Сохтори корҳои тарбиявӣ сохтори таркибии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон буда, дар асоси Оинномаи Донишгоҳ ва Низомномаи Сохтори корҳои тарбиявӣ амал намуда, тамоми масъалаҳое, ки ба тарбия алоқамандӣ дорад дар фаъолияти худ ба роҳбарӣ мегирад ва сохтори асосии танзимкунандаи муносибатҳо дар ин самт ба ҳисоб меравад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои хеш мавқеъ ва мароми аҳли зиёро дар созандагиву бунёдкорӣ ва ташаббускории аҳли ҷомеа таҳлил намуда, таъкид кардаанд, ки дар донишгоҳу донишкадаҳо диққати ҷиддӣ ба ғайр аз тадрису таълим, ба корҳои тарбиявӣ низ равона карда шавад. Аз ин рӯ, Раёсати донишгоҳ ва Сохтори корҳои тарбиявӣ сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлатро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, дар фаъолияти гуногунҷабҳаи худ дастуру супориш ва сиёсати хирадмандонаю бунёдкоронаи сарвари давлат Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми ҶТ, Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ, Мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Қарорҳои Шӯрои олимонро сармашқи кори худ қарор дода, дар амалӣ гардонидани онҳо тамоми кӯшиш ва қувваю ғайрати худро равона менамояд.
Шуъбаҳои ташкиливу тарбиявӣ, кор бо ҷавонон ва варзиш, тарғиботию фарҳангӣ, бахши кор бо занон ва духтарон, Шӯрои кураторон, Шӯрои донишҷӯён, рӯзномаи “Фановар”, ансамбли “Зуҳал”, сектори барномаҳои таълимӣ – телевизионии “Маърифат” ва радио сохтори Сохтори корҳои тарбиявӣ буда, ҷавононро дар руҳияи ватандӯстию ватанпарастӣ тарбия мекунад, аз таъриху фарҳанг ва асолати миллии хеш огоҳ менамояд, дар асоси расму оини арзишманди ниёгони хеш бунёди давлатдориву меҳанпарастонаамонро мустаҳкам менамояд.
Бахши кор бо занон ва духтарони донишгоҳ
Рӯзномаи “Фановар”-и ДТТ
Сектори барномаҳои таълимӣ-телевизионии “Маърифат”
Шуъбаи кор бо ҷавонон ва варзиш
Шуъбаи тарғиботию фарҳангӣ
Шуъбаи ташкилию тарбиявӣ
Шӯрои донишҷӯёни Донишгоҳи технологии Тоҷикистон
Ансамбли “Зуҳали”-и Донишгоҳ
Таърихи Сохтори корҳои тарбиявӣ
Аз соли таъсисёбии донишгоҳ – 1990 то соли 1993 нахустин вазифаи проректор оид ба таълим ва тарбияро дар донишгоҳ Шоев Нуралӣ Наботович ба ӯҳда доштанд. Баъдан департамент номи Сохтори тарбия ва равобити хориҷиро гирифта, сарварии он ба уҳдаи Исмоилов Абуалисино Яҳёевич (солҳои 1993-1994) ва аз соли 1994 то 1996 ба зиммаи Абдуллоева М.Ғ. гузошта шуд. Солҳои 1996-1997 Ҷалилова Мунаввара Нуъмоновна , 1997-2000 Усмонова Туҳфа Ҷумаевна, 2000-2004 Шоев Нуралӣ Наботович ба ҳайси проректори тарбия ва равобити хориҷӣ кор кардаанд. Аз соли 2004 вазифаи проректори тарбия ва равобити хориҷӣ ба вазифаи проректори тарбия ва масоили иҷтимоӣ номгузорӣ карда шуда, роҳбарии онро то соли 2008 Хоҷамуродов Олимҷон Ҳамроевич ва сипас солҳои 2010-2014 Иброҳимов Муродалӣ Файзалиевич бо як масъулияти калон адо мекарданд. Аз соли 2014 Департамент Сохтори тарбия ва тарғибот номгузори шуда Бобоҷонова Бунафша Шарофиддиновна то соли 2015 дар вазифаи муовини ректор оид ба корҳои тарбия ва тарғибот кору фаъолият намудааст. Аз соли 2015 то соли 2021 ин вазифаро Юсупова Зарина Розиқовна, номзади илмҳои филологӣ, дотсент ба ӯҳда дошт. Аз соли 2021 то имрӯз ин вазифаи пурмасъулиятро номзади илмҳои педагогӣ Ситора Абдумуминзода ба уҳда дорад.
Ҳар яки онҳо мекушиданд, ки ҷавобгӯи боварии Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти донишгоҳ бошанд ва тамоми донишу малакаи худро баҳри пешравии таълимгоҳ ба харҷ диҳанд.
Бо мақсади ҷашн гирифтани санаҳои таърихӣ ва ҷалб намудани ҳайати устодону донишҷӯёни Донишгоҳ ба чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ ва варзишӣ Сохтори корҳои тарбиявӣ нақша-чорабиниҳо таҳия намуда, иҷрои онро дар тамоми зерсохторҳои қисми тарбияи Донишгоҳ зери назорати ҷиддӣ қарор медиҳад.