МАРКАЗИ ОМӮЗИШӢ, СЕРТИФИКАТСИОНӢ ВА РУШДИ ИННОВАТСИЯ
Маркази омӯзишӣ, сертификатсионӣ ва рушди инноватсия ҳамчун воҳиди сохтории Донишгоҳи технологии Тоҷикистон буда, дар фаъолияти худ зертобеи Идораи татбиқи стратегияҳо ва технологияҳои инноватсионӣ ба ҳисоб меравад.
Маркази омӯзишӣ, сертификатсионӣ ва рушди инноватсия курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддатро аз рӯйи самт ва равияҳои мухталифи зерин (тибқи иҷозатнома) барои доираи васеи шунавандагон дар сатҳҳои гуногун (навомӯз, миёна ва пешрафта) тариқи ҳузурӣ (иштироки бевосита, оффлайн) ва дар реҷаи бархат (фосилавӣ, онлайн) ташкил ва баргузор мекунад:
Курсҳои омӯзишии ба ҷабҳаҳои гуногуни технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ алоқаманд аз рӯйи сатҳҳои ибтидоӣ (навомӯз), миёна (ҳамгиросоз) ва пешрафта (навовар) ташкил карда мешаванд.
Давомнокии курсҳои омӯзишӣ 1, 3 ва 6 моҳ буда, пас аз хатми бомуваффақияти онҳо ба шунавандагон ҳуҷҷати намунаи давлатӣ – шаҳодатнома дода мешавад.
Шумораи шунавандагони курсҳои омӯзишӣ 12-15 нафарро ташкил дода, вобаста аз хоҳиши шунавандагон ва ташкили гурӯҳҳо таҳсил бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда мешавад.
Таҳсил дар курсҳои кӯтоҳмуддат пулакӣ буда, нархи таҳсили як шунаванда вобаста аз давомнокии курсҳои омӯзишӣ ва сатҳи омодасозии шунавандагон дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
Маркази омӯзишӣ, сертификатсионӣ ва рушди инноватсия дар сохтори худ академияи Cisco, озмоишгоҳи SoftLab, озмоишгоҳи «Мехатроника» ва нуқтаи такягоҳӣ дар деҳоти Кангуртро фаро мегирад: