамгиросоз) ва пешрафта (навовар) ташкил карда мешаванд.

Давомнокии курсҳои омӯзишӣ 1, 3 ва 6 моҳ буда, пас аз хатми бомуваффақияти онҳо ба шунавандагон ҳуҷҷати намунаи давлатӣ – шаҳодатнома дода мешавад.

Шумораи шунавандагони курсҳои омӯзишӣ 12-15 нафарро ташкил дода, вобаста аз хоҳиши шунавандагон ва ташкили гурӯҳҳо таҳсил бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда мешавад.

Таҳсил дар курсҳои кӯтоҳмуддат пулакӣ буда, нархи таҳсили як шунаванда вобаста аз давомнокии курсҳои омӯзишӣ ва сатҳи омодасозии шунавандагон дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

Маркази омӯзишӣ, сертификатсионӣ ва рушди инноватсия дар сохтори худ академияи Cisco, озмоишгоҳи SoftLab, озмоишгоҳи «Мехатроника» ва нуқтаи такягоҳӣ дар деҳоти Кангуртро фаро мегирад: