Форуми байналмилалӣ дар мавзуи «Зеҳни сунъӣ ва рақамикунонӣ ҳамчун муҳаррики рушди устувори иқтисодиёт: илм, технология ва истеҳсолот»

ВАЗОРАТИ САНОАТ ВА ТЕХНОЛОГИЯҲОИ НАВИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДОНИШГОҲИ ТЕХНОЛОГИИ ТОҶИКИСТОН

МАКТУБИ ИТТИЛООТӢ

Донишгоҳи технологии Тоҷикистон олимон, муҳаққиқон, омӯзгорон, докторантон (PhD), аспирантон, унвонҷӯён, магистрантон, донишҷӯён, намояндагони корхонаҳои истеҳсолӣ, ширкатҳои технологӣ ва дигар мутахассисони соҳаро барои иштирок дар Форуми байналмилалӣ дар мавзуи «Зеҳни сунъӣ ва рақамикунонӣ ҳамчун муҳаррики рушди устувори иқтисодиёт: илм, технология ва истеҳсолот», ки рузҳои 27-28 ноябри соли 2026 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, даъват менамояд.

Форум ба муҳокимаи дастовардҳои илмӣ, таҷрибаи амалӣ ва дурнамои истифодаи зеҳни сунъӣ, додаҳои калон ва технологияҳои рақамӣ дар рушди иқтисоди миллӣ, навсозии истеҳсолот, баланд бардоштани ҳосилнокӣ, рақобатпазирӣ ва самаранокии истифодаи захираҳо равона карда мешавад.

Дар доираи форум олимону коршиносон, намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олӣ, марказҳои илмӣ, корхонаҳои саноатӣ ва бахши хусусӣ натиҷаҳои таҳқиқот, таҷрибаи татбиқи технологияҳои рақамӣ ва пешниҳодҳои инноватсионии худро муаррифӣ менамоянд.

БАХШҲОИ ФОРУМ

  1. Технологияҳои инноватсионӣ ва рақамикунонӣ дар саноати сабук, нассоҷӣ ва хӯрокворӣ.
  2. Истеҳсолоти зеҳнӣ, худкоркунонӣ ва технологияҳои муосири идоракунии равандҳои истеҳсолӣ.
  3. Зеҳни сунъӣ, додаҳои калон ва технологияҳои рақамӣ дар рушди иқтисоди миллӣ.
  4. Трансформатсияи рақамии илм ва таҳсилот, тиҷоратикунонии натиҷаҳои илмӣ ва ҳамкории донишгоҳ бо истеҳсолот.

Тарзи иштирок:  Форум ба тариқи ҳузурӣ ва фосилавӣ (on-line ва off-line) баргузор мешавад.

Забонҳои корӣ: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ.

Талабот ба мақолаҳо:

  • ҳаҷми мақола 3-5 саҳифа;
  • шакли файл Microsoft Word (*.doc, *.docx);
  • андоза – А4; ҳуруф – Times New Roman, андозаи 12 pt; фосилаи байнисатрӣ – 1,15;
  • ҳошияҳо аз ҳамаи тарафҳо – 2 см;
  • мақола бояд номи мавзуъ, маълумот дар бораи муаллиф (ному насаб, дараҷаи илмӣ, вазифа, ташкилот, e-mail ва рақами телефон), аннотатсия ва калимаҳои калидӣ бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ, матни асосӣ ва рӯйхати адабиётро дар бар гирад;
  • аннотатсия – 150–200 калима; калимаҳои калидӣ 5-7 адад;
  • иқтибос ва рӯйхати адабиёт тибқи талаботи ГОСТ Р 7.0.5–2008 тартиб дода шаванд.

Нашр ва сертификатҳо

  • ба иштирокчиёни форум сертификат дода мешавад;
  • мақолаҳои аз ташхиси илмӣ гузашта дар маҷаллаи илмии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, ки дар пойгоҳи РИНЦ eLibrary индексатсия мешавад, нашр мегарданд;
  • муаллифон барои саҳеҳӣ ва мазмуни маводи пешниҳодшуда масъул мебошанд.

Муҳлати пешниҳоди мавод

Мақолаҳо то 30 октябри соли 2026 ба суроғаи электронии vestnik-tut@mail.ru қабул карда мешаванд.

Иштирок дар форум ройгон аст.

Тамос:

Донишгоҳи технологии Тоҷикистон

Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи Н. Қарабоев, 63/3

E-mail: vestnik-tut@mail.ru

Телефон: +992 (37) 234-79-89, 234-79-88

Бо эҳтиром,

Кумитаи тадорукоти форум