Каримов Облоқул Сафармуродович – ассистенти кафедраи технологияи маснуоти нассоҷӣ, соли 1995 дар ш. Панҷакент таваллуд шудааст. Соли 2012 мактаби миёнаи №75-и ҳамин ноҳияро хатм кардааст. Соли 2012 ба Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ба ихтисоси “Метрология, стандартизатсия ва сертификатсия” дохил шуда, соли 2017 бомуваффақият хатм намудааст. Аз соли 2018 то соли 2023 мудири озмоишгоҳ ва асистенти кафедраи “Технологияи маснуоти нассоҷӣ”-и донишгоҳи технологии Тоҷикистон, аз соли 2020 то 2023 докторанти ДТТ, 2024 муовини декан оид ба таълим ва идораи сифати таҳсилот ва аз соли 2024 то ҳол ассистенти ҳамин кафедра фаъолият намуда истодааст. 30 апрели соли 2024 рисолаи номзадияшро ҳимоя намудааст.
Муаллифи зиёда аз 20 мақолаи илмӣ, 2 дастури таълимӣ-методӣ ва 2 патент оид ба ихтирооти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 1 Шартҳои техникӣ мебошад.