Дар солҳои 1990-1994 шуъбаи ҷавонон ҳамчун парламенти донишҷӯён дар сохтори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон таъсис дода шуда буд, ки сарварии онро аз соли 1992 то соли 2000 Ҳакимов Ғафурҷон ба уҳда дошт. Баъдан аз соли 2000 то соли 2004 Раҳмонов Матлуб, аз соли 2004 то соли 2012 Холиқов Музаффар, аз соли 2012 то сентябри соли 2019 Табаров Фирӯзҷон ҳамчун сардори шуъбаи кор бо ҷавонон дар донишгоҳ фаъолият менамуданд. Аз соли 2019-2022 сардори шуъбаи кор бо ҷавонон ва варзиши донишгоҳро Шеров Маҳмадалӣ, аз соли 2022-2024 сардори шуъбаи кор бо ҷавонон ва варзишии донишгоҳро Эшонов Ҳабиб ва аз соли 2024 то моҳи августи соли 2024 Саидов А. ба душ доштанд. Аз моҳи сентябри соли 2024 сардори шуъбаи кор бо ҷавонон ва варзишии Донишгоҳ Боқизода Муҳаммадзикриёи Боқимаҳамад мебошад.
Баъди қабул шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» соли 2004, шуъбаи ҷавонони донишгоҳ ба шуъбаи кор бо ҷавонон ва дастгирии иқдоми донишҷӯён табдил дода шуд. Баъдан 17-уми апрели соли 2012 баъди муҳокима ва баррасӣ дар Шӯрои олимон, шуъбаи кор бо ҷавонон ва ташаккули имиҷи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон таъсис ёфт. Ва ниҳоят 1-уми ноябри соли 2016 баъди муҳокима ва баррасӣ дар Шӯрои олимон шуъбаи зикргардида, ба шуъбаи кор бо ҷавонон ва варзиши Донишгоҳи технологии Тоҷикистон табдили ном карда, дорои ду воҳиди корӣ мебошад.
Шуъбаи кор бо ҷавонон ва варзиши Донишгоҳи технологии Тоҷикистон яке аз самтҳои муҳимтарини бахши муассисаҳои таҳсилотиолии касбӣ дар самти сиёсати давлатии ҷавонон ба шумор меравад, зеро рушди сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангии давлатро бе иштироки фаъолонаи ҷавонон тасаввур кардан ғайри имкон аст. Шуъбаи болозикр ҳамеша бо дониҷӯёни донишгоҳ дар иртибот буда, барои пиёда кардани сиёсати имрӯзаи давлату ҳукумати Тоқикистон саҳми худро гузошата истодааст.