Кафедраи «Система ва технологияҳои иттилоотӣ» ҳамчун ҷузъи таркибии факултети Технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон буда, дар асоси талаботи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», «Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Низомномаи кафедраи муассисаи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон №8/4 аз 13 апрели соли 2006 тасдиқ шудааст, амал мекунад.
Кафедра дар асоси Оинномаи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳаи маориф ва нақшаи корӣ фаъолият менамояд. Кафедраи “Система ва технологияҳои иттилоотӣ” воҳиди таркибии Факултети технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон буда, он дар асоси якҷоя кардани кафедраҳои “Информатика ва ҳифзи иттилоот” ва “Системаҳои иттилоотӣ” бо пешниҳоди Шӯрои олимони факултет бо қарори Шӯрои олимони Донишгоҳ, таҳти фармони №79/ху аз 04 сентябри соли 2014 таъсис дода шудааст.
Вобаста ба ҷавобгӯ будан ба талаботи стандартҳои давлатии таълимӣ тайёр кардани мутахассисони соҳибкасб барои фаъолият дар сохторҳои гуногуни вазоратҳо, корхонаҳо ва муассисаҳои давлатию ғайридавлатӣ ва пеш аз ҳама Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла барои ташкилоту муассисаҳои ҳифзи ҳуқуқ ва қудратӣ, идораҳои молиявӣ ва бонкҳо, ширкатҳои хусусӣ, муассисаҳои таълимӣ, идораҳои давлатӣ ва маҳаллӣ, ташкилотҳои илмӣ-тадқиқотӣ, ки дар онҳо ташкили бехатарии иттилоот, истифодаи технологияҳои иттилоотӣ ва тиҷорат дар назар дошта мешавад.
Вазифаи стратегии кафедра
-ба талаботҳои стандартҳои давлатии таълимӣ ҷавобгӯ тайёр намудани мутахассисони соҳибкасби зинаҳои бакалавр, магистр ва доктори фалсафа (PhD) аз рӯи ихтисос барои фаъолият дар сохторҳои гуногуни вазоратҳо,корҳонаҳо ва муассисахои давлатию ғайридавлатӣ, пеш аз ҳама дар Вазорати саноат ва технологияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар сохторҳои қудратӣ, молиявӣ, бонкҳо, ширкатҳои хусусӣ, муассисаҳои таълимӣ, идораҳои худфаъолияти давлатӣ ва маҳаллӣ,ташкилотҳои илмӣ – тадқиқотӣ, ки дар онҳо ташкили бехатарии иттилоот, истифодаи технологияҳои иттилоотӣ ва тиҷорат пешбини гаштааст, вобаста ба равия ва ихтисосҳои:
а) дараҷаи бакалавр:
1-40.01.01.03 – «Системаи компютерии бонкӣ»;
1-40.01.01.04 – «Системаҳои таъмини бехатарии маълумот»;
1-40.01.02.02-«Технология ва низоми иттилоотӣ (дар иқтисодиёт)».
б) дарачаи магистр:
1-40.01.01.03 – «Системаи компютерии бонкӣ»;
1-40.01.01.04 – «Системаҳои таъмини бехатарии маълумот»;
1-40.01.02.02-«Технология ва низоми иттилоотӣ (дар истеҳсолот)»