Шуъбаи татбиқи стратегияҳо

Иброгимов Холназар Исломович

Мудири шуъба
kholms78@list.ru
+(992) 987829671
More Detail

Шуъбаи татбиқи стратегияҳо

Шуъбаи татбиқи стратегияҳои рушди Донишгоҳи технологии Тоҷикистон соли 2024 таъсис ёфта, бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияти стратегӣ ва татбиқи самараноки ҳадафҳои рушди донишгоҳ фаъолият менамояд. Шуъба ҳамчун воҳиди муҳими идоракунӣ дар самти таҳия ва татбиқи стратегияи рушди донишгоҳ, мусоидат ба иҷрои стратегияҳои миллии рушд ва дигар стратегияҳои соҳавӣ дар тамоми сатҳҳои сохтории муассиса фаъолона амал мекунад. Бо дарназардошти сиёсати давлатии таҳсилот ва рушди инноватсионӣ, шуъба ба баланд бардоштани самаранокии идоракунӣ, рушди устувори инфрасохтор ва мутобиқсозии раванди таълим ба талаботи замони муосир мусоидат менамояд.

Фаъолияти шуъба ба таҳия, назорат ва мониторинги нишондиҳандаҳои асосии иҷрои стратегияҳо, таҳлили натиҷаҳо ва пешниҳоди ҳисоботҳои нимсолаю солона равона шудааст. Шуъба ҳамзамон дар омода намудани маводҳо барои иштироки донишгоҳ дар раддабандиҳои миллӣ ва байналмилалӣ, ҳамоҳангсозии корҳо бо факултетҳо, кафедраҳо ва марказҳои илмӣ, инчунин расонидани ёрии методӣ ва машваратӣ ба воҳидҳои сохторӣ саҳм мегузорад. Ин ҳама фаъолиятҳо ба таҳкими идоракунии стратегӣ, рушди босуботи донишгоҳ ва татбиқи босамари сиёсати миллии соҳаи маориф нигаронида шудаанд.