Департаменти технологияҳои инноватсионии таълими Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи сохтории донишгоҳ бо мақсади амалӣ намудани Барномаи марҳилавии рушди инноватсионии донишгоҳ, ҷорӣ намудани технологияҳои муосири инноватсионӣ дар ҷараёни таълим, бозомӯзии касбии кормандон ва омӯзгорон, мунтазам такмил додани низоми идоракунии электронии донишгоҳ, амалисозии нақшаю барномаҳои донишгоҳ оид ба мустаҳкам намудани базаи моддию техникии донишгоҳ ва таъсиси озмоишгоҳҳои тахассусӣ таъсис дода шудааст.
Роҳбарии департаменти ТИТ-ро муовини ректор оид ба инноватсия ва технологияҳои таълимӣ ба ӯҳда дорад.
Дар ҳамоҳангсозӣ бо сохторҳои донишгоҳ Департаменти технологияҳои инноватсионии таълим барои барои рушди инноватсионии донишгоҳ, ҷорӣ намудани усулҳои фаъоли инноватсионии таълим, мустаҳкам намудани базаи моддию техникии донишгоҳ ҳисагузор мебошад.
Сохтори департаменти ТИТ чунин муқаррар карда шудааст ва вобаста аз масъалаҳои нави дар назди департамент пайдошаванда метавонад бо қарори Шӯрои олимон ва фармоиши ректор тағйир дода шавад:
– Маркази технологияҳои компютерӣ ва таълимӣ
– Маркази инноватсия ва рушди касбият
– шуъбаи табъу нашр.
Мақсад ва вазифаҳои асосии департаменти технологияҳои инноватсионии таълим
Мақсади асосии департамент эҷод намудани фазои инноватсионӣ дар донишгоҳ, татбиқи технологияҳои таълимии муосир дар ҷараёни таълим ва баланд бардоштани касбияти омӯзгорон бо назардошти фаъолияти инноватсионӣ мебошад.
Вазифаҳои асосии департамент аз инҳо иборат мебошанд:
Таҳия намудани нақшаи корӣ ва барномаҳои фаъолияти инноватсионӣ дар Донишгоҳ бо назардошти қарорҳо ва нақшаю чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Шӯрои олимон ва Ҷаласаҳои ректорати Донишгоҳ;
Дар амал ҷорӣ намудани Барномаи марҳилавии рушди инноватсионии донишгоҳ, нақшаю чорабиниҳои донишгоҳ оид ба такмил додани усулҳои фаъоли таълим, такмил ва ташкили озмоишгоҳҳои илмию таълимии донишгоҳ;
Таҳия ва татбиқ намудани усул ва роҳҳои инноватсионии идоракунии маъмурӣ, татбиқи технологияи муосири таълимӣ;
Ташкили курсҳои бозомӯзӣ ва баланд бардоштани сайқали мањорати педагогӣ дар асоси тренингҳо, курсҳои махсус ва машғулиятҳои намунавӣ, курсҳои сертификатсионӣ барои баланд бардоштани салоҳиятнокии касбии донишҷуён ва кормандон.
Амалисозии рушди технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар идоракунӣ ва ҷараёни таълим, мукаммал- гардонии платформаи иттилоотии электронии донишгоҳ ва таҳияи нақшаю чорабиниҳои ДТТ оид ба ҳалли ин масъала ва амалисозии онҳо.
Дар якҷоягӣ бо кафедраҳои пешбар, ташкилоту корхонаҳо таҳия намудани талаботҳои корфармоён ба донишу малакаи хатмкунандагони ихтисосҳои донишгоҳ;
Ташкил ва гузаронидани озмунҳо байни донишҷуёну кормандон оид ба лоиҳаҳои инноватсионӣ.
Ҳамоҳангсозии фаъолияти инноватсионӣ дар сатҳи факултетҳо, кафедраҳо ва гуруҳҳои академӣ;
Расонидани ёрии амалӣ ба омӯзгорон, кормандон ва донишҷуён барои таҳияи лоиҳаҳои инноватсионӣ;
Маркази технологияҳои компютерӣ ва таълимӣ чунин вазифаҳоро иҷро менамояд:
Таъминоти техникӣ ва барномавии воситаҳои технологияҳои иттилоотӣ ва шабакаҳои иттилоотии донишгоҳ .
Таҳия ва дастрасикунонии барномаҳои амалӣ барои автоматикунонии раванди идоракунии донишгоҳ.
Таъмини ҳолати коршоямӣ ва гузаронидани санҷишҳои даврӣ оид ба муайян намудани ҳолати корӣ ва сатҳи истифодабарии техникаи компютерӣ аз ҷониби истифодабарандагон.
Мукаммалгардонӣ ва таъмини амнияти иттилоотӣ дар шабакаҳои компютерии донишгоҳ.
Таъмини кори муътадили системаи назорати видеоии донишгоҳ .
Хизматрасонии техникӣ ва таъмири ҷории воситаҳои технологияҳои иттилоотӣ.
Ташкили курсҳои сертификатсионӣ дар доираи замимаи иҷозатнома ва ташкили курсҳои бозомӯзии касбӣ барои кормандону омӯзгорон.
Иҷрои корҳои илмӣ – татқиқотӣ, ҷалби мутахассисони ватанӣ ва хориҷӣ барои ташкили дарсҳо ва курсҳои бозомӯзӣ оид ба ТИК
Таҳияи барномаи компютеркунонӣ, нақшаи харидории техникаи компютерӣ ва пешниҳоди дархостҳо оид ба харидории онҳо.
Ҳамоҳангсозии фаъолияти академияи шабакавии Cisco-и назди донишгоҳ бо дигар сохторҳо;
Маркази рушди касбият ва инноватсия
1.1. Маркази рушди касбият ва инноватсия (минбаъд Марказ) воҳиди сохтории донишгоҳ ба ҳисоб меравад;
1.2. Марказ фаъолияти худро дар асоси Оинномаи ДТТ, амру дастур ва супоришҳои ректори донишгоҳ ба роҳ мемонад;
Консепсияи ташаккули Марказ инҳо мебошанд:
– Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тайёр намудани мутахассисон бо назардошти талаботи бозори меҳнат” (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2012,№8, мод.832);
– Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Стратегияи давлатии рушди бозори меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020” (аз 2 июни соли 2011 № 277);
– Дастури Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон № 05 / 1-976 аз 26.02.2016 “Дар бораи таъсис додани Маркази рушди касбият”;
Ҳадафи асосии Маркази рушди касбият ва инноватсия – мусоидат ва дастгирии рушди касбият ва такмили ихтисоси донишҷӯёну хатмкунандагон дар бозори мењнат.
2.1. Вазифаҳои асосии Маркази рушди касбият ва инноватсия:
2.1.1. Дастгирии ҳамаҷонибаи донишҷуён ва хатмкунандагон дар соҳаи рушди таълимии онҳо;
2.1.2. Пешниҳоди хизматрасониҳои гуногун барои банақшагирӣ ва рушди касбият;
2.1.3. Мусоидат дар ба даст овардани ҳадафҳои касбии донишҷуён ва хатмкунандагон;
2.1.4.Ташаккули навгонии малакаи донишҷуён ва хатмкунандагон бо мақсади баланд бардоштани рақобатпазирии онҳо дар бозори меҳнат;
2.1.5.Гузаронидани ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ бо мақсади бо чои кор таъминкунии донишҷуён ва хатмкунандагон дар бозори меҳнат.
2.2. Вазифаҳои Маркази рушди касбият ва инноватсия дар самти роҳнамоӣ ва такмили ихтисос:
2.2.1. Пешниҳоди маълумот оид ба пешбинии рушди шуғлият дар бозори меҳнат;
2.2.2. Усулҳои таълимии касбӣ бо роҳи рушди корӣ;
2.2.3. Гузаронидани мониторинг дар бозори мењнат оиди талаботҳои касбӣ аз руи ихтисос ва тахассусҳои гуногун;
2.2.4. Пешниҳод намудани маҷмуи хизматрасониҳо оиди гирифтани малакаҳои зарурӣ барои рушди касбият;
2.2.5. Ташкили манбаи маълумот дар бораи хатмкунандагон ва корфармоён вобаста ба имкониятҳои рушди касбият;
2.2.6. Ташкили хизматрасониҳои таълимӣ ба монанди семинарҳо, тренингҳо ва курсҳои омӯзишӣ бо мақсади пайдо кардани мавқеи арзанда, рушди касбият ва такмили ихтисос;
2.2. Вазифаҳои Маркази рушди касбият ва инноватсия дар самти ба кортаъминкунӣ:
2.3.1. Ташкил ва нигоҳ доштани алоқаи доимии ҳамкорӣ бо корфармоён дар омода намудани мутахасиссон барои бозори меҳнат;
2.3.2. Ҷамъоварӣ, коркард ва паҳн кардани маълумот оид ба идомаи таҳсил, кор, коромузӣ ва таҷрибаомузӣ дар асоси барномаҳои иҷтимоӣ ва лоиҳаҳои гуногун;
2.3.3. Мусоидат дар мутобиқсозии хатмкунандагон ба талаботи тахассусии корфармоён;
2.3.4.Пайваста ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо соҳибкорон, муассисаҳои давлатӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва гайридавлатӣ бо мақсади ба кор таъмин намудани донишҷуён ва хатмкунандагон;
2.3.5. Мусоидат дар банақшагирӣ ва татбиқи хатмкунандагон дар рушди касбият.
2.2. Вазифаҳои Маркази рушди касбият ва инноватсия дар самти худмуайянкунӣ:
2.4.1. Гузаронидани чорабиниҳо ба монанди ярмаркаҳо, рӯзҳои имкониятҳои рушди касбият, муаррифии ширкатҳо ва ихтисосҳо;
2.4.2. Ташаккули касбияти донишҷӯён ва магистрон оиди ҷавобгу будан ба талаботи касбии бозори меҳнат;
2.4.3. Таъмини хизматрасонҳо ва кӯмак дар пайдо кардани ҷойи кор барои донишҷӯён ва хатмкунандагон;
2.4.4. Сохтани манбаи иттилоотӣ оиди таъмини фаъолияти самарабахши Марказ;
2.4.5.Таъмини имкониятҳо барои рушди касбият, аз ҷумла коромузӣ, таҷрибаомузӣ, корҳои ҷамъиятӣ ва фаъолияти ихтиёрии (волонтерии) донишҷуён ва хатмкунандагон.