Форуми байналмилалӣ дар мавзуи «Ҳамкории илмӣ дар фазои Авруосиё: рақамикунонӣ ва модернизатсияи саноат бо истифода аз зеҳни сунъӣ»

ВАЗОРАТИ САНОАТ ВА ТЕХНОЛОГИЯИ НАВИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН
ДОНИШГОҲИ ТЕХНОЛОГИИ ТОҶИКИСТОН
дар ҳамоҳангӣ бо ДОНИШГОҲИ ТЕХНОЛОГИИ АЛМАТО

 

МАКТУБИ ИТТИЛООТӢ

Ҳамкасбони азиз!

Донишгоҳи технологии Тоҷикистон омӯзгорон ва намояндагони соҳаҳоро барои иштирок дар Форуми байналмилалӣ дар мавзуи «Ҳамкории илмӣ дар фазои Авруосиё: рақамикунонӣ ва модернизатсияи саноат бо истифода аз зеҳни сунъӣ», ки 10- уми апрели соли 2025 дар шаҳри Душанбе бахшида ба 35-солагии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон,  баргузор мегардад, даъват менамояд.

Шарикон ва маърӯзачиён — намояндагони донишгоҳҳои Аврупо ва мамлакатҳои аъзои ИДМ

Дар форум баромадкунандагон аз кишварҳои гуногун суханронӣ намуда, таҷрибаи худро дар соҳаи рақамисозӣ, зеҳни сунъӣ ва навсозии саноати сабук ва хӯрокворӣ мубодила мекунанд.