Мақсаду вазифаҳои шуъбаи корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва омодасозии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ташкил, назорат ва танзими фаъолияти илмӣ-назариявӣ ва илмӣ-амалии сохторҳои дахлдори донишгоҳ, ташкил ва назорати иҷрои нақшаҳои ҷорӣ ва дарозмуҳлати фаъолияти илмии факултет ва кафедраҳои донишгоҳ дар асоси талабот ва ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-ҳуқуқии соҳаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад
Самтҳои асосии фаъолияти шуъба:
-ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои илмӣ;
-таъмини иштироки олимон, омӯзгорон, докторантон, унвонҷӯён, аспирантон, магистрантон ва донишҷӯён дар анҷуманҳо, конференсияҳои илмӣ-амалӣ, семинарҳои илмӣ-назариявӣ ва муҳокимаи корҳои илмӣ, чорабиниҳои илмӣ, озмун ва олимпиадаҳои сатҳи донишгоҳӣ, шаҳрӣ, вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ;
-ташкили раванди корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва татбиқи онҳо дар истеҳсолот;
-такмил ва назорати пайвастаи фаъолияти илмӣ-таҳқиқотии воҳидҳои сохтории донишгоҳ, маҳфил ва семинарҳои илмии донишҷӯён;
-такмил ва назорати фаъолияти марбут ба таҳриру тасҳеҳи таълифоти илмӣ;
– ташкил ва ҳамоҳангсозии татбиқи дастовардҳои илмии донишгоҳ дар истеҳсолот ва ғайра;
– омодасозии кадрҳои илмӣ ва илмӣ педагогии сатҳи баланд.
Дар назди шуъба бахшҳои зерин фаъолият менамоянд:
Ҳоло дар 19 кафедраи донишгоҳ 208 омӯзгор фаъолияти илмӣ-педагогӣ анҷом медиҳанд, ки аз ин шумора 10 нафар дорои дараҷаву унвонҳои илмии доктор, профессор ва 94 нафар дорои дараҷаву унвонҳои илмии номзади илм, доктор аз рӯйи ихтисос (PhD), дотсент мебошанд.
Дар миёни профессорону устодони донишгоҳ мутахассисони маъруфи соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа, дорандагони мукофотҳои давлатӣ ва унвонҳои фахрии соҳаи илму маориф фаъолият менамоянд.