Ассотсиатсияи хатмкунандагони Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, ки минбаъд “Ассотсиатсия” номида мешавад, ташкилоти худидорашаванда буда, дар асоси узвияти ихтиёрӣ таъсис дода мешавад ва фаъолияти он аз рӯи умумияти манфиатҳо муайян гардида, ба дастгирии ҳамдигарии хатмкардагони ДТТ, инчунин татбиқи барномаҳои ояндадори таълимӣ ва илмӣ равона шудааст.
Мақсад ва вазифаҳои Ассотсиатсия аз паҳн намудани маълумот оид ба дастовардҳои фаъолияти касбии аъзои инфиродӣ ва дастаҷамъии Ассотсиатсия дар байни донишҷӯёни ДТТ, истифодаи таҷриба ва имкониятҳои хатмкардагони ДТТ барои татбиқи лоиҳаҳои таълимӣ-методӣ, илмӣ ва иқтисодию истеҳсолӣ, ки ба самтҳои рушди стратегии Донишгоҳ алоқаманд мебошанд, инчунин муаррифии васеи Донишгоҳ, анъанаҳо, таърих ва вазъи муосири он, мусоидат ба барқарор ва рушди ҳамкориҳои байналмилалии ДТТ ва иштирок дар барномаҳои мубодилаи байналмилалии донишҷӯён, аспирантҳо ва хатмкардагон иборат мебошад.
Ассотсиатсия дар гузаронидани корҳои роҳнамоии касбии ҷавонон мусоидат намуда, барои ҷалби довталабон ва ба шуғл таъмин намудани хатмкардагони ДТТ кӯмак мерасонад. Ҳамчунин ба рушди шарикии иҷтимоӣ, мувофиқа ва татбиқи манфиатҳои муштараки доираҳои соҳибкорӣ, мақомоти давлатӣ ва маҳаллӣ, муассисаҳои таълимӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ бо ДТТ мусоидат менамояд.
Ассотсиатсияи хатмкардагон — иттиҳоди рушдёбандаи хатмкардагони наслҳои гуногун буда, дар заминаи муоширати касбӣ, манфиатҳо ва шавқу рағбатҳои умумӣ таъсис ёфтааст. Ассотсиатсия ҳамчун пойгоҳ барои нигоҳ доштани робита бо донишгоҳ, мубодилаи таҷриба, татбиқи иқтидори касбӣ, илмӣ ва эҷодии хатмкардагон, баланд бардоштани рақобатпазирии донишгоҳ, ҳифз ва ғанӣ гардонидани арзишҳо, фарҳанг ва анъанаҳои таҳсилоти донишгоҳӣ хизмат менамояд.
Узвият дар Ассотсиатсия имконият фароҳам меорад, ки ҳамеша робита бо донишгоҳ нигоҳ дошта шуда, шахс аз фаъолияти ҷории донишгоҳ бохабар бошад.
Самтҳои асосии фаъолияти Ассотсиатсия:
· ташкил намудани вохӯриҳои хатмкардагони наслҳои гуногун;
· иштирок дар чорабиниҳои донишҷӯён, ки аз ҷониби донишгоҳ баргузор мегарданд;
· дастгирии ташаббусҳои хатмкардагон;
· баргузор намудани семинарҳо, конференсияҳо ва вохӯриҳо оид ба масъалаҳои муҳими хатмкардагон;
· таъсиси муҳити муосири иттилоотӣ барои муоширати хатмкардагон;
· таҳкими робитаҳои корӣ ва эҷодӣ байни хатмкардагон;
· мубодилаи иттилоот байни хатмкардагон, донишҷӯён ва аспирантҳо;
· таъсис, нигоҳдорӣ, такмил ва пешбурди пойгоҳи иттилоотии хатмкардагони солҳои гуногун;
· мусоидат ба роҳандозии робитаҳои илмӣ ва корӣ байни донишгоҳ ва корхонаҳо, ташкилотҳо ва муассисаҳо;
· расонидани кӯмаки бемузд дар масъалаи тақсимот ва бо ҷойи кор таъмин намудани хатмкардагони донишгоҳ ва ғайра.