Шӯъбаи идеологӣ, таҳлил ва тарғиботи донишгоҳ, ки сохторҳои зерин: Ансамбли “Зуҳал”, ва маркази ороиши эстетикии донишгоҳро дар бар мегирад, фаъолияти худро бо мақсади татбиқ намудани дастуру супоришҳои Президенти маҳбуби кишварамон – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “ Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “ Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон “ ба роҳ монда, баҳри беҳтар намудани сифати таълиму тарбия, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию ватандорӣ, ифтихори миллӣ, худшиносию худогоҳии миллӣ, эҳтирому арҷгузорӣ ба муқаддасот ва арзишҳои миллӣ тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намудааст. Шӯъба дар соли таҳсили 2024 барои ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои фарҳангии умумидонишгоҳӣ ва берун аз он, тарғибу ташвиқ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни донишҷӯёни донишгоҳ тавассути воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла телевизион ва рӯзномаю маҷаллаҳо дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда, корҳои зеринро ба иҷро расонидааст.