Вазифа ва ҳадафҳои шуъбаи таълим ба ташкили мақсадноки ҷараёни таълим дар донишгоҳ бо муайян кардани самтҳо, зинаҳои асосӣ, муаммоҳои таълим ва барои ноил шудан ба сатҳи баланди сифати таълим нигаронида шудаанд.
Шӯъбаи таълим мутасаддии асосии гузаронидани ташхиси касбӣ ва дар асоси ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-ҳуқуқии соҳаи таълимоти олӣ ташкил намудани ҷараёни таълим аз ҷониби омӯзгорон, кафедра ва факултетҳои донишгоҳ мебошад.
Барои расидан ба ин мақсад шӯъбаи таълим:
– дар асоси барномаҳои тасдиқшудаи вобаста ба ҳар як ихтисос ва равияи донишгоҳ маҷмӯи умумии фанҳои таълимиро дар ҳар як соли хониш муайян намуда, вобаста ба ин маълумот ҳисоби штатии кормандони кафедра ва факултетҳоро таҳти назорат мегирад;
– меъёрҳои заминавии ҳисоби кормандони кафедраҳоро вобаста аз талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ муайян намуда, иҷрои бевоситаи онро таъмин менамояд;
– дар якҷояги бо кафедраҳо нақшаи нашри дастурҳои таълимӣ ва методиро ба роҳ мемонад.
– мӯҳлатҳои гузаронидани сессияҳои даврӣ ва таъсис додани комиссияҳои имтиҳонҳои даврӣ ва давлатиро аз ташхиси касбӣ мегузаронад ва барои фаъолияти онҳо талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-ҳуқуқии соҳаи таълимоти касбиро таҳти назорат мегирад;
– тадбиқи технологияи муосирро дар ҷараёни таълим вобаста ба барномаҳои тасдиқшуда назорат менамояд.