Шуъбаи барномаҳои таълимӣ–фарҳангии «Маърифат»

25 апрели соли 2014 бо иштироки муовини раиси Ҳизби Халқӣ Демократии Точикистон, вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин як катор ректорони таълимгоҳҳои олии кишвар Сектори барномаҳои таълимӣ-телевизионии «Маърифат» – и Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ба кору фаъолият оғоз намуд. Роҳбарии онро аз соли 2014 то соли 2021 Раҳимов Саид Сайфуллоевич ба уҳда дошт .Аз моҳи январи соли 2022 роҳбарии Сектори барномаҳои таълимӣ-телевизионии  «Маърифат» – и Донишгоҳи технологии Тоҷикистонро Шернаев Дилшод Намозалиевич ба уҳда дорад.

Сектори барномаҳои таълимӣ-телевизионии «Маърифат» барои тайёр намудани мутахассисони соҳаи бехатарии иттилоот, телекоммуникатсия ва технологияҳои компютерӣ дар истеҳсолот, дар амал тадбиқ намудани барномаи  «ҷустуҷӯ ва дастгирии истедодҳо» дар байни донишҷӯёну омӯзгорон мусоидат намуда, ба тариқи радио расонидани хабару эълонҳо ва дигар муваффақиятҳои раванди таълиму тарбияро дар донишгоҳ амалӣ менамоянд.

Сектори барномаҳои телевизионӣ-таълимии “Маърифат”,  қисми таркибии Департаменти корҳои тарбиявии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон мебошад.

Мақсад аз ташкили сектор, ин бо истифода аз техника ва технологияи муосир, бо назардошти донишу малака, дараҷаи ҷаҳонбинӣ ва санъати суханварӣ ҷалб кардан ва омода намудани ҷавонон, бахусус донишҷӯён, инчунин кормандони фаъолияташон ба таълиму тарбия алоқаманд барои тавассути воситаҳои техникӣ, аз ҷумла радио ва телевизион, пешбурдани барномаҳои ахбор, инчунин паҳн намудани ҳамагуна иттилоотҳо, бахусус барномаҳои тарбиявӣ баҳри баланд бардоштани таълиму тарбия ва донишандузӣ, ҳамчун фард муайян кардани мақоми шахс дар ҷомеа ва самаранок истифода намудани ин дастовардҳо дар фаъолияти касбӣ ташкил карда шудааст.